Семинари методологӣ дар вилояти Суғд

Бо мақсади таъмини талаботҳои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 776, аз 12 ноябри соли 2016 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020», иҷрои қарори Раиси вилоят № 532, аз 15 декабри соли 2016 «Дар бораи татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» дар вилояти Суғд санаҳои 28-29 ноябри соли ҷорӣ семинари методологии вилоятӣ дар шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанд баргузор гардид.
Дар кори семинари вилоятӣ намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони сохторҳои дахлдор, мудирон ва сармутахассисони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сархатибони масҷидҳои ҷомеи марказӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, имомони масҷидҳои панҷвақтаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва раисони кумитаи маҳаллаҳо ҷалб карда шуданд.
Кори семинар аз ду қисм ҷаласаи умумӣ (қисми якум), ки дар он маърўзаи баромадчиён дар назар дошта шуда буд ва ҷаласаи кормандони соҳа (қисми дуюм), ки баҳри татбиқи қонунҳои соҳавӣ, баланд бардоштани савияи касбии кормандони соҳа равона шудааст, иборат буд. Санаи 28 ноябр дар шаҳри Истаравшан бо ҷалби масъулони дахлдори соҳа аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Айнӣ, Деваштич, Шаҳристон, Зафаробод, Кўҳистони Мастчоҳ, Спитамен ва Ҷаббор Расулов ва санаи 29 ноябр дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби масъулони дахлдори соҳа аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бўстон, Гулистон, Исфара, Истиқлол, Конибодом, Мастчоҳ, Ашт ва Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.
Дар кори семинари вилоятӣ муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо, раисони шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд – Баҳром Иноятзода ва Маъруф Муҳаммадзода, Файзулло Баротзода – директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Файзуллозода  Таваккал  Аҳмадиён  – сардори  шуъбаи муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии прокуратураи вилоят, Абдуллозода Зафар – прокурори шуъбаи муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ, Абдувалиев Раҳимҷон Худойдодович – сардори шуъбаи ташкилӣ – нозироти раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Муслиҳиддин Хоҷамирзода – намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустамзода Суҳроб – мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и вилоят, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода – сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштирокчиёни семинари вилоятӣ ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020», дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа, риояи фарҳанги либоси миллӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, баргардонидани донишҷўён аз муассисаҳои динии хориҷ аз кишвар ва ғайра баромад наму¬данд. Гузориши васеи илмиро вобаста ба масъалаи мавриди баррасӣ дар мавзўи “Хатару таҳдиди эктремизм ва терроризм ва таъсири он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон” директори Маркази исломшиносӣ Ф. Баротзода пешниҳод намуд.
Дар қисми дуюми семинари вилоятӣ кормандони шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати пешбурди фаъолияти корӣ дар самти дин, танзими анъана ва ҷашну маросим баҳри кормандони соҳа дастурҳои методӣ доданд.
Чараёни баргузории семинар тавассути барномаи Ахбори телевизиони  Суғд, «СМ-1», «Танин»  санаҳои 30 ноябр ва 2 декабр намоиш дода шуд.
Кори семинари вилоятӣ дар шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанд дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, ба таҳкими фаъолияти минбаъдаи кормандони соҳа, роҷеъ ба татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020», иҷрои қонунҳои соҳавӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, падидаҳои номатлуби ҷомеа, риояи фарҳанги либоси миллӣ, баргардонидани донишҷўён аз муассисаҳои динии хориҷ аз кишвар равона гардид.
 
 
Мудири шуъбаи дин, танзими
  анъана ва ҷашну маросими 
МИҲД-и вилояти Суғд
Cўҳроб Рустамзода
Яндекс.Метрика