Семинар. ДУРӢ АЗ ҶАРАЁНҲОИ ИФРОТИИ ЗАМОН

Имрӯз (13.05.2023) дар пояи кафедраи диншиносии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинарии ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи «Салафия: моҳият ва хатарҳои он дар ҷомеаи муосири тоҷик» баргузор гардид. Дар кори семинар ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., муовини раиси КДАМ, генерал-майёр Мирзозода Н.Н., ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Зокирзода Н. ва академики АМИТ Олимов К. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректори донишгоҳ зимни сухани ифтитоҳии хеш баргузории семинари мазкурро дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таъмини сулҳу суббот дар ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки ташкили чунин семинарҳо ҷиҳати сайқал додани донишҳои сиёсӣ ва худшиносии миллӣ мусоидат менамоянд.

Муовини раиси КДАМ Мирзозода Н.Н. дар робита ба мавзӯи «Хатари салафия ба амнияти миллии Тоҷикистон» суханронӣ намуданд. Зимнан таъкид шуд, ки салафия ин ташкилотест экстремистӣ, ки мақсади асосиашон ҷудоиандозӣ ва тафрикаандозӣ мебошад.

«Экстремизм-ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеи ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва ғ. маҳсуб меёбад. Ин гуфтаҳо албатта барои пайдо кардани маълумот дар бораи ҷараёни динӣ-эктсремистии «Салафия» ба шумор рафта, бояд ҳар як фарди солимақл дар бораи ин гуна ҷараёнҳои тундраву ифротгароӣ маълумот дошта бошанд, то ки худ ва наздикону пайвандонашонро аз ин роҳи пурхато баргардонанд» - гуфта шуд дар семинар.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки имрӯзҳо мо мебинем, ки аксарияти ҷавонон аз надонистан ва надоштани маълумоти кофӣ дар бораи дини мубини Ислом ба ҳар гуна ҷараёнҳои динӣ мепайванданд. Аммо, баъдтар ҳис менамоянд, ки бо роҳи хато равфтаанд, ҳамчун гумроҳон аз дину оини хеш бехабар монда, ба таври ваҳшиёна одамони бегуноҳро ба қатл расонида истодаанд.
«Вақтҳои охир дар сомонаҳои интернетиву дигар васоити ахбори омма ба ҳар гуна мақолаҳо вохӯрдан мумкин аст, ки дар бораи ҷараёни динӣ-экстремистии «Салафия» сухан карда шудааст. Аммо, аз куҷост, ки баъзе ҷавонон аз ин гуфтаҳо бехабар монда, ба ин гуна равияҳои номатлуби динӣ мепайванданд, ки мутаассифона, миёни онҳо донишҷӯён низ ёфт мешавад. Афсус, ки дар дохили кишвар худро ба хурофотпарастиву бегонапарастӣ мезананд, фикру акидаҳои ифротиро дастгирӣ ва пайравӣ менамоянд. Ҳол он, ки тибқи ҳукми Суди Олии ҶТ фаъолияти ҷараёни динӣ-экстремистии «Салафия» дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳамчун ҷараёни экстремистӣ қатъ гардида, нафароне, ки аз гуфтаҳо ва ақидаҳои динии аъзоёни онҳо пуштибонӣ менамоянд, онҳоро дастгирӣ ва ақидаҳои онҳоро тарғибу ташвиқ менамоянд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад»-гуфта шуд дар семинар.
Дар идомаи семинар академики АМИТ Олимов К. дар мавзӯи «Муносибати салафия ба тасаввуф» суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки имрӯз ҳар як ҷавони тоҷик бояд ба қадри корномаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, хушёрии сиёсӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба ин сарзамини биҳиштосоро аз даст надиҳад ва бояд созандагию ободкорӣ шиори зиндагиаш бошад. Ин масъаларо Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ зикр намуданд: «Вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз шаҳрванди оддӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракию ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад».
“Дар шароити кунунӣ, ки дар дунё ҳар гуна тағйиру таҳаввулот рӯй медиҳаду ақоиди тунд амал мекунад, мо бояд баештар мутолиа кунем, эҳсоси ватандӯстиро афзун намоем, ба олами илму адаб хуб назар афканему зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ниҳоят, шукронаи оромию ободии Ватан кунему онро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем» - афзуд Олимов К..

Ҳамин тавр семинар кори худро дар заминаи кафедари диншиносии факултети фалсафа бо иштироки олимону муҳаққиқони кафедраи мазкур идома дод.

Манбаъ: Факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика