Таърих бо вуҷуди омўзиши намунаҳои зиндагӣ, мактаби бузурги сабақбардорӣ аз ноадолатиҳо будааст. Ин ноадолатиҳо дар заминаи зўрию манфиатхоҳии кишвару миллатҳои бузург дар ҳар давру замон бо тамоюлҳои нав рўи кор омада, дар қиболи фоидаи иддае аз халқу миллатҳо барои вуҷуду намои дигар халқу миллатҳо ва кишварҳо зарбаҳои ҷонкоҳу марговар мезадааст. Ин равиш дар шароити ҷаҳонишавии манфиатҳо ва муборизаи нави абарқудратҳо барои тақсими ҷаҳон тобишҳои ҷадид гирифта, тақдири иддае аз халқу миллатҳоро ҳамчун иттиҳоди сиёсӣ зери шубҳа кашида истодааст. Омилҳои фурўравии иқтисодию иҷтимоию сиёсию фарҳангии халқу миллатҳо ба чунин доми сармоядорони нави сиёсии башар дар шароити ҷаҳонишавии манфиатҳо ҳамчун иллату ноқисиҳои ташкили зиндагӣ мухталиф ва гуногунпаҳно шудаанд. Миёни онҳо омилҳои маънавӣ ва мафкуравӣ нақши муҳаррики марказии ботиниро мебозанд.
Пешвои миллат дар вохўрии таърихии 9 марти соли 2024 ба ҳамин масъалаҳои мафкуравӣ бештар таваҷҷуҳ намуда, роҳҳои назарӣ ва амалии баромад аз ин таҳдиду хатарҳоро чунин масъалагузорӣ намуданд:
1.Шукргузорӣ аз дастовардҳои истиқлоли сиёсӣ, қадршиносӣ аз эҳёи арзишҳои миллию динӣ ва рушд додани заминаҳои маънавии онҳо ҳамчун кунгураи (вектори) рушди мафкураи иҷтимоӣ ва воситаи устувории хатти таърихии рушди маънавӣ ва соҳибихтиёрии мафкуравии миллат дар шароити ноороми ҷаҳони муосир ҳамчун сипари маънавии ҳимояи истиқлолият;
2.Қадршиносӣ ва тавсеаи арзишҳои эҳёшудаи миллӣ ва динӣ ҳамчун рукни устувории соҳибихтиёрии миллӣ ва рушд додани ҷаҳонбинии илмӣ, миллӣ ва динӣ дар доираи манфиатҳои соҳибихтиёрии давлатӣ; озод намудани эътиқоду боварии мардум аз таассуб, хурофот, ифрот ва зиёдравиҳои динӣ бо таъмини таносуби озоду таҳаммулгароёнаи мазҳаби ҳанафии ақлгаро ва илми муосир дар партави давлати дунявӣ;
3.Истифодаи таҷрибаи таҳаммулгароёнаю ақлгарои мазҳаби ҳанафӣ дар ташаккул ва рушди ҷаҳонбинии динӣ ҳамчун дини миллии тоҷикӣ; такя бар рукнҳои дунявияти конститутсионии давлат, ҳамчун паҳнои озоди ҳамоиши арзишу боварҳои илмию эътиқодӣ; такя бар таҷрибаю равишҳои илмии мутафаккирони бузурги миллат ва илму сиёсати ҷаҳонӣ дар рушди модели давлати дунявии тоҷикон.
Роҳи интихобкардаи Пешво ва халқаш аз ибтидо дуруст ва таърихӣ аст
Роҳбари давлат дар мулоқот хотирасон карданд, ки ҳанўз аз рўзҳои аввали ба сари қудрат омаданам, ман ҷонибдори давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд будам. Ва халқи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо Конститутсияи халқии худ ҳамин роҳро интихоб кард. Тамоми муазаффариятҳои баъдинаи мо ба ҳамин намою шакли давлатдориамон сахт тавъам буд. Роҳбари давлат ба маврид таъкид доштанд, ки «Танҳо соҳибистиқлолӣ ва низоми дунявии давлатамон имкон фароҳам овард, ки миллатҳои гуногун ва пайравони дину мазҳабҳои мухталиф дар кишварамон фаъолияти динию эътиқодии худро дар доираи муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва қонунгузории амалкунанда озодона анҷом диҳанд. Таърихи давлатдории навини тоҷикон ва гузашти вақт дуруст будани интихоби низоми дунявии давлатро дар шароити муосир собит сохт».
Мувафаққияти давлати дунявии мо асосҳои илмӣ ва таърихиро доро аст. Дунявият ва демократӣ будани давлати мо ба мо имкон дод, ки озодии виҷдонро ҳамчун арзиш ва неъмати бебаҳо ҳифз намуда, рисолат ва вазифаи таърихии сиёсати давлатиро дар назди мардуми эътиқодманд дар сатҳи зарурӣ иҷро намояд.
Дунявият ва демократӣ будани давлати мо ба табиати бузургони илмии миллат ва назарҳои созандаи эшон таърихан мувофиқ омад. Ин ҳолат ба эҳёи осори онҳо ва шиносоии илмии роҳу равишашон мусоидат кард.
Бузургони илмии мо - фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит поягузори бузургтарин мазҳаби таҳаммулгарою ақлгарои ислом, Абубашар Амр ибни Сибавайҳи Шерозӣ, асосгузори илми наҳви забони арабӣ, Муҳаммад Исмоили Бухорӣ наҷотдиҳандаи ҳадисҳои саҳеҳ аз буҳрони ҷаҳонии илми ҳадис, Бурҳониддини Марғелонӣ нахустин кодификатори қонунгузории шариат, Ҷалолиддини Балхӣ бунёдгузори пули гуфтугўи тамаддунҳои исломӣ, юнонӣ ва насронӣ, асосгузори назарияи муҳаббати инсонӣ ва илоҳӣ - дар ҳамин рўҳияи озодандешиҳо, ақлгароиҳо ва таҳаммулварзиҳо ба осиёби илми динӣ ва дунявии ҷаҳон об рехтаанд.
Пешвои миллат дуруст ишора карданд, ки «Бо гузашти садсолаҳо пули маънавию фарҳангии бунёднамудаи Мавлоно халқу миллатҳои гуногуни оламро ба ҳам овардааст ва имрӯз низ пайравони динҳои мухталиф – мусулмонону насрониёну яҳудиён ба зиёрати оромгоҳи ӯ мераванд ва ному осори ӯро гиромӣ медоранд».
Холатҳои номбаршуда ҳамчун саҳифаҳои созандаи миллати эҷодкор ба роҳбари давлат имкон дод, ки таъкид намоянд, ки имрўз «Ҳар фарди ин сарзамин ва ҳар як наврасу ҷавони он, ки бо решаҳои таърихиву забонӣ ва фарҳангиву маънавӣ бо миллат ва халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад, бояд бо ифтихор иброз намояд, ки ман тоҷикам, набера ва меросдори аҷдоди бофарҳанге ҳастам, ки барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин, ҳифзи асолати дини мубини ислом хизмати басо арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд».
Холиқзода Абдураҳим Ғаффор
Баҳромбеков Вафобек Амадбекович
Мирзозода Азизуло Файз