Ситсерон мефармояд; Муборизаро бояд тавре шурӯъ намоем, ки ғайр аз сулҳ чизи дигареро наҷӯем!

Мутобиқи моддаи 7 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад”.

Ҳар, яки мо бояд, ки дар масъалаҳои сарҳадӣ ҷиддӣ муносибат намоем ва ба ин мавзӯъ холисона ва дар доираи хостаҳои ҳамдигарӣ тамоми мушкилотҳоро ҳал карда хулосаи дақиқи худро бидиҳем.

Дар ин самт мо шаҳрвандонро зарур аст, ки танҳо ва танҳо виҷдони поку бедор бояд дошта бошему халос ва ҳама чизро бо чашми нек бояд бубинем на ба эҳсоси бадбинӣ:
Зеро эҳсоси бадбинӣ ҳамеша аз бунбасту хунрезӣ хабар медиҳаду ҳамдигарфаҳмию ҳамгироӣ аз сулҳу созандагӣ!

Чуноне, ки Ситсерон мефармояд;
Муборизаро бояд тавре шурӯъ намоем, ки ғайр аз сулҳ чизи дигареро наҷӯем.

Инчунин Л.Н.Толстой гуфта буд:
Ҷанг кори писандида набуда, аз ҳама манфуртарин амал дар зиндагист. Зарур аст бидонем, ки бо ҷанг набояд бозӣ кард.

Дар баҳси байни Тоҷикистону Қирғизистон сухан дар бораи ғасби кишвари ҳамсоя намеравад.

Баръакс барои ташаккули рӯҳияи ватандӯстонаи аҳолӣ ва муттаҳидии ҷомеа дар атрофи мавқеи давлат ва ҳифзи устувори марзи кишвар заминаи зарурӣ фароҳам меорад.
Ҳар як шаҳрванди худшинос ва худогоҳи кишвар бояд ба хуби дарк намояд, ки моҳияти низои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар чист?

Бояд тамоми ҷомеа ба ин хоки муқаддаси аҷдодӣ арҷ гузорад ва барои ҳифзу ҳимояи марзу бумаш кушиш ба харҷ диҳад ва дар ҳама ҳолат аз он дифоъ намояд.
Мо фарзандони ба ору номуси тоҷик, ки ба ояндаи неки Ватанамон боварии амиқ дорем бояд ҳеҷ гоҳу ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Миллати тоҷик дар ягон давру замон ҷанговару ҷанг дустдор набуду нест. Тоҷикистони ҷоноҷони моро тамоми миқёси олам бо сиёсати сулҳофари Роҳбари муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хӯби мешиносанд.
Дар ин ҷода моро зарур аст, ки ба санаду далелҳои қавӣ ба дурустии мавқеи худ ва кишвари худ боварии комил дошта бошем. Чун, ки Тоҷикистон аз Қирғизистон нияти гирифтани ягон порча заминро надорад.

Танҳо ва танҳо Тоҷикистон хостгори он аст, ки заминҳои қонунии худро, ки феълан дар ихтиёри кишвари ҳамсоя аст, ба қаламравӣ кишвари худ баргардонаду халос.

Шуъъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика