Санаи 23-юми феврали соли равон, ҳамоиши якҷояи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои ҷамиятии вилояти Хатлон дар мавзуи «Сиёсишавии дин ҳамчун омили пайдоиши гуруҳҳои динӣ-ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он дар ҷомеаи Тоҷикистон» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Маҳмадизода, Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Азиззода, вазири маъорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Р.Ҳ., раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Гулаҳмадзода, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Олимзода, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Н.Маҳмадов, Зокирзода Н. ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Хуросон Суризода Носир ва корманди Маркази исломшиносӣ А.Мирзозода иштирок доштанд.
Дар толор аз тамоми шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон, намояндаҳо аз ҷумлаи муовинони раисони шаҳру нохияҳо, фаъолон, кормандони мақомотҳо, мудирони бахши дин ва танзими анъана ва ҷашну маросим, ходимони дин, занон, ҷавонон ва собиқадорони чамоатчигӣ ҷамъ 450 нафар дар толор иштирок намуданд.
Чорабиниро котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Маҳмадизода, ҳусни оғоз бахшид. Сараввал Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Азиззода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, вобаста ба масъалаи рӯзномаи ҳамоиш андешаронӣ намуд.
Дар идомаи чорабинӣ меҳмонон фикру андешаҳои худро аз зовияи самти фаъолияти сохторҳои худ пешкаши ҳозирин намуданд.
Дар баромадҳо зикр гардид, ки сиёсикунонии дин дар тӯли чандин қарни охир ҳам барои Ғарб ва ҳам Шарқ танҳо бадбахтӣ овардаасту бас. Дар кишварҳои Ғарб то замоне, ки дин аз давлат ҷудо нагардид ва дин ҳамчун эътиқод ва давлат ҳамчун танзимкунандаи муносибатҳои иҷтимоии ҷомеъа ба кори худ машғул нашуданд, ҷангҳои салибӣ идома меёфт ва боиси бадбахтиҳои зиёд, қатлу куштори мардуми бегуноҳ гардида буданд.
Мутаассифона аз ин фоҷиаҳои таърихии исботгардида то ҳануз гурӯҳҳои манфиъавтҷӯи кишварҳои Шарқ сабақ набардошта, ҳамон иштибоҳотро такрор намуда, сабаби маргу қатли ҳазорҳо мардуми минтақа гардида истодаанд. Гумроҳшавии ҷавонон ва шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ маҳсули сиёсикунонии дини ислом ва беобрую беэътибор намудани он гардида истодааст.
Чорабинӣ дар сатҳи зарурӣ сурат гирифт ва ҳозирин аз ин чорабинӣ барои худ бардошти хуб намуданд.
Корманди Марказ А.Мирзозода