СУБОТИ СИЁСӢ-АСОСИ РУШДИ УСТУВОРИ КИШВАР (Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, 23-юми декабри соли 2022)

Имрӯз, 26 - уми январи соли 2023 дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, бо ҳузури кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада, ҷиҳати амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат рӯзи 23 декабри соли 2022 зикр ёфтаанд, бо ташаббуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Суботи сиёсӣ - асоси рушди устувори кишвар”, баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Холиқов Фирдавс Алиевич, сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Шораҷабов Абдунаим, корманди Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Ҳалимов, муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷотзода Мутеъулло, сухангӯи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Пеш аз оғози Конфересия меҳмонон аз Маркази инноватсионӣ ва рушди истеъдодҳо дидан намуда, бо дастовардҳои ихтироъкорону навоварони донишкада аз наздик ошноӣ пайдо карданд.
Ректори донишкада дотсент Исозода Диловаршоҳ Тариқ бо сухани ифтитоҳӣ Конференсяро ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфта ва сухани аввалро ба муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Холиқов Фирдавс Алиевич доданд.
Фирдавс Алиевич дар баромади хеш бо далелу мисолҳои боэтимод дар бораи хатари гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла ҳизбу ҳаракатҳои террориситию экстремистӣ дар мисоли Ҳизби мамнӯъгардидаи наҳзат, ёдовар шуда, таъкид карданд, ки донишҷӯёну кормандони донишкада бояд ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, барои амнияти комили Ватан саҳмгузор бошанд.
Зимни суханронии худ муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷотзода Мутеъулло дар бораи хатарҳои ифротгароӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва маҳкум кардани он аз дидгоҳи дини мубини Ислом, ба тарзи саҳеҳу оммафаҳм маълумотҳои судмандро пешниҳод намуданд.
Абдулло Қодирӣ - корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи: “Ҷавонон ва амнияти иттилоотӣ дар масири ҷаҳонишавӣ” ба таври муфассал баромад намуда, дар бораи таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир дар масири ҷаҳонишавӣ, паҳлӯҳои манфии интернет, амнияти иттилоотӣ ва ҷаҳонишавӣ андешаҳои худро иброз дошта, дар фарҷом ба ҷавонон маслиҳатҳои муфид ва судманд дода шуд.
Дар фарҷом, мушовири ректор Аҳмадҷон Ализода ва ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Исозода Д.Т. барои дар сатҳи олӣ баргузор гардидани чорабини мазкур изҳори сипос карданд.

Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика