Суистифода аз ҳассосияти динӣ

Яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир, ки хатари минтақавию байналмиллалиро ба бор овардааст, ин суръатёбии раванди даҳшатафканӣ (терроризм) дар ҷаҳон мебошад ва айни ҳол, амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли амиқравӣ ва паҳншавиро дорад, ки аксаран  зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои худсохтаи бебунёди динӣ сурат мегирад. Хусусиятҳои терроризм ва афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои номатлуб бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд.

 

Намояндагони гурӯҳҳои даҳшатафкан, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои  дунявӣ ва диниашон дар сатҳи паст буда,  дар зиндагӣ бо чунин мушкилот чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва  монанди инҳо дучор шудаанд. Бо назардошти он, ки тағйироти афкору рафтори афроди ҷалбшаванда, тадриҷан ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро  пай баранд ва дар натиҷа фурсатеро, ки дахолат кардан ва дигар кардани ҳолат имкон дорад, аз даст медиҳанд.Терроризм чист ва он чӣ гуна падидаест? 

 

Ҳоло мардумон дар бораи терроризм ва моҳияти он фаҳмиши гуногун доранд ва ин падидаи манфиро ҳар кадоме ба хости худ вобаста ба ҷаҳонбинии худ арзёбӣ мекунанд. Яке онро ҷанги муқаддас, дигаре  боло гузаштани  ғурури халқу миллати хеш аз болои халқу миллати дигар, саввумӣ, афзалтар донистан нажоди худро аз болои дигар нажодҳо, чаҳорумӣ бошад, дину мазҳаби худро ҳаққонӣ донистан мешумориданд. Ва ба ин монанд садҳо фаҳмиши  дигар вуҷуд дорад.  Аммо ҳақиқати ҳол, амалиёту мақсади роҳбарони ин гурўҳҳои зишткор тамоман дигар аст.

Терроризми ба номи ислом ҳам ба монанди дигар амалиётҳои террористӣ вуҷуд дорад, ҳарчанде, ки ислом зўроварии ғайриқонунӣ ва ғайри шариатиро қабул надорад, рад мекунад.  Дини ислом талқингари он аст, ки ҳар мусулмон бояд оилаи худ, дин ва ҷамъияти худро аз ҳуҷуми аҷнабиён дифоъ созад. Ин на бо он маъност, ки баҳри расидан ба ин мақсад хуни бегуноҳон рехта шавад, дар ҳоле ҳаст, ки ғасбу таҷовузи бегонагон сурат гирад. 

 

Ба ин гурўҳҳои зишткор бештар киҳо шомиланд? Аввал, гурўҳе, ки мақсадаш ба даст овардани сарват,  бойгарӣ ва ҳокимият аст. Дуюм, гурўҳи одамоне, ки дар зери парчами душмании ғоявӣ чун  динӣ, мазҳабӣ гирд омадаанд. 

 

Пеш аз ҳама, ҷавононро лозим меояд, ки дар ин масъала эҳтиёткор бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва бояд ҳамаи аҳли ҷомеа ҳисси баланди миллӣ, худшиносӣ,  худогоҳӣ дошта, ҷомеаро аз гирдоби дардноки оқибати он эмин нигоҳ доранд.

 

Мудири шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ      Наботов М.А.

 

 

 

Яндекс.Метрика