СУЛҲИ ҶОВИДОНӢ ДАР БАЙНИ КИШВАРҲО ТАНИНАНДОЗ БОД!

Қадру қимати осудагии Ватан ва сулҳу оромиро пеш аз ҳама занону модарон дарк мекунанд. Маҳз як модар беш аз ҳама чӣ будани оромӣ ва осудагиро медонад ва барои нигоҳ доштани он ҳамеша талош меварзад.

Хатари ҷанг ва эҳсоси бади ноамнӣ низ пеш аз ҳама дар дили як модар талвосаи бедодиро бедор мекунад.

Чун барои зан-модар хандаи тифлаш ва рӯзгори беосебу бедарди ӯ болотар аз ҳама дороиҳои рӯйи ҷаҳон аст. Ва ин хандаву осудагӣ замоне имконпазир мегардад, ки дар ҳама рӯйи замин сулҳи ҷовидонӣ танинандоз бошад.

Дар ҳар куҷои дунё вақте ҷангу ноамнӣ ҷӯш мезанад, зарбаи аввалин ба занону модарон мерасад. Чун ҳар қурбоние, ки дар ҷанг мешавад, парвардаи домони пок ва оғӯши пурмеҳри як модар аст.

Ҷойи таассуф аст, ки ҳамсояи мо – Қирғизистон сари ҳар чанд вақт по бар ҳарами мо гузошта, нооромиҳоро бавуҷуд меорад. Натиҷаи ин кинаварзию душмантарошиҳо боис мегардад, ки нафарони зиёд, бахусус шахсони ғайринизомӣ қурбонии ин ҳодисаҳо гарданд.

Миллати тоҷик, ҳамеша ҷонибдори сулҳу оштӣ ва оромию ҳамзистӣ на танҳо дар кишвару ҳамсоягони худ, балки ҳамеша орзуи онро доранд, ки дар тамоми дунё ваҳдату ҳамдилӣ бошад.

Вақте, ки ҷойи нангу номӯс ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ ба миён ояд, баробари мардон занони тоҷик низ ба ҳар қаҳрамоние қодиранд.

Ба бародарони қирғиз муроҷиат карда гуфтанием, ки мо тоҷикон нисбати ҳеҷ миллате аз ҷумла ба миллати қирғиз ягон хусумате надорем. Шумо ҳарфҳои фитнаангези Ташию дигаронро гуш надиҳед. Дӯстию бародарии ҳазорсоларо ба ғаразҳои нопоки душманон иваз накунед. Тоҷикон дӯстиро қадр мекунанду хиёнатро намебахшанд. Тоҷик дар ҳеҷ замоне аввал шуда шамшер ба даст нагирифтааст ва ҷанг накардааст. Ба афсонаҳои расонаҳо бовар накунед.

Зинда бод дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз ва нест бод ҷангҳои хонумонсӯз!

Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди
шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика