Сулҳ, дӯстӣ, иттиҳод ва ваҳдати комил миёни инсонҳо ормону орзуи насли башар аст!

Сулҳ, дӯстӣ, иттиҳод ва ваҳдати комил миёни инсонҳо ормону орзуи насли башар аст. Аммо ҷаҳони имрӯз бо равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, ҷаҳонишавӣ, қудратталабӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани “ҷанги сард” ва низоъҳои мусаллаҳона дар вартаи ҳалокату даҳшат қарор гирифтааст. Ҳоло дар чандин нуқтаҳои сайёра низоъҳои мусаллаҳонаи сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабӣ ҷараён доранд.

Пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қабули Қатъномаи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки дар Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ироа гашт, бори дигар ба ҷаҳониён исбот кард, ки халқи Тоҷикистон, миллати тоҷик ва Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ва дар ҳама ҳолат ҷонибдори сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ҳамгироӣ ва барқарории адолату саодати насли башар мебошанд.

Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика