Суратгузориш аз ҷараёни мулоқоту вохӯриҳо бо сарбозону аскарони қисми ҳарбии 5453 - и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо кормандони Маркази исломшиносӣ

Санаи 3 марти соли равон мулоқоти муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мутеъулло Наҷотзода ва дигар кормандони Марказ бо сарбозону аскарони қисми ҳарбии 5453 - и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот бо сарбозону аскарони қисми ҳарбии 5453 - и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ Наҷотзода Мутеъулло ва ҳайати ҳамроҳашон дар мавзуоти зерин баромад намуданд:
1. ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН;
2. Маҳкумияти ҳамҷинсгароӣ аз нигоҳи ахлоқи ҷомеа ва дини мубини ислом;
3. Маҳкумияти худкушӣ аз нигоҳи дини ислом.  
Дар фарҷом байни иштирокчиёни нишаст саволу ҷавоб сурат гирифт.
 
Абдуллоҳи Қодирӣ.

Яндекс.Метрика