Суруди миллӣ чист?

Суруди миллӣ қитъаи мусиқӣ ё суруде мебошад, ки тавассути давлатҳо ба унвони суруди миллӣ ва расмии кишвар ба расмият шинохта мешавад.

Дар ҷаҳон ҳар кишваре суруди миллии махсуси худро дорад.

Сурудҳои миллӣ овозҳо ё мусиқиҳое ҳастанд, ки дар ҳолатҳои махсус дар кишварҳо навохта мешаванд.

Ин сурудҳо овозҳои Ватанпарастонае ҳастанд, ки ба хотири эҳтиром ба гузашта ва тааллуқоти ҳар кишваре навохта мешаванд.

Ин овозҳо ба хотири ба ҳаяҷон овардани эҳсосоти Ватанпарастӣ дар мардум хонда мешаванд.

Хусусияти дигари тамоми сурудҳои миллӣ, кӯтоҳ будани онҳост.

Сурудҳои миллӣ дар дидорҳои расмии давлатмардон, мусобиқаҳои байналмилалӣ ва монанди инҳо навохта мешаванд.

Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатии мо мебошад, ки 7 сентябри соли 1994 дар Иҷлосияи XIX Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст.

Бо дархости мардуми ҷумҳурӣ оҳанги пешина, ки ба бастакори машҳури Тоҷикистон Сулаймон Юдаков тааллуқ дошт, монда шуд ва матни он иваз гардид. Оҳангро ҳанӯз соли 1964 Сулаймон Юдаков бар матни шоири шаҳир устод Абулқосим Лоҳутӣ эҷод карда буд.

Бо ҳамин оҳанг Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ матни мувофиқ офарид ва ҳайати доварон онро маъқул донистанд. Дар Суруди миллӣ орзуву умед ва дархостҳои халқ садо медиҳанд.

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ аз матн ва оҳанг иборат буда, дар мавридҳои муқаррарнамудаи Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» иҷро карда мешавад.

Ҳангоми ба тариқи расмӣ садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозирин аз ҷой бармехезанд.

Суруди миллӣ чун рамзи давлатӣ эҳтиром ва шинохти давлати мо аз ҷониби халқу миллатҳои дигар мебошад. Зеро рамзҳои давлатӣ ифодагари истиқлолияти мамлакат, иттиҳоди вайроннашавандаи мардуми мо, дӯстиву бародарии намояндагони ҳамаи халқу миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошанд. Истифодаи рамзҳои давлатӣ – барафрохтану гузоштани Парчаму Нишон, сурудани Суруди миллӣ қоидаҳои худро доранд, ки қонун онро муқаррар кардааст. Риоя накардани ин қоидаҳо беҳурматӣ ва таҳқири муқаддасоти миллии тоҷиконанд ва ба гунаҳкорон мувофиқи қонун ҷазо дода мешавад.

Рамзҳои давлатӣ аломатҳое мебошанд, ки як миллатро дар байни мардуми ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Рамзҳои давлатӣ таъриху тамаддун, гузашта, имрӯза ва ояндаи миллатро дар худ таҷассум мекунанд.

Омӯхтани рамзҳои давлатӣ ба ҷавонон ва насли навраси мамлакат зарур аст. Зеро худшиносии миллии мо аз донистану эҳтироми рамзҳои давлатӣ оғоз меёбад.

Дар моддаи сеюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр шудааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд». Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд мазмуну моҳияти рамзҳои давлатии Тоҷикистонро донад.

Инак, 30 сол аст, ки Суруди миллӣ мутантан садо медиҳаду мардуми шарафманди тоҷик таҳти навои дилнишину марғуладори он саф ороста, шукронаи даврони соҳибистиқлолии Ватан, шукронаи неъматҳои гаронбаҳои истиқлолият ва сулҳу ваҳдати пойдор, шукронаи дӯстию бародарӣ ва якдилию якмаромӣ мекунанд.

30 соли пур аз фараҳу нишот, касби дастовардҳои азим, ободию шукуфоӣ, муаррифии давлати фарҳангпарвару мардуми фарҳангсолори тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ, ки маҳз таҳти навои дилнавозу мутантани Суруди миллӣ падид омадаанд.

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон бо боло бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад ва ҳозирин ба Парчами давлатӣ рӯ меоранд.

Бо дастгириву ҳидоятҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони саодатманду фарҳангдӯсти Ватан, варзишгарони ҳузарбу тануманд дар олимпиадаву мусобиқаҳои илмию варзишӣ ва фестивалу форумҳои байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби мақомҳои ифтихорӣ мегарданд, ки ба ин муносибат Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуда, Суруди миллии Тоҷикистон тантанавор садо медиҳад, ки ин, албатта, мояи ифтихору шоистаи таҳсини мардуми Тоҷикистон мебошад.

#Лозим ба ёддоварист, ки нахустин Суруди миллӣ дар ҷаҳон марбут ба кишвари Ҷопон ва дарозтарини он Суруди миллии Уругвай мебошад.

Замони он 4 дақиқа ва 30 сонияро дарбар мегирад. Нусхаи кӯтоҳи он 55 сония мебошад.

Кӯтоҳтарин Суруди миллӣ дар ҷаҳон марбут ба кишварҳои Қатар ва Уганда аст, ки 32 сонияро ташкил медиҳад.

Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика