СУҲБАТУ МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Нимаи дуюми рӯзи 25-уми апрел дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ҳайати гурӯҳи кории иборат аз намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, зери роҳбарии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам бо сокинони ноҳияи Қубодиён дар мавзӯи "Омилҳои гаравиши ҷавонон ба ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ" вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрии мазкур, ки ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор шуд, аъзои гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарпрокурори ҳарбӣ – Зоирзода Икром, Директори Маркази таълимии судяҳои Суди Олӣ - Завқизода Солеҳ, Сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонону ноболиғони ВКД - Бухоризода Мансур, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Чоршанбезода Сураҷ, муовини Директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Наҷотзодда Мутеулло, муовини Сардори Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон - Ёров Дилшод ва ҳамзамон Раиси ноҳияи Қубодиён - Сабурзода Мирзодавлат иштирок ва суханронӣ карданд.

Вохӯриро Раиси ноҳия ифтитоҳ намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро дар самти огоҳонӣ ва пешгирии гаравиши ҷавонону наврасон ба гурӯҳу ҷараёнҳои ифротӣ муфид арзёбӣ кард. Сипас, роҳбари гурӯҳи корӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам ба сухан баромада, мавзӯи мавриди назари вохӯриро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дод. Раиси Кумитаи иҷроия аз терроризму экстремизм ҳамчун таҳдиди бузург ба сулҳу субот ва амнияту ваҳдати миллӣ ном бурда, зикр кард, ки мардум бар зидди тамоми ғояҳое, ки дар муқобили сулҳу субот меистанд, бояд қотеъона мубориза баранд.

Инчунин, дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби иштирокдорон масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, роҳҳои пешгирии терроризму ифротгароӣ, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, оқибатҳои ҳуқуқии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва дигар мавзӯъҳои марбут мавриди таҳлил ва омӯзишу хулосабарорӣ қарор гирифт. Ҳайати гурӯҳи корӣ ба сокинони ноҳияи Қубодиён тамоми паҳлӯҳои масъалаи терроризму ифротгароиро тавзеҳ дода, саволу пешниҳодҳои мардумро дар самти мубориза бар зидди он шуниданд.

Вохӯрӣ бо сухани ҷамъбастии роҳбари гурӯҳи корӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам ва тақдими китобҳои "ВАҲДАТ, ДАВЛАТ, ПРЕЗИДЕНТ" ба китобхонаи ноҳия хотима пазируфт.

Манбаъ: Маркази матбуоти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Яндекс.Метрика