СӢ СОЛИ САРАФРОЗИВУ ИЗЗАТИ ТОҶИКИСТОН (Бардоштҳо аз Паёми Пешвои миллат)

Паёме, ки дирӯз Пешвои миллат ироа карданд, як навъ ҷамъбасти сӣ соли созандагиву боландагӣ ва зикри бунёдкориҳои ғурурофари миллат буда, дурнамои рушди минбаъдаи кишварро низ эълом дошт. Зикри дастовардҳои миллат ба хотири пос доштани неъмати истиқлол ва суботи сиёсиву амнияти саросарӣ ин нукта таъкид шуд, мо тоҷикон дар иттиҳоду ҳамбастагӣ «марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ»-ро паси сар кардем. Маҳз бар асари такопуву ҷустуҷӯ ва пайкори созанда муҳимтарин рукни давлатдории навини тоҷик, яъне дунявият ҳамчун беҳтарин шакли идории кишвар қарор гирифта, он меҳвари арзишҳои дигар гардид. 

Яке аз муҳимтарин нуктаҳои Паём, ки аҳамияти таърихӣ дошта, умедворем, ки насли мову фарзандону наберагон низ бо он хоҳанд болид, ин аҳдофи стратегӣ ва сарнавиштсози давлату ҳукумати Тоҷикистон мебошад, ки бар асоси барномарезиҳои дақиқ симои кишварро тамоман тағйир дод. Мо инро ҳар рӯз ба чашми сар мебинем. Ба ҷои як кишвари ҷангзадаву фақир имрӯз мо шаҳрҳои озодаву обод ва роҳҳои мумфаршро мебинем. Пешвои миллат низ бо сари баланд иброз доштанд, ки ҳадафи олии давлату ҳукумати мо «беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азиз» аст.

Нуктаи дигаре, ки дар атрофи ин Паём бояд гуфта шавад, барномарезиҳои оянда бар асоси он мебошад. Пешвои миллат зимни таъкиди дигарбораи ин ки «дар сиёсати давлатии Ҳукумати Тоҷикистон маориф дар ҷои аввал қарор дорад», дар хусуси мушкилоти фаровони ин самт низ ишора карданд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки бо вуҷуди он ки дар бист соли охир садҳо иншооти соҳаи маориф бунёд ва ба истифода дода шуд, аммо ҳанӯз сатҳу сифати кадрҳои омодашуда ҷавобгӯи талабот намебошад. Аз ин хотир дар назди Вазорати маориф ва илми кишвар ва масъулони соҳа вазифаҳои нав гузошта шуд. Ба назари мо иҷрои ин супоришҳо муҷиби барномарезиҳои нав дар соҳа ва тавре ки Пешвои миллат арз доштанд, ислоҳоти куллӣ дар маорифи кишварро ба дунбол хоҳад дошт. 

Эълони шудани панҷ соли рушди саноат дар ояндаи наздик вазъи иқтисодии кишварро куллан беҳтар карда, зиндагии мардумро низ ба сатҳи нав мерасонад. Барои ин мо тамоми имкониятҳои моддӣ ва потенсиали зеҳнӣ ва неруи инсониро дар ихтиёр дорем. Танҳо чизе ки ба он ниёз аст, ҷавонони тоҷик бояд «бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ» дошта бошанд. Ҳамон тавре ки дар сӣ соли гузашта хирадпешагиву созандагиро сармашқи кори худ қарор дода, ба рӯзҳои беҳтар расидем, минбаъд низ бо ин ормонҳо ба фатҳи қуллаҳои нав умедвор мегардем. 

 

Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

Яндекс.Метрика