ТАБРИКНОМА

18 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, директори муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ХОЛИҚЗОДА АБДУРАҲИМ ҒАФФОР бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.

Устоди гиромиро ба муносибати сарфароз гардиданашон ба ин мукофоти давлатӣ табрик намуда, ба эшон сарбаландӣ, муваффақият ва фатҳи қуллаҳои баландро дар соҳаи илм ва хизмати давлатӣ таманно дорем.

Бо эҳтиром, коллективи муассисаи давлатии

«Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика