ТАВАҶҶУҲ! Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухўрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо

Моддаи 401(1). Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухўрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо

(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1088аз 2.01.2018 № 1472)

Ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда барои иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухўрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, инчунин иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда дар воҳиди мусаллаҳ, задухўрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1088).

- "Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухўрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухўрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ў аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1176).

 

Бознашр аз сомонаи http://mmk.tj/content

 

Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ  

Яндекс.Метрика