ТАВОФИ КАЪБАИ ДИЛ КУН...

ТАВОФИ КАЪБАИ ДИЛ КУН...
Зиёрати хонаи Каъба ё адои маносики ҳаҷ, ки дар шариати ислом рукни панҷум маҳсуб мешавад, талабот ва шароити хоси худро дошта, дар ин замина қудрат ва тавоноӣ яке аз муҳимтарин талабот ба ҳисоб меравад. Зери мафҳуми қудрат ва тавоноӣ танҳо доштани маблағи сафар ба ҳаҷ дар назар дошта нашуда, балки дар баробари бениёзии молӣ шахси ҳаҷкунанда бояд аз лиҳози ҷисмонӣ солим ва дар маҷмуъ аз лиҳози инсонӣ як инсони комил бошад.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз беш аз 200 ҳазор ҳамватани мо аз адои ҳаҷ ва умра бархӯрдор гардиданд. Аммо мутаассифона, дар солҳои охир дар раванди сафарбарнамоии шарҳвандони кишвар ба маросими ҳаҷ омилҳои таассубу тақлид низ ба чашм мехӯранд. Ҳатто баъзан аз ҷониби ҳамватанони мо талош мешавад, то бо ҳар роҳе набошад, ба сафари ҳаҷ бираванду баъдан онҳоро “ҳоҷӣ” биноманд, дар маъракаҳои мардум бологузар шаванд... Тибқи мушоҳидаҳо баъзан яке маблағи бо сад азоб ҷамъоварикардаи фарзанди муҳоҷирашро дар ин роҳ сафр мекарду дигаре ҳатто фарзанди худро зери тозиёнаи таънаву маломат мекашад, ки ту аз писари фуолнӣ чӣ камӣ дорӣ, ки бори дуюму сеюм падарашро ба ҳаҷ мефиристад. Суиистифода аз “унвон”-и ҳоҷӣ низ то ҷое расид, ки ҳатто баъзеҳо барои гарм кардани бозори молии худ ошхонаву тарабхонаҳои худро “ҳоҷиён” номгузорӣ мекардагӣ шуданд.
Зимнан, Пешвои миллати мо дар мулоқоти худ бо намояндагони ҷомеаи кишвар бо ёдоварии ривояте аз “Маснавии маънавӣ” хеле бамаврид таъкид намуда буданд, ки:
“Дар тазкираҳо ривоят шудааст ва Мавлонои Балхӣ низ дар “Маснавии маънавӣ” овардааст, ки чун султони орифони олам Боязиди Бастомӣ озими хонаи Худо шуд, пас аз фурсате аз роҳ баргашт. Дӯстон пурсиданд, ки ҳеҷ аз роҳ намегаштӣ, чӣ пеш омад? Гуфт: Марде дар роҳ дидам, ки пурсид: Куҷо меравӣ? Гуфтам: Ба ҳаҷ. Гуфт: Чӣ дорӣ? Гуфтам: Дусад дирҳам. Гуфт: Биё, ба ман деҳ, ки соҳибаёлам ва ҳафт маротиба гирди ман даргард, ки ҳаҷҷи ту ин аст. Гуфт: Чунон кардам. Мард гуфт: Эй султони орифон, ҳеҷ донӣ, ки Парвардигори оламро ду хона аст?
Гуфтам: На. Гуфт: Бидон, ки яке хонаи гилин аст (ишора ба ҳарам дар Макка), ки аз лаҳзаи бунёдаш то ҳанӯз вориди он нашуда ва дигаре хонаи дил, ки аз лаҳзаи офариданаш то ба имрӯз аз ӯ берун нашуда. Ва ҳам бидон, ки Худованд дар китобаш як бор «хонаи ман» ва ҳафтод мартаба «бандаи ман» гуфтааст. Ин шунидам ва аз роҳ бозгаштам.
Ба ин маънӣ Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ низ мефармояд:
Дар роҳи Худо ду каъба омад ҳосил,
Як каъбаи суративу як каъбаи дил.
То битвонӣ, зиёрати дилҳо кун,
К-афзун зи ҳазор каъба омад як дил.
Тавре дар боло ишора намудем, шарти асосии ҳаҷ ин имконият ва тавоноӣ аст ва уламои ислом бо дарназардошти ҳудуди хурди шаҳри Макка ва мавзеъҳои ибодатии он (Мино, Арафот, Муздалифа), ки якбора шумораи аз ҳад зиёди зоиронро фарогир буда наметавонад, маҳдудияти шумораи ҳоҷиёнро низ ба ҳамон шарти шаръии “қудрат ва тавоноӣ” ворид кардаанд. Аз ин хотир, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда ба кишварҳои дигар ҳиссаҳои муайянеро барои сафарбарнамоии ҳоҷиён пешниҳод мекунад ва кишварҳои мусулмоннишин аз он ҳиссаҳо истифода мекунанд. Яъне, шумораи маҳдуди ҳиссаҳо маънои онро дорад, ки кишвари мизбони ҳаҷ имконияти таъмини амният, макони будубош ва шароити зиндагии муваққати ҳамин миқдорро дораду халос. Аммо иддае аз ҳамватанони мо талош мекунанд, ки бо гирифтани раводидҳои тиҷоратӣ ва пинҳонӣ бо боқӣ мондан дар ҳудуди Макка то оғози маносики ҳаҷ ва дар маҷмӯъ бо роҳҳои ғайрирасмӣ ба сафари ҳаҷ бираванд. Яъне, бояд худи ҳамон шахс бидонад, ки вақте раводиди тиҷоратӣ гирифтаасу ба тиҷорат машғул аст ва якбора бо ҳамин роҳ хоҳиши адои ҳаҷро дорад, пас ният аз ибтидо холис нест, пас ӯ ҷои як мусулмони дигарро, ки солҳо интизорӣ кашидаву маблағ супорида ба ҳаҷ меравад, банд кардааст...
Ҳамватанони мо бояд хуб дарк кунанд, ки ислом ба маънои томаш танҳо адои маносики ҳаҷ нест. Мусулмони комилро аз рӯи ҳоҷӣ будану набуданаш набояд шинохт. Паёмбари ислом (с) таъкид кардаанд, ки мусулмон ҳамонест, ки дигарон аз дасту забони ӯ дар амонанду нафъаш ба дигарон мерасад.
Ҳаҷ рукни панҷуми ислом аст. Рукни чоруми онро бошад, додани закот ташкил медиҳад, ки яке аз рукнҳои муҳими инсонддӯстӣ дар ислом маҳсуб мешавад. Ба назар мерасад, ки ҳамватанони дорои мо хеле кам сари бинои чаҳоруми ислом андеша мекунанд ва ҳама таваҷҷуҳро ба адои батакрори ҳаҷу умра мекунанд.
Мавзуи ҳаҷ ва умраи такрорӣ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки иддае аз ҳамватанони мо бо дарки ҷойгоҳи садақаи ҷория дар ислом ба ҷои анҷом додани ҳаҷҷу умраи такрорӣ даст ба корҳои хайру писандидае чун обоёиву бунёди иншооти маишӣ, таъмири роҳу бунёди пулҳо мезананд, ки хеле мақбул аст.
Тибқи муқаррароти шариати исломӣ ҳаҷ ва умраи такрорӣ ибодати нофила буда, аз лиҳози дараҷа садақаи ҷория аз он болотар аст.
Бо дарназардошти ин гуфтаҳо, ҳамватанони моро мебояд сари нуктаҳои зикршуда андеша дошта бошанд ва бо анҷом додани корҳои хайр ба хушнудии Худову бандагонаш ноил гарданд.
Тавре Мавлонои бузург мефармояд:
Тавофи каъбаи дил кун, агар диле дорӣ,
Дил аст каъбаи маънӣ, ту гил чӣ пиндорӣ?
Ҳазор бор пиёда тавофи каъба кунӣ,
Қабули Ҳақ нашавад, гар диле биёзорӣ.
Иморати дили бечораи дусадпора,
Зи ҳаҷҷу умра беҳ ояд ба ҳазрати Борӣ.
Абдуғаффор Юсуфов,
сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ
ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин,
танзими анъана ва ҷашну маросими
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: Маҷаллаи дин ва ҷомеа

Яндекс.Метрика