ТАВСИФИ МУХТАСАРИ МАФҲУМИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ ДИНӢ АЗ ДИДГОҲИ ДИНШИНОСИИ МУҚОИСАВӢ

Нақши дин дар ҳаёти ҷомеаи муосир дар шароити рушди равандҳои ҷаҳонӣ, аз қабили ҷаҳонишавӣ ва минтақагароӣ, башиддат меафзояд, аммо ин ҳодисаи нав нест. Муаррихон хуб медонанд, ки афзоиши якбораи омили динӣ дар ҳаёти ҷомеа дар давраҳои тағйиротҳои инқилобӣ ва дигаргуниҳои куллии таърихӣ дар ҳамаи давраҳои гузаштаи таърихи башарият ба назар мерасад. Барои марҳилаи ҳозираи таърихи инсоният, ки рӯйдодҳои сарнавиштсоз ва дигаргуниҳои фундаменталиро ҳамроҳ дорад, низ ҳамин гуна пурзӯршавии нақши омили динӣ дар ҳаёти ҷамъият хос мебошад. Аз ин рӯ, масъалаҳои ҳамкории давлат бо дин, ҳамгунсозӣ ва синтези арзишҳои динӣ ва дунявӣ, таъмини шароити ҳуқуқӣ ҷиҳати пешгирии ифротгароии динӣ ва бархӯрду муноқишаҳои байни пайравони дину мазҳабҳои гуногун, бо ин роҳ дар ҷомеа ташаккул ва густариш додани фарҳанги таҳаммулпазирӣ – бархе аз масъалаҳое мубраме мебошанд, ки имрӯз дар пешорӯи ҳар як давлати соҳибистиқлоли миллӣ истодаанд ва ҳалли таъхирнопазири худро талаб мекунанд.
Мафҳуми таҳаммулпазирии динӣ муқобилмаъно ё антоними мафҳуми таҳаммулнопазирӣ ва таассуби динӣ мебошад [3, С. 142-143].
Таҳаммулнопазирии динӣ ҳамчун муносибати шадиди манфӣ ва душманонаи байни пайравони динҳо ва мазҳабҳои гуногун, инкори эътиқоду анъанаҳои як дин ё мазҳаб аз ҷониби пайравони дин ё мазҳаби дигарро ифода мекунад, ки метавонад дар поймолкунии ҳуқуқҳои онҳо, дар таъқибу фишор ва ҳатто куштору террори онҳо зоҳир шавад. Аз замонҳои қадим на таҳаммулпазирӣ, балки таҳаммулнопазирӣ ҳамчун хусусияти асосии дин баромад мекард. Ин хусусияти манфӣ ва хатарнок дар як давраи тӯлонӣ мабдаи муаяйнкунадаи ахлоқӣ ва фарҳангии қабилаҳо, халқу миллатҳо ба шумор рафта, аъзои ҷомеа ва эътиқоду расму оинҳои диниро ба таври куллӣ муттаҳид месохт ва ҳамзамон онҳоро ба намояндагони дигар ҷамоатҳои қабилавӣ ва динӣ-этникӣ ва дину эътиқодҳои онҳо муқобил мегузошт. Маҳз, бо ҳамин сабаб дар замони гузашта дин борҳо сабаби низоъҳои байни гурӯҳҳои динӣ-этникӣ, масалан, исроилиён бо канъониён, насрониҳо бо румиҳо, католикҳо бо протестантҳо ва православҳо, мусулмонон бо ҳиндуҳо ва ғ. шудааст. Аз ин рӯ, дар шароити имрӯза, ки таваҷҷуҳ ба хусусиятҳо ва имкониятҳои мафкуравии дин дар таъмини ваҳдати иҷтимоӣ зиёд шудааст, хусусияти пароканданамоии динро, ки дар гузашта таъсири ҳалокатбори худро борҳо ба ҳаёти башарият расонидааст, низ аз мадди назар дур кардан мумкин нест. Набояд фаромӯш кард, ки дар таърихи ҷомеаи инсонӣ аз даврони қадим то замони муосир низоъҳои динӣ, таҳаммулнопазирӣ, таъқиботи динӣ вуҷуд доштанду доранд. Таассубу ифротгароии динӣ ҳамеша дар пайдоиши низоъҳо дар ҷомеа нақши муҳим бозидааст, ихтилофу ҷангҳои зиёде дар гузашта рух додаанд, ки сабабгорашон ҳамин гуна омилу ангезаҳои манфӣ мебошанд.
Дар таърих ягон дине вуҷуд надорад, ки бе нишон додани бартарии худ ва таъқиб намудани эътиқодҳои дини дигар амал карда бошад. Рӯйхати ин гуна динҳоро метавон то беохир дароз кард ва онро то ба имрӯз расонд. Таъқиби канъониён (сокинони бумии Фаластин) аз ҷониби исроилиён, насрониҳо аз ҷониби исроилиҳо ва румиҳо, протестантҳо аз ҷониби католикҳо ва католикҳо аз ҷониби протестантҳо, ҷангҳо ва хусуматҳои давомдори байни насрониҳо ва мусулмонон, ихтилофи байни баптистҳо ва лютеранҳо дар олами насронӣ, ташайюъ бо тасаннун дар олами ислом, квакерҳо бо пуританҳо дар Англия, буддоиҳо бо синтоиҳо дар Ҷопон, православҳо ва пайравони дину оинҳои қадими славянӣ дар Русияи асримиёнагӣ – мисолҳои равшане мебошанд, ки таъсири ҳалокатбори ифротгароӣ ва таҳаммулнопазирии динӣ дар замони гузаштаро собит месозанд. Аз таърихи муосир мо метавонем ҷиноятҳои ДИИШ ва ташкилотҳои дигари экстремистию террористиро дар Сурияву Ироқу Афғонистон, Боко Ҳарам дар Африқо, ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистон алайҳи аҳолӣ ва ҳукуматҳои қонунии ин кишварҳоро мисол орем.
Ҳамин тариқ, мероси таърихӣ ва муосирро таҳлил карда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар таърихи дин низ мисли таърихи ҷомеа ва давлат, намунаҳои таҳаммулнопазирӣ ва ихтилоф, низоъ ва адоват хеле зиёд вуҷуд доранд. Дар мавриди таҳаммулпазирӣ ва ризоияти байнимазҳабӣ ва динӣ бошад, ҳаминро гуфтан мумкин, ки дар гузашта онҳо хеле кам ба вуқӯъ пайвастаанд. Таҳаммулнопазирии динӣ дар тӯли садсолаҳои зиёд, ҳамчун заминаи пайдоиши таассуби динӣ, миллӣ, нажодӣ, сиёсӣ, ҳамчун баҳонаи табъизи сиёсӣ ва иҷтимоӣ нисбат ба онҳое баромад мекард, ки ба дину эътиқоди дигар пайравӣ мекарданд, ё ба таври дигар меандешиданд.
Таҳаммулпазирии динӣ ҳамчун антоними таҳаммулнопазирӣ ва таассуби динӣ, муносибатҳои мутақобилаи эҳтиромонаи байни пайравони динҳо ва мазҳабҳои гуногун, байни иттиҳодияҳои гуногуни диниро ифода мекунад, ки ба принсипи эҳтироми ҳамдигар, эътирофи ҳуқуқҳои ҳамдигар ба мавҷудият ва фаъолият асос ёфтааст. Таҳаммулпазирии динӣ навъе аз таҳаммулпазирӣ мебошад, ки маънои васеътар дорад. Тибқи муқаррароти банди 1, моддаи 1-уми Эъломияи принсипҳои таҳаммулпазирӣ (1995), мафҳуми таҳаммулпазирӣ «маънои эҳтиром, қабул ва дарки дурусти гуногунии ғании фарҳангҳои ҷаҳони мо, шаклҳои худшиносии мо ва роҳҳои зуҳури фардияти инсонӣ мебошад» [1]. Аз ин рӯ, сатҳи ҳадди ақали таҳаммулпазирӣ таҳаммул аст, яъне омода будан ба эътирофи ҳуқуқи мавҷудияти шахсоне, ки эътиқод ва амалҳои бо онҳо алоқаманд нияти бевоситаи вайрон кардани худи пояҳои таҳаммулпазириро дар бар намегирад.
Таҳаммулпазирии динӣ инчунин аз таҳаммулпазирии дунявӣ (сиёсӣ, байнифарҳангӣ ва ғ.) низ аз бисёр ҷиҳат фарқ мекунад.
Меҳвари арзишӣ-идеологии фарҳанги дунявӣ сохтори зинанизомии қатъӣ нест, зеро он ба принсипи гуногунандешӣ, гуногунии арзишҳо ва афкор асос ёфтааст, ки ин боиси эътирофи нисбияти ҳама гуна идеалҳо ва ҳақиқатҳо мегардад. Ин имкон медиҳад, ки дар фарҳанги дунявӣ арзишҳо, дидгоҳҳо ва рафторҳои «бегона»-ро баробари арзишҳо, дидгоҳҳо ва рафтори «худӣ» қабул кунанд. Аз ин рӯ, фарҳанги дунявӣ ҳамчун «таҳаммулпазирӣ нисбат ба афкор, эътиқод ва шаклҳои рафтори дигарон» таъриф шудааст.
Принсипи таҳаммулпазирӣ дар фаҳмиши муосири он нахуст дар осори маорифпарварони фаронсавӣ Волтер ва Жан-Жак Руссо ҳамчун «механизми таъминкунандаи ҳамзистии мусолиматомези намояндагони қавм, мазҳаб ва фарҳангҳои гуногун» пешниҳод мешавад [2, С. 338]. Маҳз, Руссо аввалин бор принсипи таҳаммулпазирӣ ва паймони ҷамъиятиро бар хилофи андешаи «ҷанги ҳама бар зидди ҳама» ва «инсон барои инсон гург аст»-ро пешниҳод мекунад. Баъд аз инқилоби Фаронса (1792) аввалин бор баробарии мардум дар асоси принсипи шаҳрвандӣ новобаста аз мансубияти нажодию мазҳабӣ эълон гардид. Баъдан ин принсип дар ИМА ва сипас дар тамоми ҷаҳони мутамаддин татбиқ гардид.
Аммо таҳаммулпазирии динӣ, тавре ки зикр кардем, чизи дигар аст. Ин танҳо маънои мавҷуд набудани изҳорот ё амалҳоеро дорад, ки метавонанд барои намояндагони дигар анъанаҳои динӣ таҳқиромез арзёбӣ шаванд ва ба поймол кардани ҳуқуқ ва озодии дин ва ибодат (баста кардани маъбадҳо, манъи фаъолияти миссионерӣ ва ғайра) нигаронида шаванд. Ҳар фарҳанги динӣ бар хилофи фарҳанги дунявӣ як низоми сахтгиронаи дорои як асоси қудсӣ ва тағйирнопазир мебошад, ки дар ҳар дин ба таври худ дарк мешавад. Аз ин рӯ, худи дин наметавонад ба он маъно таҳаммулпазир бошад, ки мо аз фарҳанги дунявӣ, таҳаммулпазирии дунявӣ ҳарф мезанем.
Таҳаммулпазирии динӣ наметавонад ҳамчун ҷузъи ҳатмии худ таҳаммулпазирии доктриналӣ, хоҳиши наздикшавии ақидаҳо, эътирофи арзиши баробарии онҳоро дар бар гирад. Аз ин рӯ, таҳаммулнопазирии динӣ наметавонад чунин шаклҳои рафтори диндоронро дар бар гирад, ки бояд нисбат ба дини дигар, арзишҳои он, намояндагон ва расму оинҳои он то андозае бегонагии худро нишон диҳанд. Эксклюзизм (ҳақиқати ягона шуморидани эътиқоди динии худ ва рад кардани низоми эътиқодоти динҳои дигар) бояд танҳо дар сатҳи пиндор ва кирдори шахсии худи фарди муъмин ва ҷамоати диние, ки ӯ шомил аст, зоҳир шавад, зеро ба фардҳо ва гурӯҳҳои пайрави дину эътиқоди дигар зӯран таҳвил кардан ё интиқол додани дину эътиқоди худ боиси низоъ ва ихтилофҳои динию мазҳабӣ мегардад. Дар тӯли асрҳо, табиати мутлақгарои ҳақиқати ҳар як дин пайравонашро барои таҳаммулнопазирӣ ва табъиз дар муносибат бо динҳои дигар ва пайравони онҳо таҳрик мекард. Ҳақиқатҳо ва ҳадафҳои олӣ, ки дар анъанаҳои динӣ қабул шудаанд, барои таҳаммулпазирӣ нисбат ба ақидаҳои дигари ба худи онҳо мухолиф монеъ мешуданд [3, С. 13].
Аз ҳамин нуқтаи назар, ҳар як давлати муосири демократӣ барои пешгирӣ кардани зуҳуроти таҳаммулнопазирӣ ва таассубу ифротгароии динӣ, ташкил ва танзими ҳуқуқии муносибатҳои мутақобилан эҳтиромона байни созмонҳои динӣ, диндорон, рӯҳониёне, ки анъанаҳои гуногуни диниро намояндагӣ мекунанд, барои таъмини ҳамзистии осоиштаи пайравони дину мазҳабҳои гуногун, татбиқи принсипи таҳаммулпазирӣ дар равобити байни диндорон ва афроду гурӯҳҳое, ки пайрави ягон дин ё мазҳаб нестанд, тадбирҳои зарурии ҳуқуқӣ меандешад.

Адабиёти истифодашуда:
1. Декларация принципов терпимости. Резолюция 5.61 Генеральной конференции ЮНЕСКО от 16 ноября 1995 года. Нусхаи электронӣ. Санаи муроҷиат: 16.07.2024.
2. Занин С.В. Общественный идеал Жан-Жака Руссо и французское Просвещение XVIII века. – СПб.: Мир, 2007. – 535 с.
3. Стецкевич М.С. Свобода совести. – СПб.: Изд-во СПб. ун-та, 2006. – 299 с.

Шоев Зиёвиддин Ҷалилович – сардори шуъбаи пажӯҳиши махазҳои исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа

Яндекс.Метрика