Сарзамини бостонии Суғд, ки аз қадим бо ин ном шинохта мешавад, мулкест бисёр хурраму ҳосилхез, ки миёни руди Ҷайҳун ва Сайҳун воқеъ гардида аст ва дар атрофи руди Зарафшон яъне руди Суғд шаҳрҳои Самарқанду Бухоро воқеанд. Суғд яке аз сарзаминҳои машҳури ҷаҳон маҳсуб мешавад. Авҷу шукуҳ ва ҷалоли он дар нимаи дувуми қарни сеюми ҳиҷрӣ, дар замони фармонравоии амирони сомонӣ буд, вале ободию пурмоягии он то як асри баъд боқи монд.
Дар арафаи ҳуҷуми Муғул бисёри ободиҳо ба харобазор табдил дода шуд. Закариёи Қазвинӣ ки яке аз ҷуғрофиянависони машҳур мебошад, Суғдро яке аз ҷаннатҳои дунё гуфтааст. Ӯ биҳиштро дар дунё ба чор минтақа тақсим кардааст ки яке аз онҳо Суғд мебошад. Ба андешаи ӯ Суғд поктарин замини Худо буда обҳои ширин ва ҳавои гуворо дорад. Ҳангоме ки дар роҳ вориди Суғд мешавед, киштзорҳо ва дарахтҳо дида мешавад ки ин ҳама натиҷаи ободӣ аст.
Бузургтарин шаҳрҳои Суғд Самарқаду Бухоро буданд, ки аввалӣ маркази сиёсӣ ва дувумӣ маркази динии он минтақа буданд. Ҳар ду шаҳр қудрати баробар доштанду курсии Суғд ҳисоб мешуданд.
Шаҳрҳои машҳури Суғд: Бухоро ва Самарқанд
Бухороро «Навмаҷкас» ном мебурданд. Ин шаҳр дар қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ деворе дошт, ки як фарсанг буд ва дар ҷануби руди Суғд қарор дошт. Дар Бухоро куҳе вуҷуд надошт. Атрофи шаҳрро боғҳо, қасрҳо ва ободиҳо фаро гирифта буд. Берун аз шаҳр дар самти шимолу ғарбӣ куҳандизе мавҷуд буд, ки ба андозаи шаҳри кучаке буд. Ҷои волии шаҳр, зиндон ва хазина дар ин куҳандиз буд. Девори атрофи шаҳр бошад ҳафт дарвозаи оҳанин дошт ки ҳар кадоме ба самти муайяну муҳим кушода мешуд. Аммо ҷои мавҷудияти дарвозаҳо то ҳол боқӣ намондааст. Истахрӣ ва Мақдисӣ дар бораи дарвозаҳо дар асарҳои хеш шарҳ додаанд. Дар шаҳр масҷиди ҷомеъ, бозор ва майдонгоҳҳову кучаҳои зиёд вуҷуд доштанд. Ибни Ҳавқал дар бораи наҳрҳои Бухоро маълумоти муфасале додааст ки боғистонҳои он ҷоро сероб мекарданд. Ин наҳрҳо ҳеҷ кадоме ба Ҷайҳун намерасид.
Харобаҳои Бухорои куҳна, яъне Бухорои пеш аз ислом, дар фосилаи муайяне дар самти шимолу ғарбии Бухорои исломӣ дида мешавад. Мақдисӣ дар қарни чаҳорум дар хусуси он харобаҳо гуяд: дар он ҷо Бухорои куҳна ҷои бузургу вайрон аст. Инчунин Мақдисӣ онро шаҳри бузургу зебо шумурда мегӯяд, ки муғон маъбад ё ибодатгоҳи бузургу махсусе доштанд. Атрофи шаҳр деҳаҳои зиёд мавҷуд буданд ки ҳар кадоме ибодатгоҳ дошт.
Самарқанд дар ховари Бухоро ба фосилаи саду панҷоҳ мил воқеъ аст ва аз соҳили ҷанубии руди Суғд фосилаи зиёд надорад. Гирдогирди шаҳр девори ҳимоявӣ ва перомуни девор хандақ қарор дорад. Қалъаи шаҳр дар баландие ҷойгир буда атрофи шаҳр рустоҳои паҳновар ва бустонҳо мавҷуд буд. Дар худи шаҳр хонае набуд, ки бустоне надошта бошад. Дар ҳар хонае оби равон буд. Дар шаҳр бошад дарахтони сарв фаровон буд. Зиндон дар дохили қалъа ҷой дошт, вале дар замони ибни Ҳавқал он қалъаҳоро харобӣ фаро гирифта буд.
Чунон ки Ёқутӣ маълумот медиҳад дар самти шимол дарвозаи Бухоро, дар самти ғарбӣ дарвозаи Навбаҳор ва дар самти ҷануб дарвозаи Кеш буд, ки он хеле бузургу маъруф буд. Ба гуфтаи Ёқутӣ, масофаи шаҳр дар ҳазору панҷад ҷариб буд ки ба ин хисоб бозорҳо ва гармобаҳо низ шомил мебошанд. Шаҳр биноҳои зиёд дошт ва дар оғуши бустонҳою дарахтони зиёд қарор дошт. Иморатҳои шаҳр ҳама аз чуб ва хишти хом сохта шуда буданд. Бозори бузурги Самарқандро «Раисултоқ» меномиданд ки бисёр васеъ буд.
Харобаҳои Самарқанд монанди дигар шаҳрҳои Мовароуннаҳр аз натиҷаи ҳуҷуми муғул буд. Ибни Батута як қарн баъд ба он ҷо сафар намуд ва вайрониҳову харобаҳои замони муғулро мушоҳида намуд. Аммо Самарқад тавонист шукуҳу ҷалои дубора ёбад ва дар асрҳои баъдина боз ҳам ободу зебо гардид.
Маҳсулоти содиротии Суғд
Маҳсулоти тиҷории сарзамини Суғд бисёр буд ва дар минтақаҳои дигар овозадор гардида буданд. Бухоро харбузаҳои бисёр неку дошт, ки ба атрофи гуногун фиристода мешуд. Гилему саҷҷода (ҷойнамоз) ва порчаҳои нозуку захим ки барои меҳмонхона буданд, аз он ҷо содир мегардид. Дар зиндони Бухоро танги (аил) асб мебофтанд ва пусти буз даббоғӣ мекарданд. Қоғази Самарқанд шуҳрати бисёр дошт ва зари сурху порчаҳои абрешимӣ низ аз он ҷо содир мегардид, мисгарони он ҷо дегҳои мисӣ месохтанд. Шишаҳои он ҷо бисёр маъруф буданд ва аз рустоҳояш финдуқу бодом содир мегардид. Хулоса тиҷорат дар Суғд бисёр нкишоф ёфта буд.
Шарифова Санавбар – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ