Такмили дониши сиёсӣ ва динӣ-ҳуқуқии имомхатибон ва воизони дин омили муҳими паст намудани таассуби динии насли ҷавон

Ҳақиқати бебаҳс аст, ки ҷомеаи солим аз шахси солимфикр, махсусан ҷавони солимандеша бунёд меёбад. Баръакс, ҳар чӣ қадаре аҳли ҷомеа ҳомили андешаҳои носолим ва кӯҳнаи асримиёнагӣ бошад, ба ҳамон андоза пешрафти ҷомеа душвор гардида, аҳли он дучори мушкилоти мухталифи моддию маънавӣ мегардад. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки новобаста аз инкишофи босуръати илму техника дар қарнҳои XX-XXI иддае аз кишварҳои мусулмоннишин то ба имрӯз пойбанди арзишҳои қадимаи асримиёнагӣ боқӣ мемонанд. Маҳз ба сабаби чунин қафомониҳо ин кишварҳо мубталои мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии зиёд гардида истодаанд. Мутаассифона, мо низ кишварамонро аз ҷумлаи кишварҳои бемушкилот маҳсуб дониста наметавонем. Новобаста аз саъю кӯшиши зиёди ҳукумат дар самти рушд бахшидани улуми табиию дақиқ, пахши  барномаҳои зиёди маърифатии телевизионӣ, инчунин робитаҳои бавоситаю бевосита бо ҷомеаи мутамаддини имрӯзаи ҷаҳонӣ дар ҷомеа то ҳанӯз таъсири нерӯҳои кӯхнапараст боқӣ мемонад ва ҳатто то андозае нерӯ мегирад. Ҷанбаи хатарноки фаъолияти нерӯҳои кӯҳнапараст дар он ифода меёбад, ки онҳо то ҳанӯз дар ҷомеа аз нуфузи зиёд бархӯрдоранд ва аз тарафи иддае аз қишрҳои ҷомеа дастгирӣ меёбанд. Таъсири фалокатбори онҳо барои аҳли ҷомеа, махсусан насли ҷавон дар он ифода меёбад, онҳо бо истифода аз таъсиру нуфузи зиёд дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа дар тарбияи насли ҷавон муассир мебошанд.      

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз низоми таълимии мундариҷааш дунявӣ насли ҷавони ҷомеа маҳз дар натиҷаи чунин таъсиррасониҳо  мутаассиб  гардида истодаанд. Саволе, ки ин ҷо мавриди матраҳ қарор мегирад, аз он иборат аст, ки чаро насли наврас даҳ соли худро дар макотиби миёна дар партави барномаҳои мазмуну мундариҷаашон дунявӣ сипарӣ менамоянд, вале дар онҳо тафаккури илмӣ ё дунявӣ шакл намегирад? Ҳамзамон новобаста аз таълими расмии динӣ дар онҳо рушд намудани тафаккури эътиқодӣ ба чашм мерасад. Дар раванди таълими фанни «Диншиносӣ» равшан мушоҳида мегардад, ки иддае аз донишҷӯёни ҳатто курси якум, яъне онҳое, ки ба қариби макотиби миёнаро хатм кардаанд, ба нигоҳи илмӣ ба масоили динӣ муқовимат нишон медиҳанд ва ҳатто барои ҳифзи арзишҳои динии аҳамияти худро кайҳо гумнамуда «далоил» пеш меоранд. Аз тарзи суханронӣ, муҳокимаронӣ ва «далоил»-оварии онҳо маълум мегардад, ки  чунин қисми донишҷӯён пештар дар назди ким-кадом руҳоние пинҳонӣ таълими динӣ гирифтаанд.  

Қобили зикр аст, ки амалкарди чунин қисми ҷавонон дар интишори афкори эътиқодӣ ва муайян намудани фазои маънавии ҷомеа хеле муаассир мебошад, зеро тарзи фаъолияти онҳо ва сермуоширатии онҳо дар байни қисми ҳар чӣ бештари аҳолӣ, махсусан насли баъдина  муҷиби асосии ташаккули ҷаҳонбинии ғайриилмӣ дар ҷомеа маҳсуб меёбад.

Сабаби дигари ташаккули мафкураи эътиқодӣ дар ҷомеа боз ҳам ба фаъолияти руҳониёни кишвар алоқаманд мебошад. Дар робита ба ин сабаб бояд ёдовар шуд, ки ҳаёти иҷтимоии мардуми мо тарзе шакл мегирад, ки дар он таъсири рӯҳониён хеле чашмрас мебошад. Қариб дар аксари маъракаю маросимҳои миллӣ-динии  мардуми  мо руҳониён ширкат меварзанд ва дар як муддати кӯтоҳ ҳам бошад, барои атрофиёни худ вазъ гуфта, онҳоро дар зиндагӣ «роҳнамоӣ» менамоянд. Мусаллам аст, ки дар чунин «роҳнамоӣ»-ҳо волидон низ ширкат меварзанд. Фикр мекунем, ки тавассути чуни маросимҳо мафкураи волидон ва тавассути онҳо мафкураи фарзандони онҳо эътиқодӣ мегарданд.   

Зарурат ба таъкид аст, ки қавӣ гардидани мафкураи эътиқодии аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон дар зерматни ҳаводиси сиёсӣ-иҷтимоии кишвари ҳамсояи Афғонистон  хеле хатарнок буда, ба маъалаҳои ҳаётан муҳими Ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллии аҳли ҷомеа таъсири манфии бузург хоҳад расонид.

Барои пешгирӣ намудани чунин равандҳои номатлуб ба роҳ андохтани корҳои тарғиботӣ-иттилоотӣ пеш аз ҳама бо руҳониёни кишвар, ҳамчун сарчашмаи афкори эътиқодӣ ва маншаи мушкилоти маънавии ҷомеа ҳаётан муҳим маҳсуб дониста мешавад. Дар самти такмили дониши сиёсии қишри мазкур бо далоил собит бояд намуд, ки ҳам дар тӯли таърих ва ҳам имрӯз дин тобеи сиёсат буд, ҳаст ва мемонад. Аллакай дар динҳои ибтидоӣ вақте объекти эътиқод манофеи дунявии шахсро ифода намекард, вай тағйир дода мешуд. Дар дини бобулиҳо образи Мардук ва дар дини мисриҳои қадим иваз шудани номи Амонхотап бо Эхнатон намунаи барҷастаи вобастагии дин аз сиёсат мебошанд. Дар мағз андар мағзи дини яҳудиҳо дин ифодагари манофеи сиёсии миллати яҳуд аст. Дини мазкур миллати яҳудро қавми баргузида эълон намуда, манфиатҳои дунявии онро дар мадди аввал мегузорад. Дар ин раванд дин танҳо восита асту халос. 

Тақсимшавии масеҳият ба равияҳои православӣ ва католикӣ маҳсули тақсим гардонидани империяи Рим аз тарафи император барои фарзандонаш  ба ду қисмат – Рими Шарқӣ ва Рими Гарбӣ мебошад.

Дар хусуси вобастагии раванду ҳодисаҳои динӣ аз сиёсат дар олами ислом низ намунаҳои зиёд мавҷуд мебошад. Худи сиёсати ақлгароёнаи Халифа Маъмун равияи муътазиларо равияи расмии хилофат гардонида буд.

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки нерӯ гирифтани равияҳои ифротии салафия, ихвонулмуслимин, толибон ва ғайра маҳсули сиёсатҳои махсуси ғаразноки нерӯҳои аксаран ғайриисломӣ мебошанд.  Бидуни тардид метавон қайд кард, ки агар имрӯз ҳамчун таъсири мусбати равандҳои дунявӣ динҳои масеҳӣ, чинӣ, ҳиндуия, яҳудия дар ҳолати коҳишёбии амиқ қарор доранд, дини ислом агарчанде аз як нигоҳ, дар кишварҳои қафомонда муваққатан нерӯ гирифта  истодааст, аммо дар асл вай бозичаи абарқудратҳои ҷаҳонӣ гардидаасту халос. Бисёр боиси таассуф аст, ки имрӯз дини ислом на ҳадафи бевоситаи роҳнамоӣ, балки ҳадафи татбиқи нақшаҳои геополитикии абарқудратҳоро иҷро карда истодааст.

       Дар заминаи далоили таърихӣ ва воқеияти сиёсии имрӯза баланд бардоштани дониши сиёсии рӯҳониёни кишвар талаби замон аст. Вазифави ҳадафи мазкур фаъол намудани рӯҳониёни кишвар дар ҳаёти сиёсӣ набуда, балки огоҳ намудани эшон  аз ҳаводису равандҳои сиёсии ҷаҳони имрӯза ва дар ин росто нақши ночиз доштани дини ислом ва ҳомиёни он аст. Ба қавли дигар, рӯҳонии кишвар бояд мутмаин бошад, ки  дар ҳаводиси сиёсии ҷаҳони ислом чӣ нерӯҳои ифротӣ ва чӣ ҳомиёни анъанавии ислом, ки дини исломро муаррифӣ менамоянд,  на ба саҳнагузоранда, балки иҷрочии маҳрум аз ҳаққи интихобанду халос. Дарк карда шудани ҳақиқати мазкур ва ба самъи насли ҷавон расонидани мундариҷаи он  имкон медиҳад, ки то андозае пеши роҳи мутаассибшавии ҷавонон ва шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ гирифта шавад.     

       Доир ба такмили дониши руҳониён доир ба дин ва масоили марбут ба дин камбудии асосии онҳо дар дур будани онҳо аз нигоҳ ва мавқеи илмист. Пӯшида нест, ки ҳама гуна дин таълимоти худро дуруст ва таълимоти ғайрро нодуруст арзёбӣ менамояд. Чунин мавқеъгирӣ ибтидои нигоҳи ғайриилмӣ ба дин буда, сарчашмаи таассубу ифрот маҳсуб меёбад ва ҳамзамон ифодаи  бетаҳаммулӣ ба арзишҳои динии дигар қавму кишварҳо арзёбӣ мегардад. Руҳониёни кишварро зарур аст, ки пеш аз ҳама доир ба таърихи дин аз нуқтаи назари муаррихони сатҳи ҷаҳонии эътирофшуда огоҳ бошанд. Огоҳии воқеъбинона аз таърихи ташаккул ва рушди дин сатҳи қудсиятнокии арзиши диниро коҳиш дода, пеши роҳи ташаккули таассуби диниро мегирад ва ҳамзамон барои рушди таҳаммулпазирӣ мусоидат менамояд. 

Дар самти мазкур нишон додани мавқеи арзишҳои дунявӣ дар дин ва дар ҳаёти инфиродию ҷамъиятии руҳониён низ аз аҳамияти бузург бархӯрдор мебошад. Бо нишон додани мавқеи арзишҳои дунявӣ имконият пайдо мешавад, ки нақши тафаккури илмӣ ва эътиқодӣ низ дар ин ҷодаи ҳаётан муҳим ифшо гардад. Аз тарафи рӯҳониён дарк карда шудани ҳолати рақобатпазир набудани тафаккури эътиқодӣ дар муқоиса бо тафаккури илмӣ  имконияти интишори  тафаккури эътиқодиро маҳдуд намуда, барои рушди тафаккури илмӣ майдони васеъ фароҳам меоварад.   

Дар самти мазкур бемавқеъгии рӯҳониёни кишвар низ таваҷҷуҳи ҷиддиро тақозо менамояд. Дар Аврупо дар  қарни 13 рӯҳонии итолиёвӣ Марсели Падуянӣ, ки дониши дунявӣ, аз ҷумла фалсафӣ дошт, новобаста аз мавриди таъқиб қарор гирифтанаш аз тарафи рӯҳониён, бо такя ба нишондоди Библия ҷудоии дин аз давлатро асоснок намуд. Рӯҳонии амрикоӣ Рональд Ролҳейзер дар зери таъсири равандҳои дунявии ҷомеа масеҳиятро муғризона ва барғалат тифли гаҳворавии дунявият номид. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо агарчанде гурӯҳҳои ифротии бегонаасос мафкураи ҷавонони моро мағзшӯӣ  менамоянд, рӯҳониёни кишвар дар умум бетарафиро ишғол намудаанд. Агар гоҳ-гоҳ аз тарафи онҳо садое бароварда мешавад, он самимӣ набуда, хосияти худнишондиҳӣ дорад. Таҳлилу мушоҳидаҳо равшан нишон медиҳанд, ки зимни имконияти интихоби арзишҳои миллӣ онҳо бетафовутиро ихтиёр менамоянд. Дар самти мазкур дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, миллатдӯстӣ ташаккул додани шахсияти рӯҳониён ва воизони дини кишвар аз масоили аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.  

Масъалаи дигар дар самти мазкур  проблемаи дониши динӣ-ҳуқуқии рӯҳониёни кишвар ва воизони дин маҳсуб меёбад. Огоҳӣ аз мундариҷаи қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон»  ва меъёрҳои байналхалқии риояи ҳуқуқи инсон барои биниши нави рӯҳониён мусоидат намуда, дар онҳо хислатҳои таҳаммулпазириро тарбия менамояд. Зимни баҳогузорӣ ба масъалаи мазкур  муайян намудани муносибат ба инсон хеле муҳим аст. Одатан дар ин замина ба инсон чун махлуқи аз тарафи Худо муакаллафшуда муносибат мекарданд. Зарур аст, ки дар ин ҷода бо назардошти пешрафти ҳуқуқии  ҷомеаи башарӣ  ва хусусияти дунявии конститутсияи кишвар муносибат ба инсон ҳамчун як фарди масъули пешрафти ҷомеа шарҳу тафсири динӣ касб намояд.

Дуруст аст, ки ҳар сол бо рӯҳониёни кишвар баҳри такмили дониши онҳо ким-кадом  гурӯҳе дарс мегӯяд. Дар ин самт хеле муҳим аст, ки кӣ дарс мегӯяду чӣ мегӯяд.  Зеро, чуноне, ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар солҳои охир  новобаста аз дарсҳои имомхатибон ҳолати мутаассибшавии ҷавонон зиёд мешавад на кам. Пас, чораҳои муассиртаре бояд ба роҳ андохт. 

Дар охир ба  ҷои хулоса таъкид намудан мехоҳем,  ки агарчанде кор бо рӯҳониёни кишвар ба салоҳияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо тааллуқ дорад, лекин таҳлили вазъи динии кишвар, муайян намудани самтҳои асосии ҳаракати он, муайян  намудани мақом ва нақши рӯҳониён дар самтгирии вазъи динии кишвар, махсусан интишори афкори номатлуб  дар  байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, муайян намудани олами маънавии насли  ҷавон, ки вазифаи пешбурди ҳаёти ҷомеаро ба ӯҳда хоҳад дошт, махсусан мушаххас намудани силсилаи арзишҳое,  ки насли ҷавони имрӯза таваҷҷуҳ зоҳир менамояд, ба масъулияти тамоми зиёиёни воқеии кишвар, махсусан ниҳодҳои давлатии ба дин алоқаманд тааллуқ дорад. Набояд фаромӯш сохт, ки ҷомеа чун оила аст. Чуноне ки волидон ба арзишсамтгири ҷавонон бетараф нестанд, ҳамин тавр масъулини ҷомеа низ ба масъалаи мавриди матраҳ  қарор додашуда набояд бетараф бошанд.  

 

Абдухалилзода К. А.

Яндекс.Метрика