ТАНЗИМИ ИДҲОИ ДИНӢ : ТАҚОЗОИ ЗАМОН ВА ТАЛАБОТИ ШАРЪ

Истиқлолияти давлатӣ ва бунёди давлати миллӣ имконият фароҳам овард, ки халқи тоҷик бо таваҷҷуҳ ба асолати таърихии худ ба арзишҳои ҷовидонаи фарҳанги миллӣ рӯ орад, онро арҷгузорӣ намояд ва дар робита ба рушду пешрафти ҷаҳони муосир чунин арзишҳоро таҳким бахшад. 
Дар нахустин солҳои соҳибихтиёрии давлатӣ дар баробари дигар самтҳои марбут ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи анъанаҳои неки гузаштагон, тамйизи маросимҳои асил аз хурофот ва дар доираи манфиати умум ба танзим даровардани расму оинҳо кӯшишҳои судмандеро ба харҷ  дод. Аз ибтидо, таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо аз ҷониби мардуми Тоҷикистон ба хубӣ мавриди истиқболи гарм қарор гирифт. Зеро ҳамагон дарк намуданд, ки ба қавли Пешвои муаззами миллат: “То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблаѓҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем”.
Ин буд, ки соли 2007 дар натиҷаи ҳамовозии қишрҳои мухталифи ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид ва инак, ҳабдаҳ сол мешавад, ки халқи тоҷик маъракаву маросимҳои хурсандиву азодории худро дар доираи талаботи ин қонуни сирф миллӣ баргузор мекунад. 
Натиҷаҳои фаъолияти қонуни мазкур барои ҳар фарди ҷомеа мисли оина равшан аст. Зеро тавре ки ишора шуд, қисмати умдаи ҷашну маросимҳои марбут ба ҳаёти рӯзмарраи халқ дар бандҳои алоҳидаи қонун таҷассум ёфтаанд ва қонун меъёри баргузории маросимҳоро муайяну дақиқ намудааст. 
Аммо ҳанӯз ҳам бархе аз ҷашну маросимҳое боқӣ мондаанд, ки расидагӣ ба онҳо ва гунҷоиш додани онҳо дар доираи талаботи қонун амри ногузир мебошад. Масалан, дар бархе аз манотиқи кишвар мардум дар баргузории иди саиди Фитр ва иди Қурбон бо оростани дастурхонҳои дабдабанок ба зиёдаравию исрофкориҳои зиёде даст мезананд, ки албатта қобили қабул нест. Аз сабаби он ки тартиби баргузории иди саиди Фитр ва иди Қурбон дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дарҷ нашудааст, мутахассисони соҳа наметавонанд бо роҳҳои қонунӣ чунин равандро ба танзим дароранд. 
Дар воқеъ, имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон моҳияти аслии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дарк намудааст ва ин аст, ки ба унвони мақоми ваколатдори соҳа дархостҳо дар мавриди ба танзим даровардани баргузории ин идҳо низ ворид мешаванд. Дарки ин нукта муҳим аст, ки ба танзим даровардани шеваи баргузории ид ва дастархонороӣ ҳаргиз маънои маҳдудияти баргузории идро надорад. Зеро давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар иду ҷашнҳои миллӣ ба идҳои марбут ба фарҳанги исломӣ арҷ ва эҳтироми хосса мегузорад ва идҳои Рамазон ва Қурбон низ дар радифи ҷашнҳои муҳими милливу давлатӣ ҳамчун рӯзи истироҳатӣ пазируфта шудааст. 
Сайри таърихи садри ислом ва таваҷҷуҳ ба манобеи аслии дини мубини ислом – Қуръони карим ва суннати набавӣ гувоҳ аст, ки густурдани дастурхони пурдабдаба дар рӯзҳои ид ва дар маҷмӯъ зиёдаравию исрофкорӣ ҳаргиз хоси талаботи шариати дини мубини ислом нест. Зеро Қуръон сароҳатан баён медорад, ки шахси мусулмон бояд аз неъматҳои Парвардигор оқилона истифода кардаву ҳаргиз ба исрофу зиёдаравӣ роҳ надиҳад:
“Исроф макунед, ки Худованд исрофкоронро дӯст намедорад” (Сураи “Анъом”, ояти 141).
Аҷибии масъала дар он аст, ки чунин шеваи дастурхонороие, ки дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон сурат мегирад, дар ҳеҷ яке аз кишварҳои исломӣ дида намешавад. Пас, ҳоло вақти он расидааст, ки ҳамватанони мо сари ин масъала мулоҳиза бикунанд. 
Аслан ҷавҳари аслии фарҳанги исломӣ, махсусан идҳои Рамазон ва Қурбонро ҳамдигарфаҳмиву рафоқат, ҳусни тафоҳум, бародарию баробарии мусулмонҳо ташкил медиҳад. Воҷиб гардидани фитри рӯза ва закот (барои ашхоси ғанӣ) бар мусулмонҳо дар арафаи иди Рамазон ҳам ба ҳамин маъност, ки дорандагону саховатмандон дар ин рӯз дасти ёрӣ ба эҳтиёҷмандону бенавоён, ятимону барҷомондагон дароз бикунанд, то онҳо низ дар ин айём рӯҳияи идона дошта бошанд. Аммо аз чӣ бошад, ки бархе аз ҳамватанони мо дар арафаи идҳои Рамазон ва Қурбон савобро танҳо дар додани таом дида, дастурхони худро аз анвои мухталифи ғизо пур мекунанд, ки дар натиҷа ба исрофу зиёдаравӣ мерасад. Аҷибаш ин ки ҳар як хонавода, чӣ дорову чӣ нодор ҷаҳду кӯшиш мекунад, ки дастурхони яке аз дигаре бо афзунии анвои мухталифи ғизо мутафовит бошад. Гӯё касе онҳоро барои анҷом додани ин кор маҷбур мекарда бошад. Дар ҳоле, ки Худованд дар Қуръони маҷид мефармояд:
“Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноиаш воҷиб намекунад” (Сураи “Бақара”, ояти 286).
Гузашта аз ин, талаботи аз ҳад зиёд ба маводи озуқа дар ин айём боис мегардад, ки арзиши маводи хӯрока дар бозорҳо ба маротиб афзоиш ёбад, ки ин омил ҳам ба яке аз мушкилоти асосии оилаҳо мубаддал мегардад. 
Натиҷаи таҳлилҳои мақоми ваколатдори соҳа собит месозад, ки бештари мардум бо мақсади “аз ҳаққу ҳамоя ақиб намондан”, “дар назди ёру ошно шарманда нашудан” даст ба чунин исрофкориҳо мезананд ва ҳамакнун талаб доранд, ки мақомот бо андешидани тадбирҳои қонунӣ онҳоро аз ин “дард”-е, ки худ эҷодаш кардаанд, халос кунанд.  
Ташкили густурдаи микрофонҳои озод ва ба роҳ мондани пурсиши сотсиологӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳа бори дигар боис гардид, ки мардум андешаҳои худро дар робита ба бурду бохти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баён доранд. Чанде пеш пурсиши сотсиологии Кумита муайян намуд, ки 97 дарсади аҳолии мамлакат ҷонибдори татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошанд. Ҳамзамон, ҳамагон шоҳид гардидем, ки бештари сокинони вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ аз ба танзим даромадани аксари маъракаҳои хурсандиву азодорӣ қаноатманд буда, ҳамзамон пешниҳод мекунанд, ки дар баробари ин, тартиби баргузории иди саиди Фитр ва иди Қурбон низ ба як низоми муайян дароварда шавад. Ҳатто дар ин самт, сокинони шаҳри Ҳисор ва баъзе аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар рӯзҳои иди Рамазон намуна буданд. Онҳо дастурхони дорои паҳнои ҳудуди як метрро густурда, дар он анвои ширинии маҳсули дасти бонувон ва меваҳои ватаниро гузоштанд, ки ба назар мақбул менамуд. Воқеан ҳам, дар рӯзи ид агар ба ҳар як хонавода 8-10 гурӯҳи иборат аз 5-6 нафарӣ аз субҳ то шом меҳмон шавад, пас метавон онҳоро бо оростонаи чунин дастуррхони намунавии хоксорона меҳмондорӣ намуд ва дигар ба оростани дастурхонҳо калону бодабдаба ниёзе намемонад. Дар ҳолати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” метавон аз ин таҷриба истифода намуд.  
Таъкид бамаврид аст, ки тартиби баргузории идҳои Рамазон ва Қурбон дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон якранг нест. Ин идҳо дар аксари манотиқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба ваҷҳи соддаву писандида ва бидуни исрофкориву зиёдаравиҳо сурат мегиранд. Таҷрибаи манотиқи шимоли кишвар, махсусан водии Зарафшон низ дар ин самт қобили дастгирист. Масалан, дар водии Зарафшон мардони деҳа як рӯз қабл аз ид дар назди чойхона, масҷид ё дигар ҷои ҷамъиятӣ ба ҳам меоянд ва роҳбарони деҳа мардумро ба муносибати ид табрик мегӯянд. Сипас, шахси масъул рӯйхати фавтидагон аз иди гузашта то ин идро ба навбат қироат мекунад. Имоми маҳал дар алоҳидагӣ ба рӯҳи ҳар як майит ояте мехонаду ҷамъомадагон дасти дуо мебардоранд. Баргузории ид миёни занони деҳа ҳам ба тартиби зикршуда сурат мегирад. Баъдан, ашхосе, ки надиконашон фавтидаанд, ё ба истилоҳ “мурдадорон” ба қабристон рафта, ба рӯҳи гузаштагон дуо мекунанд. Бо ҳамин маросими ид дар ин минтақа ба охир мерасад. Бе додани ҳеҷ гуна таом ва бе хароҷоти зиёдатӣ. 
Бо зикри ин нуктаҳо ба хулосае расидан мумкин аст, ки ҳоло вақти он расидааст, то тартиби баргузории иди Рамазон ва Қурбон низ дар доираи қонунгузории кишвар, махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Зеро ин амал ҳам тақозои замон, шариати ислом ва мардуми мусулмони Тоҷикистон мебошад. 
 
А.Ваҳобзода
Муовини директори Маркази исломшиносӣ 
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яндекс.Метрика