Танзими ҳуқуқии анъанаву маросимҳо омили рафъи таассуб ва хурофот (қисми II)

Танҳо баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гашт, ки қонунҳои миллии худро қабул ва дар амал рўи кор барорад. Баъд аз гузашти замоне, ки миллат марҳилаи бисёр даҳшатборро пасӣ сар карда буд, ба Ҳукумати кишвар имконпазир гашт, ки тавассути қабули қонуну қарорҳои сиёсӣ муносибатҳои иҷтимоиро танзим ва ба бетартибию зиёдаравиҳо хотима бахшад. 

 

Вобаста ба масъалаи ҷой доштани таассубу хурофот ва зиёдаравию бегонапарстӣ дар фарҳанги миллӣ таҳлилҳои коршиносона борҳо рўи кор баромадааст ва маҳз бо таҳлилу пешниҳодоти коршиносон ва ризояти мардуми шарифи кишвар танзими урфу анъаноти ҳам миллӣ ва ҳам динӣ зери назорат қарор гирифт. Тавре, ки гуфта шуд, соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" содир шуда, дар заминаи он комиссияҳои ҷамъиятӣ барои бартарафсозии камбудиҳо дар самти гузаронидани ҷашну маросимҳо ва пешгирии исрофкорию зиёдаравиҳо таъсис ёфта буд. Вале, раванди баргузории ҷашну маросимҳо нишон дод, ки бартараф шудани мушкилиҳо дар ин самт ѓайри имкон аст. Аз ин рў, Ҳукумати мамлакат қабули қонуни махсусро дар ин самт зарур ва саривақтӣ шуморид. Баъд аз омўзишу баррасиҳои зиёд таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" соли 2007 имкон дод, ки танзими ҳамагуна урфу одат ва ҷашну маросим дар чаҳорчўбаи муайян қарор гирад.

 

Қонуни мазкур, ки ҷиҳати пешгирии хароҷоти зиёдатӣ, роҳ надодан ба зиёдаравӣ ва исрофкорӣ, баланд бардоштани ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар, танзим намудани ҷашну маросимҳои миллӣ ва динӣ равона гардидааст, имконияти хуби молию пулиро барои гузаронидани ҷашну маросимҳо ва риояи меъёрҳои иҷтимоиро фароҳам овард. Вобаста ба ин масъала сарвари давлат дар ҷаласаи умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросими динӣ соли 2007 нуктаи муҳимеро қайд намуданд: "Мо имрўз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму оинҳои халқӣ ва маросими динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва тассубу хурофотпарастӣ оѓози нек бахшем" [1]. 

 

Дар зарфи даҳ соли нахустини амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" муайян гашт, ки дар ин самт ҳанўз ҳам камбудиҳо ҷой доштааст. Дар ин маврид, қайд гардидааст, ки: "Агарчӣ қонуни мазкур ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид намуданро танзим намояд, вале татбиқи амалии он нишон дод, ки дар ин росто баъзе камбудиҳо низ вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз, соли 2017 бо пешниҳоду хулосаҳои мардуми кишвар ва мақомоти дахлдори соҳа ба қонуни мазкур таѓйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки боиси бартараф намудани камбудиҳои соҳа ва фароҳам овардани имконияти хуб барои баргузории ҷашну маросимҳо дар чаҳорчўбаи муайян гардид. Вобаста ба тартиби муайян ва ба танзим даровардани ҷашну маросимҳо дар ҳар як мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ комиссияи доимии маҳаллӣ таъсис дода шуд. Таҳлилҳо дар соҳаи ба танзим даровардани ҳамагуна урфу одатҳои мардумӣ нишон медиҳад, ки аксари анъанаҳое, ки хусусияти хурофотӣ доштанд, аз байн рафта, гузаронидани маъракаҳои азодорӣ тибқи талаботи шариат сурат гирифта истодаанд" [2].

 

Тавре, ки устод О.Вализода қайд кардаанд: "Ба имзо расидани чунин қонун кори саҳлу осон набуд, зеро он ба масъалаҳои ҷиддии равонӣ ва иҷтимоӣ дар бобати бургузории маъракаҳои хурсандӣ ва азодорӣ бастагӣ дошт" [3].

 

Қабули қонуни мазкур, ки бе восита бо ташаббусу талошҳои Пешвои миллат рўи кор баромада буд, соли 2017 дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" зикр доштанд, ки: "Таҷрибаи 10 соли амали Қонуни мазкур нишон дод, ки он барои ба низом даровардани анъана, маросиму ҷашнҳои миллию динӣ, инчунин дигар суннатҳои мардумӣ нақши барҷаста гузошт. Санади мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошта, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод" [4]. 

 

Дар воқеъ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки санади муҳими миллӣ ва ҳуқуқӣ маҳсуб мегардад, нишон дод, ки баргузории маросимҳои миллӣ ва динӣ дар чаҳорчўбаи муайян сурат гирифта, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ҳифзи арзишҳои миллию динӣ нақши муҳим бозидааст. Ҳамчунин, арзишҳои миллию динӣ, ки заминагузори анъанаву маросимҳоянд, дар доираи меъёрҳои муайяни ҳуқуқӣ танзим гардида истодаанд. 

 

Адабиёт:

1. Истиқлолияти давлатӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ (маҷмўи мақолаҳо). - Душанбе, 2021. саҳ. 180.

2. Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (маҷмўаи илмӣ-таҳқиқотӣ). - Душанбе, 2018. саҳ. 194.

3. Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар ҷаласаи умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ аз 24.05.2007. / Ҷумҳурият, №62 (21269) аз 26.05.2007.

4. Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 11.07.2017. / Садои мардум, №83 (3720) аз 13.07.2017.

 

Одинаева Ш. - сармутахассиси шуъбаи пажўҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

 

Яндекс.Метрика