Таносуби арзишҳои дунявӣ ва динӣ

Дар ҷомеаи имрӯза  дар шароити бархӯрд ва рақобати гоҳ ошкору гоҳ пинҳонии  фарҳангу арзишҳои мухталиф масъалаи муайян намудани таносуби арзишҳои дунявӣ ва динӣ шомили аҳамияти бузурги ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ мебошад. Аҳамияти назариявии масъала дар он ифода меёбад, ки он ба зеҳни хонанда далоили ақлию мантиқиро пешниҳод намуда, дар интихоби мавқеи дуруст ва барои ӯ ва ҳам ҷомеаи ӯ кӯмаки муфид менамояд. Аҳамияти амалии масъалаи баёнгардида дар иҷтиноб намудани хонанда аз пайравӣ ба аъмоли хурофотию кайҳо моҳияти тақлидиро касбнамуда ифода ёфта, ҳамзамон барои интиқоли  тафаккури сатҳии динӣ ба тафаккури бунёдгаройии динӣ ва ё интиқоли тафаккури шахси шомили ҷаҳонбинии заифи илмӣ  ба ҷаҳонбинии динӣ монеа эҷод  менамояд ва ҳамин тавр, раванди заиф гардидани мақом ва аҳамияти низоми дунявиро дар мафкураи аҳли ҷомеа пешгирӣ менамояд.

Бидуни шак масъалаи мазкур хусусияти маърифатӣ-иттилоотӣ дошта, ҳамзамон аз аҳамияти бузурги методологӣ низ бархӯрдор  мебошад. Аҳамияти методологии масъалаи мазкур дар нишон додани ногузирӣ ва ҳатмӣ будани падидаю арзишҳои дунявӣ  барои дилхоҳ  ҷомеаи башарӣ ифода меёбад. Аҳамияти маърифатӣ-иттилоотии масъалаи зикршуда махсусан барои ҷомеаҳое, ки дар онҳо бо мурури замон тамоюли дингаройӣ тақвият меёбад, ва ё ҷомеаҳое, ки аҳли онҳо аксаран ҷаҳонбинии динӣ ба маъраз мегузоранд, равшан ба зоҳир мерасад.

Ҳалли масъалаи мавриди таҳқиқ тақозо менамояд, ки ба саволҳои зерин ҷавоб гардонда шавад:

- оё метавон ин ё он марҳилаи инкишофи ҷомеаро ном бурд, ки дар он арзишу падидаҳои дунявӣ асосӣ ва муйянкунанда набошанд?

- чун дар ҳама гуна  ҷомеа ва дар ҳама гуна марҳилаҳои инкишофи он ашхоси дур аз арзишҳои диниро метавон вохӯрд, оё метавон фардеро номбар намуд, ки бидуни арзишҳои дунявӣ зиста бошад?

- имрӯз бо арзишҳои дунявӣ ба таври ҷиддӣ ва дилчаспии зиёд фаро гирифта шудани ашхоси дингароро магар наметавон ҳамчун раванди хусусияти сатҳи пайдо кардани дингароӣ ва тадриҷан мавқеи комилан ҳукмронро касб намудани арзишу падидаҳои дунявӣ дар ҷомеа номид? 

   -бо чунин суръати баланди рушди  илму технологияи ҷадид, ки дар як муддати кӯтоҳ – ҳатто сад соли пурра сипарӣ нашудааст – ногузирии арзишу падидаҳои дунявиро амалан асоснок намуда, афзалияти низоми дунявиро собит намуд, ва ҳамзамон барои ҳукмравоии комили он дар миқёси тамоми ҷаҳон заминаҳои устувор фароҳам овард, баъд аз сад, дусад ё панҷсад соли дигар ояндаи дин ва арзишҳои диниро чӣ тавр метавон тасаввур намуд? Ба қавли дигар, имрӯз мақом ва нақши дин дар ҳаёти инфиродӣ ва ҷамъиятии одамон нисбат ба садсоли пешин хеле костааст, вай баъд аз сад соли оянда дар кадом ҳолат қарор хоҳад гирифт?

Пеш аз посух ба саволҳои гузошташуда зарур мешуморем, ки худи мафҳумҳои падидаҳои дунявӣ ва динӣ кушода шаванд. Дар зери мафҳуми падидаҳои дунявӣ падидаҳое фаҳмида мешаванд, ки онҳо барои бароварда сохтани манфиатҳои моддии воқеии одамон дар ҷомеа, чун хушу гуворо сохтани муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи накӯаҳволӣ, дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани вазъи  саломатӣ ва амсоли  инҳо нигаронида шудаанд. Падидаҳои динӣ бошанд, маҷмӯи гуфтору рафторҳоеро дарбар мегиранд, ки барои дарёфти ризоияти Худо ва  тавассути он ба ноил гардидан ба биҳишти ҷовидон дар он дунё нигаронида шудаанд. Ба таври мисол ҳамду сано хондан ба худо, намоз гузоридан, барои худо рӯза доштан, барои ризоияти ӯ қурбонӣ кардан ва ғайра аз ҷумлаи падидаҳои динӣ маҳсуб меёбанд.

Ҳамин тавр, ба саволи якум ҷавоб гуфта, таъкид намудан мехоҳем,  ки  ба инсон новобаста аз макон ва марҳилаи рушдаш хоҳишу талаботи хӯроки хуб хӯрдан, либоси нағз пӯшидан ва дар макони гуворо зистан хос мебошад. Ҳамин хоҳишу талаботи табиии зикршударо ба инобат гирифта, дин ба инсони эътиқодманд биҳиштро бо тамоми неъматҳои фаровони моддӣ ваъда намудааст. Ҳамин хоҳишу талаботи табиии инсон вайро дар тамоми тӯли ҳаёти моддияш пайваста водор намудааст, ки барои ҳар чӣ бештар хушу гуворо зистан саъю талош намояд. Ҳамин хоҳишу талаботи пайвастаи қонеъ кардани талаботҳои моддию маънавӣ, ки онро дар оғоз ҳисси ба инсон хоси кунҷковӣ ва баъдан пайдоишу рушди илм пайваста ҳамроҳӣ намудааст, барои тавлиди падидаҳои дунявӣ роҳу имкониятҳои васеъро боз намудааст.Бинобар ин, дар робита ба саволи аввал изҳор медорем, ки дар ҳамаи марҳилаҳои рушди  ҷомеа арзишу падидаҳои дунявӣ асосӣ ва муайянкунанда будаанд. Муаррихони дин зикр мекнамоянд, ки одами ибтидоӣ пеш аз шикор ба объекти эътиқоди худ муроҷиат намуда, барои шикори бобарор мадад меҷуст. Ҳангоме, ки шикор бобарор анҷом намеёфт, вай объекти худро шикаста предмети дигарро объекти эътиқод қарор медод. Дар робита ба маънои баёнгардида дар Қуръон мо бо оятҳое вомехӯрем, ки дар онҳо сароҳатан гуфта мешавад, ки бутҳои шумо ба шумо кӯмак расонида наметавонанд.Аз ин маъно чунин хулоса бармеоядл, ки манфиати дунявӣ дар интихоби объекти эътиқод аз назари Қуръон низ дар канор намондааст. Андешаҳои баёнгардида  инчунин бо сатҳи интишори тотемизм низ асоснок мегардад. Қабилаҳои ибидоии  Австралия ҳамон ҳайвонеро тотеми худ қарор медодаанд,  ки ғизои асосии онҳо ба шумор мерафтааст.  Далоили овардашуда ба таври қотеъ собит менамоянд, ки дар ҳамаи марҳилаҳои  инкишофи ҷомеа барои инсон арзишу падидаҳои дунявӣ асосӣ ва муайянкунанда будаанд. Яъне, агарчанде дар зинаҳои ибтидоии инкишофи ҷомеа арзишу падидаҳои динӣ дар ҳаёти одамон нақш ва мақоми муҳим доштаанд, лекин дар умум онҳо низ барои хуш гузаронии ҳаёти дунявӣ нигаронида шуда будаанд: онҳо мавҷуди фавқуттабиаро мепарастиданд то барои шикори бобарор, ғизои хуб, эминӣ аз хатарҳои мухталиф кӯмак намояд, ё ҳолати оромии руҳии ҷисмашонро таъмин намояд.

Ба сифати  ҷавоб ба саволи дуюм қайд менамоем, ки на танҳо имрӯз, балки ҳатто дар қуруни вустою аҳди  қадим низ афроде буданд, ки  арзишу падидаҳои диниро на танҳо ҳеҷ эҳтироме қоил набуданд, балки боҷуръатона бар зидди онҳо мубориза мебурданд. Аммо дар таърихи башарият фардеро наметавон ёфт, ки бидуни арзишҳои дунявӣ зиста бошад. Гузашта аз ин, имрӯз мо баръало мушоҳида менамоем, ки ҳатто ҳадафи  аслии дингароёни бунёдгаро маҳз  арзишҳои дунявӣ маҳсуб меёбанд. Кӯшиши одами ибтидоӣ барои аз ҳуҷуми даррандагон ҳифз намудани худу наздикони хеш, имрӯз саъйи пайваста барои  умри дароз доштан, хоҳишу талаботи хуб зистан, пайваста хӯроки болаззат ва хуштаъм хӯрдан аз табиати биологии инсони ҷамъиятӣ бармеояд. Пас, арзишу падидаҳои дунявӣ баръакси арзишу падидаҳои динӣ хусусияти ногузирӣ, ҳатмигӣ ва ҳамагонӣ доранд. 

Ба саволи дуюм ҷавоб дода, ба саволи сеюм низ қисман ҷавоб додем. Ба таври илова ёдрас менамоем, ки дингароён дар тӯли асрҳои зиёд бар зидди рушди улуми табиию навгониҳо дар ҷомеа мубориза бурда, имрӯз худ пойбанди комили навгониҳо дар ҷомеа гардидаанд. Зуҳду парҳезгорие, ки дар тӯли қарнҳои зиёд аз тарафи донишмандони дин тарғиб мегардид, ба шарофати хосияти ҳамагониро касб намудани арзишу падидаҳои дунявӣ осорхонаро мақоми доимии хеш қарор додаанд. Аммо чизе, ки дар ин самт равшан ба чашм мерасад, аз тарафи донишмандони дин ба шароити нав мутобиқ сохтани талаботу донишҳои динист. Аммо новобаста аз ин конкордизмҳо(мутобиқсозиҳо) эҳсос мегардад, ки хусусияти фарогирро касб намудани арзишу падидаҳои дунявӣ имконият фароҳам овардааст, ки онҳо на танҳо дар ҳаёти моддии дингароён, балки дар ҳаёти маънавии онҳо, аз ҷумла дар сатҳи шуури динии онҳо тағйирот ворид намояд. Чуноне ки сотсиологи амрикоӣ Л.Зайнер қайд намудааст, дар зери таъсири дунявишавии ҷомеа қабати зоҳирии дин ва шуури динӣ боқӣ мемонад, аммо мундариҷаи он дигаргунӣ мепазирад.

Дар робита ба саволи чорум бояд гуфт, ки аллакай имрӯз дар олами масеҳӣ ва ҳиндуия ба таври чашмрас коста гардидани нақш ва мақоми дин дар ҳаёти инфиродӣ ва ҷамъиятии одамон равшан эҳсос мегардад.  Рӯҳонии шинохтаи амрикоӣ Р.Ролҳейзер дар китобаш «Дунявият ва Инҷил»аз холигии калисоҳо фиғон ба фалак кашида, ба хотири аз байн бурдани тафриқа байни дунявият ва диният ва бо ин роҳ ба калисо ҷалб кардани одамони дунявишуда аз ноилоҷӣ дунявиятро кӯдаки гаҳворавии Инҷил номидааст. Ҳол он ки рӯҳонии дигар Марсели Падуянӣ дар китобаш «Ҳомии сулҳ» байни ду падидаи баёнгардида  мавҷудияти тафовути ҷиддиро асоснок намуда, бо истифода аз гуфтор ва рафтори Исо фазо ва ҳудудҳои амалкарди дунявият ва диниятро дар ҷомеа мушаххас сохтааст.

Дар хусуси коста гардидани мақом ва нақши арзишу падидаҳои динӣ дар ҳаёти инфиродӣ ва динии одамон дар Ҳиндустон ҳаминро бояд гуфт, ки бо саволи зикршуда ба донишҷӯёни Ҳиндустон муроҷиат намудем, онҳо заъифу коста гардидани нақш ва мақоми динро дар ҳаёти инфиродӣ ва ҷамъиятии хеш тасдиқ намуданд. 

Дар хусуси вазъ дар олами ислом ҳаминро бояд гуфт, ки муҳити исломӣ низ аз таъсири равандҳои дунявишавӣ дар канор намондааст, агарчанде раванди мазкур дар муқоиса бо кишварҳои пешрафта ба сабаби қафомонии илмӣ сусттар сурат гирифта истодааст. Чизе ки дар ин самт хурсандибахш аст, аз он иборат аст, ки имрӯз баъзе афроди бадиндодашуда фарзандони худро дар макотиби дунявӣ таълим дода истодаанд, ки падидаи мазкур худ нишони қувват ёфтани падидаҳои дунявӣ  дар муқоиса бо падидаҳои динӣ мебошад. Доир ба раванди дунявишавии аҳли олами ислом ва афзудани таъсир ва нақши арзишу падидаҳои дунявӣ дар ҳаёти инфиродӣ ва ҷамъиятии мардуми мусулмон далелҳо зиёданд. Гумон менамоем, ки таҳлили масъалаи мазкур мавзӯи баҳси алоҳида аст. Ин ҷо танҳо бо ҳамин нукта иктифо менамоем, ки  арзишу падидаҳои динӣ тадриҷан хусусияти сатҳӣ, тақлидиро касб намуда, бештар ҳукми анъанаро гирифта истодааст.

Аммо дар хусуси он ки баъд аз сад ё панҷсад соли оянда дар ин самт чӣ тағйирот рӯй хоҳад дод, мо ба пешгӯикунӣ даст заданӣ нестем, эҳтимол онҳо номи «хурофот»-ро касб намоянд. Аммо бидуни дудилагӣ  ҳаминро гуфтанием, ки оянда аз имрӯз вобаста аст. Агар дар ҷомеа ҳар чӣ бештару амиқтар тухми илму маърифати дунё кошта шавад, ба ҳамон андоза ояндаи дунё равшан хоҳад буд.  

Абдухалилзода К.А. -  Сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика