Тарбияи фарзанди хуб - хизмат барои рушди ояндаи миллат

«Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун».

 
Муҳаммад Ғаззолӣ
 
Масъулият худ эҳсосест, ки дар рафтори ҳар як шахсияти поквиљдон ва соњибиродаи ҷомеаи мутамаддин ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба душаш гузошта шудааст, фањмида мешавад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ин воқеиятро дарк намуда, баҳри таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои кӯдак нақша-чорабиниҳои зиёди ташкилӣ-ҳуқуқиро таҳия ва тадбиқ намуда истодааст. Ислоҳоти ҳуқуқӣ-сиёсӣ дар самти ҳифз ва ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ оғоз гардида, пайваста дар ҳолати рушд қарор дорад.
 
Масъалаи тарбияи кӯдакон бошад, дар сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон ҷойи махсусро ишғол менамояд. Давлат дар сатҳи конститутсионӣ тарбияи кӯдаконро яке аз вазифаҳои асосии худ эътироф намуда, модару кӯдакро таҳти ҳимоя ва ғамхории махсус қарор дода, падару модарро барои таълиму тарбияи фарзанд масъул донистааст (моддањои 33 ва 34-и Конститутсия), ки қонунгузории соҳавӣ дар самти таълиму тарбия ва уњдадорӣ барои иљро накадани масъулият нисбати кӯдакон аз ин меъёри конститутсионӣ сарчашма мегирад. Заминаҳои меъёрии ҳуқуқии муҳофизати кӯдак дар сатҳи дахлдор таъмин аст. Зеро, қонунгузории гражданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои кӯдакро ба таври намоён кафолат медиҳанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (аз 2 августи соли 2011, № 762) аз зумраи ҳуҷҷатҳои муҳимме мебошад, ки хусусият ва моҳияти бузурги иҷтимоӣ ва маънавӣ дошта, дар таълиму тарбияи маънавӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии кӯдакон нақши муассир дорад.
 
Қонуни зикршуда маҳсули хираду адлофарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҷавобгӯи талаботи муҳимми ҳифзи манфиатҳои беҳтарини кӯдакон дар шароити имрӯза аст. Зеро бидуни таълиму тарбия ҳифзи манфиатҳои кӯдакон ва тартиботи ҷомеаро пойдору устувор, ояндаи дурахшони миллату давлатро инкишофёта тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бинобар рушди мунорсибатњои љамъияти ва омезиши фарњанги љањонӣ ва тақозои замон масъулиятеро, ки волидайн баҳри беҳбудии ҳаёти фарзандон иљро мекарданд давлат тавассути меъёрњои императивӣ ба роњ мода истодааст. Қабули қонуни мазкур тақозои замон буда, сарчашмаи худро аз меъёрҳои қисми дуюми моддаи 34-и Конститутсияи мегирад, ки дар он ба тарзи зерин пешбинӣ шудаанд: «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд».
 
Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд. Маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солимақл ва бедордил ояндаи он дурахшон ва бақои миллат побарљо хоњад монд. Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модаронро зарур аст, ки назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандон ҷиддӣ ба роҳ монанд. Чунки ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондан кӯдак метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад, ки ояндаи фарзандони аз таълиму тарби дур бударо хатар интизор аст.
 
Фарзандони дар олаи солим ба воя расидаю тарбияи дуруст гирифта сарчашмаи асосии хушбахтии волидайн ва ояндаи дурахшони давлат мебошанд. Аз ин сабаб, барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст.
 
Қонуни мазкур аз ҷониби дигар ба таърихи тамаддуни миллати тоҷик дар тӯли қарнҳо, ки ба масъалаи тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд, алоқамандӣ дорад. Масалан, агар имрӯз яке аз роҳҳои ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон, бо назардошти таҷрибаи ҷаҳони муосир таъсис намудани ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак маҳсуб ёбад, тоҷикон чунин ниҳодро ҳанӯз дар давраи тамаддуни зардуштӣ дар мисоли фаришта Дрвасп соҳиб буданд. Мавҷуд будани чунин як рамз ё ҳимоятгари ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон бори дигар аз хиради боло, адлофар ва азалии ин мардум гувоҳӣ медиҳад.
 
Кӯдак дар ҳама гуна ҳолат бояд байни онҳое бошад, ки аввалин шуда, ҳифзи иҷтимоӣ мебинанду ёрӣ мегиранд, зеро ғамхории доимӣ дар ҳакқи кӯдакон шарти ногузири ҳастӣ ва рушди халқ, давлат ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд уҳдадориҳои зерин доранд:
1. «Ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд». Яке аз ҷанбаҳои асосии фардияти кӯдак ҳуқуқи ӯ ба ном аст. Яъне, доштани ном кӯдакро ҳамчун фард дар ҷомеа муаррифӣ менамояд. Бинобар ин кӯдак аз лаҳзаи таваллуд фавран, бетаъхир ба гирифтани ном ҳуқуқ дорад. Падару модар уҳдадоранд ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд. Зеро гузоштани номҳои ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона метавонад ба ҳолати равонии кӯдакон ва наврасон таъсири манфӣ расонад. Номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №325 аз 27 июли 2016 тасдиқ карда шудааст, амалӣ мегардад. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ аст. Пас аз таваллуд, фарзандро дар мӯҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд.
 
2. «Барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намоянд». Кӯдак низ ҳамчун як узви ҷудонопазири ҷомеа ва категорияи ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолӣ дар қатори дигар калонсолон ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ дорад. Ин ҳуқуқ аллакай аз хурдсолии ӯ аз он лаҳзае оғоз меёбад ки ӯ аз чанд давраи эмкунӣ мегузарад, ки ин эмкунӣ бар зидди бемориҳои фалаҷ, сурхча ва ғайра амалӣ мегардад. Баъд дар давоми наврасӣ ва ба воярасонии кӯдак падару модарро мебояд аз вазъи саломатии фарзанди хеш огоҳ бошанд ва беаҳмиятӣ зоҳир накунанд.
 
3. «Гаштугузори фарзанди то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд». Шаъну шарафи фарзандро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи бераҳмона нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд; дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзанди то бистсолаашонро манъ намоянд; кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, муассисаҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳҳо, манзили зист, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати тахрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд; ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд; ба фарзанд тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намоянд; аз тарафи фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода шудани интернетро назорат намоянд ва ба ин монанд уҳдадориҳоро қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи падару модар вогузор намудааст, ки саркашӣ намудан аз иҷрои ин уҳдадориҳо боиси ҷавобгарии ҳуқуқӣ мегардад.
 
Бояд қайд намуд, ки ояндаи миллат вобаста ба таълими фарзанд аст, аз ин хотир волидони имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри рӯҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси меҳантдӯстиву худшиносии миллӣ асос гузорад. Дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф набуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчубаи он амал намоянд, зеро ин Қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст.
 
Ҳамаи ин уҳдадориҳои дар боло зикршуда ҳангоми риоя нашудан метавонад оқибатҳои ҳуқуқуқиро ба бор оваранд, ки аллакай аз амалияи ҳуқуқӣ ба қисмати зиёди аҳолии кишвар маълум аст. Тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии падару модар барои риоя накардани уҳдадорӣ дар таълиму тарбияи фарзанд мебошад, ки ҷавобгарии маъмуриро дар намуди огоҳӣ ва љарима аз се то њафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ гардидааст.
 
Ҳамаи ин дар назари аввал як кирдори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ менамояд, аммо ин метавонад оҳиста-оҳиста аз беназоратии волидайн такрор ёфтан гирад ва то ҳатто ба ҷиноят даст задани фарзанд низ оварда расонад, ки мебоист инро бармаҳал пешгирӣ намуд.
 
Эҳсоси масъулияти баланди падарию модарӣ ва тарбияи фарзандони бомаърифат ба ташаккул ва пешрафти ҷомеа мусоидат намуда, барои ба воя расидани наслҳои аз ҳама ҷиҳат соҳиби ақлу иродаи қавӣ ва виҷдони покдошта заминаи устувор мегузорад. Зеро ояндаи ҷомеа дар дасти насли наврас аст, аз ҳамин хотир дар таълим ва тарбияи онҳо дар баробари падару модар, инчунин ҷомеа ва дигар қишрҳои он саҳмгузор бошем.
 
Бо вуҷуди ин, тарбияи аввалин аз оила сарчашма мегирад ва оила аввалин мактаби рӯзгор аст. Аз эҳсоси баланди масъулияти падару модар хулқу атвори ояндаи фарзанд вобастагии калон дорад. Чӣ гуна муносибате ки ӯ дар оила мушоҳида намуд, метавонад дар оянда онро такрор намояд, агар бо маърифат рӯ ба рӯ гашт, муносибати боақлона менамояд, агар бо ҷаҳолат шоҳид гашт, ҷоҳилӣ хулқаш мегардад. «Танҳо маърифат пеши роҳи ҷахолатро гирифта метавонад» (Эмомалӣ Раҳмон). Қонуни мазкур дар афкори тамоми қишрҳои ҷомеа, такони ҷиддиеро ба миён овард, ки акнун тарбияи насли наврас ва масъулияти ояндаи неки онҳо на танҳо як масъалаи оилавӣ балки алакай уҳдадориест, ки аз ҷониби қонунгузорӣ танзим гаштааст ва амалишавии он гарави ба таври дахлдор тарбия намудани фарзанд мегардад.
 
Шосаидзода Ш. – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ
 

 

Яндекс.Метрика