ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ЭҲТИЁҶ БА ЗӮРОВАРӢ НАДОРАД

Муҳимтарин вазифаи волидайн таълим ва тарбияи фарзандон ба ҳисоб меравад. Дар тарбияи фарзандон ва ба воя расонидани насли нерӯманду солим модар нақши меҳвариро иҷро менамояд. Зеро тарбияи дурусти фарзандон дар ҳаёти минбаъдаи онҳо аҳамияти бузург дошта, бисёре аз изтироботи фикрӣ, таҳаввулоти ҳаёт аз дуруст тарбия намудани онҳо вобастагӣ дорад. Ҳамчунин, фарзандон нисбати падару модари худ ҳуқуқу уҳдадориҳо доранд. Падар набояд дар тарбияи фарзандон беаҳамиятӣ намояд ва аз кору рафтори онҳо бехабар бошад. Агар байни падару модар ҳамдигарфаҳмӣ бошад, ҳаққи фарзандон ҳеҷ вақт поймол намегардад. Падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон бояд масъулияти баланд дошта бошанд, чунки фарзандон дар назди падару модар амонатанд. Дар Қуръони карим дар сураи Таҳрим, ояти 6-ум Худованд чунин фармудааст: «Эй мӯъминон, хештан ва аҳли хонаи худро аз оташе, ки оташафрӯзи он мардум ва сангҳо бошанд, нигоҳ доред! Фариштагони дуруштхӯ, сахтрӯ бар он оташ муваккаланд, Худоро дар он чӣ ба онҳо фармудааст, нофармонӣ намекунанд ва он чиро мекунанд, ки ба онҳо ҳукм мешавад». Худованд дар Қуръони карим дар сураи Каҳф, ояти 46-ум фармудааст: «Молу фарзандон ороиши зиндагонии дунё аст ва некиҳои пояндаи шоиста назди Парвардигори ту аз рӯи савоб беҳтаранд ва аз рӯи умед доштан хубтаранд».
Пайғамбари дини мубини ислом Муҳаммад (с) дар бораи ҳаққи фарзанд чунин гуфтааст: «Ҳаққи фарзанд бар падар он аст, ки ба ӯ номи нек бимонад ва навиштан омӯзонад ва чун ба балоғат расад, ӯро хонадор намояд». Дар ҳадисҳои дигар оид ба таълиму тарбияи фарзанд чунин омадааст: «Падар ба фарзанд аз одоб беҳтар чиз надодааст», «Бозии зиёди давраи кӯдакӣ сабаби афзоиши ақл дар калонсолӣ мегардад», «Хонаи бе фарзанд бебаракат аст», «Касе фарзанди хурдсол дорад, бояд бо ӯ бозӣ кунад», «Фарзандони худро гиромӣ доред ва тарбияи хуб кунед, то гуноҳони шумо бахшида шаванд», «Адолатро байни фарзандонатон риоя кунед, ҳамон гуна, ки шумо низ дӯст медоред адолатро нисбататон риоя кунанд», «Ҳар дарахт мевае дорад ва меваи қалби инсон фарзанд аст», «Фарзанди шоиста ва хуб гуле аз гулҳои биҳишт аст».
Агар падару модар соҳибилму соҳибмаърифат бошанд ва фарзанд дар чунин муҳит ба камолот расад, ахлоқи накӯ ва афъоли хуб, илму дониш ва маърифат насиби ӯ мегардад. Табиатан, фарзанд тарбияи падару модарро қабул менамояд, чунонки пайғамбари дини мубини ислом Муҳаммад (с) гуфтааст: «Ҳар фарзанд, ки таваллуд шавад, дар асли офариниш бар имони сириштӣ таваллуд шавад. Сипас, падару модар ӯро яҳудӣ ва ё насронӣ ва ё маҷусӣ гардонанд».
Аммо, агар падару модар аҳли илму маърифат набошанд ва ба тарбияи фарзанд машғул нашаванд, ниҳоли боғи умеди волидайн самарае надода, ҷаҳлу ғурур, ахлоқи нописандидаву афъоли ношоиста шеваи муқаррарии он фарзанд шуда, хору залил мегардад. Падару модар бояд ба фарзандон мушфиқу ғамхор бошанд. Оишаи Сиддиқа (р) нақл менамояд, ки ҷамоае аз бодиянишинон ба сӯҳбати Пайғамбар (с) даррасида аз ӯ пурсиданд: «Шумо фарзандони худро мебӯсед? Расули акрам (с) ҷавоб доданд: Оре! Онҳо гуфтанд: Валекин мо онҳоро набӯсидаем. Расули акрам (с) гуфтанд: Чун аз дили Шумо Худованд раҳматро кашида бошад, ман наметавонам онро ҷой намоям».
Зӯроварӣ нисбати фарзандон танҳо аз шаллоқ задан ва таҳқир кардан иборат набуда, якчанд шаклҳои дигарро низ дар бар мегирад: 1) хушунат ва сӯиистифода; 2) зуроварии ҷисмонӣ; 3) истисмори иқтисодӣ; 4) бепарвоӣ ва саҳлангорӣ; 5) рӯй турш кардан ва пайваста сарзаниш кардан; 6) истифодаи суханҳои носазо, пасту таҳқиркунанда ҳангоми муошират бо фарзанд; 7) диққат надодан ба суханони фарзанд ва камарзиш шуморидани фикру андешаи ӯ; 8) маҳрум кардани фарзанд аз робита бо дигарон.
Падару модар ва онҳое, ки ба таълиму тарбияи фарзандон машғуланд, уҳдадоранд фарзандонро дар рӯҳияи меҳрубонӣ, муҳаббат ва раҳму шафқат таълиму тарбия намоянд. Инчунин онҳо дар таълиму тарбияи фарзандон уҳдадоранд, ки онҳоро нагузоранд дар муносибат бо атрофиён дағалона рафтор намоянд, суханҳои қабеҳ ва носазо гӯянд. Пайғамбари дини мубини ислом Муҳаммад (с), ки барои мо олитарин намунаи ибрат дар таълиму тарбияи фарзандон аст, чунин гуфтааст: «Аз мо нест касе, ки бо фарзандон раҳму шафқат зоҳир накунад».
Таълиму тарбия намудани фарзандон бояд бидуни истифода аз хушунат (зуроварӣ) ва суханони қабеҳ сурат гирад. Фарзандонро бояд чунон таълиму тарбия намуд, ки онҳо ба донишу заковати худ боварӣ ҳосил намуда, одобу ахлоқи хубро аз худ намоянд. Маҳз, дар ҳамин партав пайғамбари дини мубини ислом Муҳаммад (с) гуфтааст: «Худованд раҳмат кунад он падару модарро, ки дар фарзанди худ рафтору муносибати некро нисбат ба волидайн тарбия менамояд».
Бояд қайд кард, ки падар ё модар ҳуқуқ надорад, ки ба фарзанд ҷабр кунанд, ки ин боиси зарари равонӣ ё ҷисмонӣ мегардад. Дини мубини ислом ҳам зарари равонӣ ва ҳам ҷисмониро нисбат ба фарзанд манъ кардааст. Мо бояд дар рушди таълиму тарбияи фарзанд он чизҳоеро, ки вобаста ба эҳтиёҷоташ дар марҳалаи ташаккули он лозим аст, фароҳам орем. Мо бояд ба шахсияти фарзанд эҳтиром гузорем. Ба ӯ дар қадам гузоштан ба ҳаёти мустақилона ва мушкилоти онро паси сар намудан кумак намоем. Дар ин асно пайғамбари дини мубини ислом Муҳаммад (с) гуфтааст: «Бо фарзанд ҳафт сол бозӣ кунед; ҳафт соли дигар ӯро ҳамроҳӣ кунед; баъд ӯро ба ҳоли худ гузоред, то ки зиндагии худро пеш барад». Пайғамбари дини мубини ислом Муҳаммад (с) дар мавриди муҳаббати фарзанд низ гуфтааст: «Фарзанд ҳафт сол сарвар, ҳафт сол фармонбардор ва ҳафт сол вазир аст».
Падару модар, муаллимон ва ҳамаи онҳое, ки бо фарзандон дар марҳилаҳои мухталифи тарбия ва ташаккул кор мекунанд, бояд барои фарзандон намунаи ибрат ва пайравӣ бошанд. Пағамбари дини мубини ислом Муҳаммад (с) ба онҳо хитоб намуда, гуфтааст: «Ба касе, ки дар ислом роҳи хуберо оғоз мекунад ва баъд аз он дигарон аз он роҳ пайравӣ мекунанд, савобе мисли савоби тамоми онҳое, ки дар ин роҳ пайравӣ мекунанд, навишта мешавад. Касе, ки дар ислом роҳи бадеро оғоз мекунад, гуноҳи кардаи худ ва гуноҳи онҳое, ки ба ин роҳ пайравӣ мекунанд, ба дӯши худ мегирад».
Дар хонадоне, ки хушунат ва зӯроварӣ ҳамчун «қоидаи зиндагӣ» қабул гаштааст, фарзандон бештар зарар мебинанд. Чунки аз як тараф шоҳиди лату куби модар аз ҷониби падар ва аз тарафи дигар қурбони чунин зиндагӣ мегарданд. Фарзанде ки дар чунин муҳит ба воя мерасад, аввалан маъюс ва рӯҳафтода гашта, дар оянда як шахси беҷуръат ва тарсу ба воя мерасад. Сониян, чун ба воя бирасад дар ҳаёти оилавии худ аз ҳамон принсипҳое истифода менамояд, ки худ дар хурдӣ мушоҳида мекард, яъне зӯроварии хонаводагӣ барои ӯ низ «қоидаи зиндагӣ», як амали муқаррарӣ маҳсуб мегардад.
Мутаасифона, имрӯз дар ҷомеаи мо аз ҷониби баъзе афроди ҷомеа зуроварӣ нисбати фарзанд як шакли тарбия қабул шудааст. Мо бояд аз ҳар гуна шаклҳои зуроварӣ ҳамчун воситаи тарбияи фарзанд дурӣ ҷуем. Зуроварӣ нисбати фарзанд ҳеҷ гоҳ усули тарбия намудани фарзанд набуда, падару модар набояд ба он рӯ оваранд. Роҳҳои зиёди таълиму тарбияи фарзанд мавҷуд аст, ки падару модар мебояд аз онҳо дар таълиму тарбияи фарзандони худ истифода намоянд, аз қабили ба фарзандон туҳфаҳо додан, бо фарзандон дӯсти ҷони шудан, ба фарзандон маслиҳатҳо додан, бо фарзандон машваратҳо кардан, аз ҳолу аҳволи фарзандон бохабар шудан, ба фарзандон панду насиҳатҳо додан ва ғ.
Омӯзишу тадқиқотҳои муосир нишон медиҳанд, ки зуроварӣ ҳамчун усули таълиму тарбияи фарзандон аз ҷониби волидайн эътироф намегардад. Он падару модаре, ки дар таълиму тарбияи фарзандон ба зӯроварӣ рӯ меоранд, ҳол он ки он амали манъшуда аст, дар хурдӣ худашон қурбони чунин зуроварӣ шудаанд.
Ҳамин тариқ, ҳар як фарди ҷомеа нисбати таълиму тарбияи фарзанд беаҳмияти зоҳир нанамояд, чунки саодати фарзандон саодати зиндагии онҳост. Моро зарур аст, ки нисбати фарзанд ғамхору меҳрубон бошем, ба фарзандони худ одобу ахлоқи ҳамидаи инсониро омӯзонем, чунки онҳо дар дасти мо амонатанд.

Саҷҷоди Муҳаммадшарифзода – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика