Тарбияи ҷавонон - яке аз масъалаҳои муҳими Паёми Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат вазъи маънавии ҷумҳурӣ таҳлили амиқу ҳамаҷониба пайдо кард. Аз ҷумла, ба муҳимтарин масъалаи доғи рӯз – тарбияи насли ҷавон. Президенти кишвар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд. Воқеан, тарбияи ҷавонон дар рӯхӣяи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, омӯзиши илмҳои муосир имрӯз масъалаи хеле мухими ҷомеаи Тоҷикистон аст. Ҷаноби олӣ хеле хуб фармуданд, ки насли имрӯзаро аз ҳар гуна хурофот, чӣ динӣ ва чӣ ғайридинӣ, асотирӣ ва ғайра озод намуда, тамоми нерӯи зеҳнӣ ва тавоноии фикрии онҳоро ба омӯзиши илму техника, технологияи муосир равона кардан лозим аст. Гирифтории онҳо ба хурофот монеаи ҷиддӣ дар роҳи ташаккули ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмии илмии ҷавонон мебошад. Дар замони муосир бе дониши комили илмӣ ворид шудан ба илму технологияи муосир ғайриимкон буда, наметавон мутахассиси хуб ва дар зиндагии ояндаи хеш ба чизе комёб шуд. Барномаҳои давлатии омӯзишие, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ аз барномаҳои афзалиятнок шуморида мешавад, масалан, барномаи азхудкунӣ ва омӯзиши илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бидуни озодшавии ҷавонон аз таъсири хурофот иҷрошаванда нест. Зеро ҷавонони ба хурофот гирифтор дар тазод бо назари илмӣ қарор мегиранд ва қабули назарияҳои илмӣ барои ин гуна ҷавонон хеле мушкил аст. Духӯрагӣ дар тафаккури ҷавонон ба вуҷуд меояд ва роҳи наҷот аз ин духӯрагӣ фақат дур шудан аз хуруфот аст. 

Аммо имрӯз таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёде аз донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар гирифтори хурофот буда, қабули донишҳои илмӣ барояшон хеле душвор аст. Тасаввуроти хурофотии онҳо ҳеҷ созгорие ба таълими дунявӣ ва илмомӯзии ин муассисаҳо надорад. Дар раванди таълим онҳо бояд тамоми тасаввуроти худро тағйир диҳанд, мавқеи ҷаҳонбинии худро дигар кунанд, ки ин кор на ба ҳамаи онҳо муяссар мешавад. Пас, бояд ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна онҳо бояд соҳиби заминаи устувори ҷаҳонбинии илмӣ гарданд, то дар мактабҳои олӣ дар такя бо ин замина ҷаҳонбинии илмии онҳо ташаккул ёбад, бархӯрдорӣ аз дониши илмӣ барояшон осону муваффақ бошад. Дар ин росто омӯзиши илмҳои ҷомеашиносӣ, хусусан диншиносию фалсафа, хеле зарур аст. Барои ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷавонон ва озодшавии онҳо аз хурофот таълими ин фанҳо кумаки ҷиддӣ менамоянд. Илова бар  ин, фанҳои зикргардида барои рушду тақвияти худогоҳӣ, худшиносӣ, ифтихороти миллӣ, ватандӯстӣ дар баробари илмҳои таъриху адабиёт мақоми барҷаста ишғол мекунанд. Президенти мӯхтарами кишвар, Пешвои миллат сароҳатан таъкид намуданд, ки низоми маорифи ҷумҳурӣ ба тағйироту баррасии ҷиддӣ эҳтиёҷман аст, то ин ки сатҳу сифати маълумот беҳтар гардад. Дар ин маврид, таваҷҷӯҳ ба ду масъала хеле муҳим аст. Баланд бардоштани сатҳи маълумоти касбии донишҷӯён ва сатҳи маънавиёти онҳо. Ин ду масъала бо ҳам зич алоқаманданд, рушди яке ба рушди дигарӣ вобаста аст. Агар донишҷӯ дорои сатҳи баланди маънавӣ, ҷаҳонбинии илмӣ бошад, ӯ ҳамон қадар ба болоравии сатҳи касбияш талош мекунад ва зарурати онро хубтар дарк менамояд. Ҳамон қадар эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихори миллии ӯ болотар меравад. 

Ҷаноби олӣ, Президенти кишвар хеле хуб таъкид намуданд, ки роҳи ягонаи таъмини пешрафти ҷумҳурии мо омода кардани кадрҳои соҳибкасб, аз донишҳои замона бархурдору эҷодкор аст ва барои иҷрои ин ҳадаф низоми маорифи ҷумҳурӣ аз ҳар ҷиҳат бояд омода бошад. Пас, вақти он расидааст, ки ба сифати тайёр кардани кадрҳо тамоми нерӯ ва имконоти муассисаҳои маорифи ҷумҳурӣ равона карда мешаванд. Иҷрои масъала боз ҳам ба озодшавии ҷавонони мо аз таъсири хурофот вобастагӣ дорад. Зиндагии шоиста ба мафкураи солиму созанда пайванди ногусастанӣ дорад.

Ба ҳама аён аст, ки дар заминаи хурофот на соҳибкасби хуб, на ватандӯсти ҳақиқӣ на миллатдӯстро тарбия кардан номумкин аст. Баръакси ин дар заминаи хурофот ҳамеша имкони гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ки ҷуз харобии кишвар чизеро ба бор намеорад, вуҷуд дорад. Таърихи кишварҳои пешрафта гувоҳи он аст, ки масъалаи мазкур дар давраҳои гуногуни таърихии ин кишварҳо вуҷуд дошт ва баъди бартараф кардани мамониятҳои хурофоту иртиҷои мазҳабӣ ин кишварҳо тавонистанд ба рушди бемислу монанди иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ноил гарданд. Ҳалли ин масъала албатта, осону сода нест. Бинобар ин талоши тамоми ҷомеа, ҳамаи қишрҳои он, тамоми муассисаҳои маърифатию фарҳангиро тақозо мекунад. Дар ин маврид, Пешвои миллат ба хусус доир ба нақши оила, падару модар дар озод намудани насли ҷавонон аз таъсири хурофот ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии онҳо диққати ҷиддӣ доданд. Воқеан ташаккули ҷаҳонбинии солим дар насли наврас дар ибтидо аз оила оғоз меёбанд. Аз ин нигоҳ, падару модар пеш аз ҳама бояд ашхоси бофарҳангу бомаърифат ва ватандӯсту худшинос бошанд. Бинобар он, ҳамкории наздики мактабу оила хеле зарур аст, ки чунин ҳамкориро пеш аз ҳама низоми маориф ва мақомотҳои ҳокимияти маҳаллӣ бояд ба роҳ монанд. 

Хулоса, масъалаи мазкур яке аз муҳимтарин нуқтаҳои паём буд, ки бояд роҳнамои фаъолияти ҳар оила, падару мода рва масъулини зинаҳои гуногуни низоми маориф ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии кишвар бошад.

 

Ахмедов С.

Нурулҳақ Қ.

Яндекс.Метрика