ТАРҒИБИ ТАҲАММУЛПАЗИРӢ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Дар асоси нақшаи муштараки КИМ ҲХДТ ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори МИҲД-и шаҳри Истаравшан вохӯрии мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Ширинбеков С.А., директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода А. Ғ., раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода З.М., ёрдамчии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шосаидзода Ш. ва муовини раиси шаҳр Мӯъминзода Ф. бо аъзои фаъоли ҳизб, ходимони дин ва сокинони шаҳри Истаравшан оид ба пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулпазирӣ ба баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон баргузор гардид. Чорабиниро раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода З.М ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Зимни суханрониаш номбурда зикр намуд, ки омили муҳимтарини ҳастии миллат, ҳувияти миллӣ сарчашмаи тамоми хушбахтиҳо ва ваҳдати миллату пешрафти ҷомеа ин аз муттаҳид будани халқи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Нигоҳ доштани сулҳу субот, ҳимояи марзу буми кишвар, риояи талаботҳои қонунҳои амалкунанда, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон вазифаи муқаддаси ҳар яки мову Шумо ба ҳисоб меравад. Мо қишри фаъоли ҷомеаро зарур аст, ки дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулпазирӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ пурзӯр намуда, мардумро ва алалхусус ҷавонро ба роҳи рост ҳидоят намоем. Сипас, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Ширинбеков С.А. ва директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода А.Ғ. оид ба мавзӯи мазкур баромадҳои таъсирбахш намуда, мардумро даъват намуданд, ки баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар, марзу буми Ватан, рушди илму маориф ва пешрафти дигар соҳаҳои ҳаёти хоҷагӣ саҳмгузор бошанд. Воқеан имрӯзҳо дар байни аҳолӣ нафароне ёфт мешаванд, ки ба қадри сулҳу субот ва ободиву шукуфоии мамлакат нарасида, даст ба ҳар гуна амалҳои номатлуб мезананд. Пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз тинҷию оромӣ вобастагии зиёд дошта, муттаҳиддиву иттифоққии ҷомеа, алалхусус ҷавонон асоси он ба шумор меравад. Нагузорем, ки нохалафон ба тинҷию оромии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо халал расонида, ҷавонони моро бо ҳар гуна роҳу воситаҳо гумроҳ кунанд. Ҳамчунин, аз байни иштирокчиён сархатиби масҷиди ҷомеи марказии “Ҳазрати Шоҳ” Тураев Абдушукур ва муовини раиси шаҳр Мӯъминзода Фирӯза андешаҳои худро бобати мавзӯъи дар боло зикргардида баён намуда, изҳор доштанд, ки бояд дар ин самт корҳои тарғиботӣ-ташвиқотро дар байни ҷомеа пурзӯр намоем ва пеши роҳи онро сари вақт гирифта, аз як гиребон сар бароварда баҳри пойдории сулҳ, рушду нумӯъ ва пешрафту тараққиёти ватани маҳбубамон саҳмгузор бошем. Бознашр аз сомонаи ҲХДТ Манбаъ: http://hkhdt.tj/news-single/791

Яндекс.Метрика