Дар зери мафҳуми таснифоти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ин ба гурӯҳҳо ва намудҳо ҷудо намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд фаҳмида мешавад. Мақсади таснифоти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ин осон намудани фаҳмишу дарки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Таснифоти ҳуқуқҳои инсон, яъне ба гурӯҳҳо ҷудо намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд барои ба таври мушаххас фаҳмидан, дарк намудан ва истифода намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кӯмак менамояд.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро олимону муҳаққиқони соҳаи илми ҳуқуқи инсон вобаста ба асосҳои таснифот ё ин ки вобаста ба маҳакҳои муайяни таснифоти ҳуқуқҳои инсон ба гурӯҳҳо ҷудо менамоянд. Таснифоти ҳуқуқу озодиҳоии инсон ва шаҳрванд вобаста ба маҳакҳои муайян чунин мешаванд:
1. Вобаста ба замони пайдоиши ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷудо мешаванд: ҳуқуқу озодиҳои насли якум, дуюм ва сеюми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд. Ба ҳуқуқу озодиҳои насли якум ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ (шахсӣ) ва сиёсии инсон ва шаҳрванд, ки асри XVIII пайдо шудаанд, дохил мешаванд. Ба ҳуқуқу озодиҳои насли дуюми инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии инсон ва шаҳрванд, ки миёнаҳои солҳои 50-уми асри ХХ пайдо шудаанд, дохил мешаванд. Ба ҳуқуқу озодиҳои насли сеюми инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳои коллективии (дастаҷамъии) инсон ва шаҳрванд, ки солҳои 70-уми асри ХХ пайдо шудаанд, дохил мешаванд;
2. Вобаста ба танзими соҳаҳои хоҷагии халқ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мешаванд: ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии инсон ва шаҳрванд;
3. Вобаста ба мақоми ҳуқуқии шахс дар ҷамъият ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷудо мешаванд ба ду намуд: ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд;
4. Вобаста ба меъёрҳои ҳуқуқие, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тавлид кардаанд ё ин ки бавуҷуд овардаанд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ду намуд ҷудо мешаванд: ҳуқуқу озодиҳои табиӣ ва позитивии инсон ва шаҳрванд;
5. Вобаста ба субъектони махсуси ҳуқуқ ё ин ки гурӯҳи алоҳидаи одамон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд: ҳуқуқу озодиҳои занҳо, кӯдакҳо, маъюбон, гурезаҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ, маҳбусон, шахсоне, ки дар низоҳои ҳарбӣ иштирок доранд ва ҳоказо;
6. Вобаста ба маҳдудкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ду гурӯҳ ё ин ки ба ду намуд ҷудо мешаванд: ҳуқуқу озодиҳои мутлақ ва нисбии инсон ва шаҳрванд;
7. Вобаста ба амали меъёрҳои ҳуқуқи инсон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ду гурӯҳ (намуд) ҷудо мешаванд: ба ҳуқуқу озодиҳои амали фавридошта ва амали барномавидоштаи инсон ва шаҳрванд;
8. Вобаста ба фардикунонии субъектҳои ҳуқуқ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ду гурӯҳ (намуд) ҷудо мешаванд: ҳуқуқу озодиҳои фардӣ ва коллективӣ (дастаҷамъӣ);
9. Вобаста ба нақши давлат дар раванди амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳуқуқҳои инсон ба ду гурӯҳ (намуд) ҷудо мешаванд: ҳуқуқу озодиҳои амали фавридошта ва ҳуқуқу озодиҳои амалӣ барномавидоштаи инсон ва шаҳрванд;
10. Вобаста ба мустаҳкамёбии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ду гурӯҳ (намуд) ҷудо мешаванд: ҳуқуқу озодиҳои асосӣ (конститутсионӣ) ва муштақ (ҳуқуқу озодиҳое, ки аз ҳуқуқҳои асосӣ (конститутсионӣ) бавуҷуд меоянд.
Инчунин, мумкин аст дар оянда бо тақозои пешрафти давру замон аз ҷониби олимону муҳаққиқони соҳаи илми ҳуқуқи инсон дигар таснифоту гурӯҳбандиҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба намудҳои мушаххаси ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд рӯи кор оварда шаванд.
Шоев Фируз Маҳмадаминович – и.в. сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон