Тафаккури миллӣ бояд дар панҷ самти ҳувиятсоз рушду инкишоф дода шавад:

 

1. Ҳувияти сиёсӣ — ифтихор аз Истиқлоли кишвар, аз давлати миллии муосир ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси поягузори давлати миллии тоҷикон. 
 
Ҳамчунин, ифтихор аз Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоиву фарҳангӣ, сулҳу оромиш ва омодагӣ баҳри ҳифзи манфиатҳои миллии кишвар.
 
2. Ҳувияти нажодӣ — ифтихор аз нажоди худ доштан. Зеро тамоми қавму миллатҳои гуногун дар курраи замин ба ин ё он нажод тааллуқ доранд ва аз асли нажодии хеш ифтихор мекунанд. 
 
Миллати мо ба нажоди ориёӣ тааллуқ дорад ва ҳар як фарди худогоҳи тоҷик асли ориёии худро бояд бишносад ва аз он ифтихор намояд.
 
Маҳз ба ҳамин хотир, соли 2006 бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Соли тамаддуни ориёӣ эълон гардида буд, ки ба раванди худшиносии миллӣ такони ҷиддӣ бахшид.
 
3. Ҳувияти таърихӣ — шинохти таърихи давлату миллати тоҷик аз замонҳои қадим то давраи ҳозира басо муҳим ва зарурист.
 
Хотираи таърихӣ, ҳифзи ёдгориҳои бостонӣ, омӯзиши амиқи таърихи миллат, ифтихор аз шахсиятҳои мондагори он, мисли Исмоили Сомонӣ, Темурмалик ва дигарон яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳувияти миллӣ буда, дар маҷмӯъ баёнгари ифтихор аз таърихи давлатдории миллии тоҷикон мебошад.
 
4. Ҳувияти фарҳангӣ — ифтихор аз фарҳангу тамаддуни  моддиву маънавии миллӣ, забон, адабиёт, адибону олимони бузурги классик ва муосир, мисли Рӯдакӣ, Сино, Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва ғайра...  
 
Ҳифзи арзишҳои волои фарҳанги миллӣ,  пеш аз ҳама, асолати забони модарӣ, таҳкиму тақвияти амалкарди забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатии кишвар, инчунин ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Шашмақом, Фалак ва ғайра.
 
5. Ҳувияти динӣ — мазҳабӣ — шинохти исломи суннатӣ тибқи мазҳаби таҳаммулпазири Имоми Аъзам ва ифтихор аз ҳанафимазҳаб будан. 
 
Зеро, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки абарқудратҳо барои роҳандозӣ намудани ҳадафҳои геополитикии худ бо истифода аз падидаи ба ном " исломи сиёсӣ " бо дасти худи мусулмонон ба таъсиси ҳизбу ҳаракатҳои ғайрисуннатии ифротӣ ноил гардидаанд ва тавассути онҳо дар кишварҳои гуногун низоъҳои сиёсӣ - диниро ба роҳ мондаанд. 
 
Имрӯз, барои ҷомеаи мо ҳифзи мазҳаби ҳанафӣ аз ҳар гуна олоишҳоӣ берунӣ ва муборизаи беамон бо мафкураҳои динии ифротгароёна ва бегонапарвар айни муддаост! 
 
Абдуллоҳи Қодирӣ - сухангӯи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон устоди улуми сиёсии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон.

 

Яндекс.Метрика