Сураи “ҚАДР” 97-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 5 оят иборат аст. Ин сура аз ибтидои нузули Қуръони азимушшаън дар моҳи мубораки Рамазон - шаби қадр, ки яке аз шабҳои ин моҳи муборак аст ва фазилати он шаб, фуруди малоик барои тасбеҳу таҳлил гуфтан дар ҳаққи бандагоне, ки шаби муқаддасро зинда медоранд ва ба ибодати Рабби худ машғуланд, сухан мекунад. Инчунин дар хусуси сифатҳои он шаб ва имконияти қабули дуъо аз баракати нузули Қуръон дар ҳамин шаб маълумот медиҳад.
Инна анзалноҳу фӣ лайлати-л-қадр.
1. Ҳаройина, мо он (Қуръон)-ро дар шаби Қадр фурӯ фиристодем.
Яъне Қуръони маҷид аз "Лавҳулмаҳфуз" ба сӯйи Осмони дунё дар Шаби қадр ҳамагӣ нозил гардид. Баъд вобаста ба тақозои воқеъаҳо дар муддати 23 сол ба Замин, яъне ба Муҳаммад (ﷺ) ба воситаи Ҷабраил (Алайҳис-Салом) нозил шуд. Баъзе муфассирон ақида доранд, ки шояд шурӯи нузули Қуръон аз Осмони дунё ба ҳазрати Муҳаммад (ﷺ) ҳам дар ҳамин шаб шурӯъ шуда бошад. Валлоҳу аълам.
Ва ма адрока мо лайлату-л-қадр.
2. Ва чӣ медонӣ, ки «шаби Қадр» чист?
Ва чӣ туро ба азамат ва бузургии ин Шаби қадр огоҳ тавонад кард? Ояти зер ба ин савол посух медиҳад:
Лайлату-л-қадри хайру-м-мин алфи шаҳр.
3.Шаби Қадр аз ҳазор моҳ беҳтар аст.
Дар ояти дуюми ин сураи муборака Аллоҳи мутаъол фармудааст, ки эй Муҳаммад (ﷺ) аз куҷо донистӣ, ки шарафу бузургии он шаб дар чист? Ин суоли Аллоҳ далолат мекунад, ки “Шаби Қадр” назди Аллоҳ Таъоло қадру манзалати бузурге дорад ва хонандаи ин оят бо шавқу ҳавас дар талаб мешавад, ки он шаби Қадр чӣ бошад?
Аллоҳтаъоло фазлу бузургии ин шабро дар оятҳои 3,4,5-ум аз се ҷиҳат зикр мекунад. Ҷиҳати аввали бузургии ин шаб дар мазмуни ояти 3-юм аст. Савобу подоши (аҷри) то ба рӯз нахобида, дар тоъату ибодат гузаронидани як шаби қадр аз савоби ибодати шабонарӯзи ҳазор моҳе, ки дар онҳо шаби қадр набошад афзалтар аст.
Оид ба сабаби нозилшавии ин оятҳо дар ҳадисе омадааст, ки марде аз умматони пайғамбарони гузашта ҳазор моҳ дар роҳи ризои Аллоҳ Таъоло бар зидди кофирони ғаддор ҷиҳод мекардааст. Расулуллоҳ (ﷺ) ва мусалмонон аз ибодати ӯ тааҷҷуб намуданд. Сипас он Ҳазрат (ﷺ) барои умматони худ чунин ибодатро аз Аллоҳ таманно намуд: "Аллоҳл, умри уммати манро кӯтоҳу тоъаташонро кам кардӣ!…" Ҷавобан ба таманнои Расулаллоҳ (ﷺ) Аллоҳ Таъоло "шаби Қадр"-ро ато намуд, зеро дар ин шаб…
Таназзалу-л-малйикату ва-р-руҳу фӣҳо би изни Раббиҳим-м мин кулли амр.
4. Дар он шаб фариштагон ва Рӯҳ бо ҳукми Раббашон аз барои саранҷоми ҳар кор фурӯ меоянд.
Яъне фариштагон ба хусус Руҳул Қуддус (номи Ҷабраил (Алайҳис-Салом)) бо амри илоҳӣ барои иҷрои ҳар амре, ки Рабб аз ин сол то соли дигар барои бандагон тақдир кардааст, ба Замин фуруд меоянд. Бошандагони рӯйи Заминро бо хайру баракати азим файзбор месозанд. Инчунин ҳалқаҳои зикрро иҳота мекунанд ва парҳои хешро барои таъзим ва нигоҳ доштан аз шарри шайтон ба болои толибон ва амали солеҳкунандагон паҳн месозанд. Ин ваҷҳи дувум аст.
Саломун ҳия ҳатто матлаъи-л-фаҷр.
5. То тулӯъи субҳ он шаб эмину саломат аст.
Яъне он шаб шаби амн ва роҳат ва хотирҷамъӣ аст. Аҳлуллоҳ дар он шаб ҳузури қалб ва таманнои бештар ҳосил мекунанд. Аз ибодатҳои худ лаззат ва ҳаловати дигаре меёбанд. Ин асари нузули раҳмат ва баракат мебошад. Дар он шаб аз аввали шаб сар карда, то тулӯи Офтоб фариштагон ба муъминон салом медиҳанд ва тақдири бадро наменависанд, магар тақдире, ки назди Аллоҳ Таъоло барои инсон хайр асту саломат онро менависанд.
Шаби "Лайлатул Қадр" фақат дар моҳи мубораки Рамазон аст. Онро мувофиқи ривоятҳо дар рӯзҳои тоқи даҳ рузи охири моҳи муборак, ки мо онро “даҳаи охири моҳи мубораки Рамазон” яъне: 21, 23, 25, 27, 29 бояд талаб кард. Машҳуртарин қавл он аст, ки "Шаби Қадр" дар шаби 27-ӯм мебошад. Зеро калимаи лайлатулқадр 9 ҳарф аст ва ӯ 3 маротиба ба такрор омадааст. Нишонаҳои он шаб ин аст, ки Офтоби он рӯз сурхиаш кам буда, рӯзаш начандон гарм ва начандон сард, Осмони шабаш софу беғубор ва шайтон то тулӯи Офтоб банд аст. Хосиятҳои "Шаби Қадр" бисёр аст, мо ин ҷо бо овардани дуъои Расулаллоҳ (ﷺ) барои "Шаби Қадр" суханро ба поён мерасонем. Мо бояд ҳангоми дуъои "Шаби Қадр" онро гӯем."Аллоҳума анта ъафуввун, туҳиббул ъафва фаъфу ъаннӣ".
Яъне "Эй бор Аллоҳ! Ту афвкунандаи гуноҳон ҳастӣ ва афвро дӯст медорӣ, пас, афв кун маро". Ин ваҷҳи 3-юми бузургии "Шаби Қадр" буд.
Бузурге мефармояд:
Эй хоҷа, чу ҷӯйи зи шаби қадр нишонӣ,
Ҳар шаб шаби қадр аст агар қадр бидонӣ.
Шокиров У. - мутахассиси пешбари пажӯҳиши шуъбаи маъхазҳои исломӣ