Тафсир ва таҷдиди маънои як ояти Қуръон

Чанд сол пеш гирди забони дингароёни аз дину илм бехабари ҷомеа номи Ҳорун Яҳё пайваста чарх мезад. Номбурда  тавассути китобҳои сершумораш кӯшиш мекард, ки ба ҷаҳониён Қуръонро ҳамчун сарчашмаи тамоми улуми табиӣ муаррифӣ намояд. Номбурда дар  исканапайвандии андешаҳо устои моҳир буд. Мутаассифона,  яке аз китобҳои аз илмият ории ӯ ба забони тољикӣ низ тарҷума шуд. Хушбахтона, солҳои баъдӣ номи ӯ аз ёдҳо ғайб зад. Чуноне ки мегӯянд, вақт довари ҳақиқӣ аст. Гузашти замон ва  таҷрибаи зиндагӣ беасосии андешаҳои сохтаю бофтаи ӯро собит намуд.

Боиси таассуф аст, ки дар фазои динии ҷомеа, махсусан дар мафкураи насли ҷавони мо раванди мазкур, яъне аз дин илмсозӣ тавассути сомонаҳои интернетӣ боз  эҳё  гардидааст. Хеле тааҷҷубовар аст,  ки дар қарни XXI, дар асри кашфиётҳои муҳими илмӣ ва истифодаи технологияҳои ҷадид дар кашфи асрори табиат ҳанӯз ҳам мафкураи  иддае аз ҷавонони мо бо андешаҳои сохтаю бофтаи динӣ мусаххар боқӣ мемонад. Чунин навъи андешаҳоро мо барои он сохтаю бофта бақалам медиҳем, ки онҳо бидуни доштани асосе дар  кутуби муқаддаси динӣ аз тарафи баъзе донишмандони дунёпарасти муосири динӣ эҷод шудаанд. Тоифаи мазкури «уламо»-и динӣ аслан ба хотири дар дили ҳар чӣ бештари одамон маъво гирифтан роҳи дурӯғро ихтиёр намуда, кӯшиш менамоянд, ки оёти Қуръонро сарчашмаи дастовардҳо ва назарияҳои муосири илмӣ муаррифӣ намоянд. Бояд эътироф намуд,  ки дар самти мазкур онҳо  то андозае муваффақ низ ҳастанд.   Чанде пеш яке аз донишҷӯён баъд аз дарс барои баён намудани норозигии худ  дар масоили марбут ба дин ба наздам даромада, гуфт: Назарияи Таркиши Бузург дар Қуръон баён ёфтааст. Чун пурсидам, ки дар куҷои Қуръон баён ёфтааст? Ӯ ояти 30 аз сураи «Анбиё»-ро ном гирифт. Дарҳол ман телефонамро дастрас намудаму тарҷумаи ояти мазкурро дар шакли зер ба ӯ қироат намудам: «Оё кофирон надиданд, ки осмонҳову замин баста буданд, пас, онҳоро во кардем; («Во кардани осмонҳо»-фурӯ борондани борон аст» «во кардани замин» - рӯёндани гиёҳ аз вай аст) ва ҳар чизи зиндаро аз об пайдо кардем? Оё имон намеоранд?» Ба ӯ гуфтам: дар куҷои ояти мазкур Назарияи Таркиши Бузург вуҷуд дорад? Ӯ ҷавоб дод: Ин шарҳи пешина аст. Ҳоло вай маънои Таркиши Бузургро дорад. Аз ӯ пурсон шудам, ки чунин андешаҳо дар ту аз  куҷо маншаъ мегиранд? Ӯ гуфт, ки оё ман боре ба Зокир Найк гӯш додаам ё на? Ман ба ӯ посух додам,  ки ман аслан ба мавъизаи ҳеҷяке аз воизони чӣ дохилӣ ва чӣ хориҷӣҳавас надорам ва ба онҳо арзише ҳам қоил нестам. Ман кӯшиш мекунам, ки ҳама гуна  масъалаи диниро тавассути мутолааи китоб худам сарфаҳм равам. Яъне, то худам масъаларо омӯхта, дар тарозуи ақли хеш таҳлил  накунам, сухани ҳеҷ шахсе бар ман асар  нахоҳад кард. Донишҷӯро ҷавоб дода, дар андеша афтодам, ки чӣ тавр ҷавоне, ки дар самти улуми табиӣ таълим мегирад, дар ӯ тафаккури эътиқодӣ нисбат ба тафаккури илмӣ афзалият дорад? Сониян, ба тафсире, ки дар шакли элетронӣ рӯи даст доштам ва он бо номи  «Тафсиру анвор-ил-Қуръон» маъруф асту аз се тафсир ҷамъоварӣ шудааст, рӯ овардам. Дар он маъние то андозае шабеҳ ба назарияи мазкурро ёфтам. Инчунин ба сайти арабӣ даромада дар он мақолаи Амр Холидро  бо номи «Қуръон аввалин шуда Назарияи Таркиши Бузургро исбот намудааст»-ро ёфтам.Муаллиф баъди  каме маълумот дар бораи саҳми олимони аврупоӣ дар ин назария оятҳои 51аз сураи «Каҳф» ва ояти 47 аз сураи «Зориёт»-ро ҳамчун тақвияти андешаи хеш истифода бурдааст. Вақте ба маънии оятҳои мазкур шинос шудам, дар онҳо ҳеҷ робитаеро бо назарияи зикршуда пайхас накардам.

Баъд аз ин азм намудам, ки доир ба таносуби маънии ояти мазкур ва Назарияи Таркиши Бузург мақолае пешкаши хонанда намоям, то хонанда худ дар бораи моҳияти назарияҳои илмӣва моҳияти таълимоти динӣ тасаввуроти дуруст пайдо намояд ва зимни хулосабарорӣ онҳоро бо ҳам омехта насозад. Зеро тафовути онҳоро дарёфтан ва онҳоро дар ҷои худ истифода намудан барои инсони ҷомеаи ба илм асосёфтаи қарни XXI хеле муҳим мебошад. Дарки моҳияти ҳақиқии таълимоти ду падидаи мазкур – илм ва дин аз ташаккули шахсияти солим ва роҳи созандаи ҷомеа дарак медиҳад. Баръакс, ноогоҳӣ аз моҳияти онҳо ва гумроҳона бо ҳам омехта намудани онҳо сабаби зиёд шудани таассуби динӣ, тавлиди андешаҳои хурофотӣ ва монеаи рушди воқеии илм хоҳад гардид. 

Бинобар ин, тавассути сатрҳои мазкур мо кӯшиш ба харҷ медиҳем,  ки моҳияти Назарияи Таркиши Бузург ва шарҳи ояти 30 аз сураи «Анбиё»-ро тавассути муфассирини сершумори мухталиф то ҳадди имкон пешкаши хонанда намоему баъдан ба шарҳи он бипардозем, то назди хонанда чун дингароёни каззоби бидъаткор аз ҷумлаи дурӯғгӯён набошем. Ин ҷо ёдрас менамоем, ки дар ин хусус Қуръон  мефармояд: «Ва ба сабаби он, ки дурӯғ мегуфтанд, барои онҳо азоби дарддиҳанда аст». (Бақара, ояти 10) 

Бори дигар таъкид менамоем, ки ҳадаф аз ин навиштаҳо на мубориза бар зидди дин ё  таълимоти динист, балки кашфи ҳаќиќат ва гирифтани пеши роҳи дурӯғ аст. Зеро дидаю дониста гумроҳ намудани насли ҷавон ва дар мафкураи вай коштани афкору аќоиди ғайривоќеӣ ахиран фош мегардад ва ин амал танҳо хиёнате барои миллат, илм, таќдири насли ҷавон ва бидъаткорӣ дар ҳаќќи дин хоҳад буду халос. Аз ин рӯ, ҳам доир ба моҳияти Назарияи Таркиши Бузург ва ҳам шарҳи ояти мавриди матраҳ маълумоти васеъ пешниҳод менамоем, то барои хонанда низ  имкони таҳлил, муќоиса ва хулосабарорӣ пайдо гардад. Маълумот дар бораи назарияи мазкур дар заминаи маќолаи Антон Поздняков  пешниҳод мегардад: 

Идома дорад:

Абдухалилзода К. А.

Яндекс.Метрика