Тахриби масҷид дар дунё хорӣ ва дар охират азоби бузург аст!

Яке аз маконҳои муқаддас ва муҳим дар дини ислом масҷид аст. Масҷид ба унвони хонаи Худо на танҳо аз мартабаи хосе бархурдор аст, балки аз ҳайси сиёсӣ низ бисёр мавриди таваҷҷӯҳ аст. Ба тавре, ки дар аввалҳои пайдоиши дини мубини ислом маркази муҳими гирифтани тасмимҳои муҳиме будааст. 

Дар Қуръони карим ду оят нозил шудааст, ки яке дар мавриди вайрон намудани масҷид аст ва дигаре дар мавриди сохтан ва ободонии он. Худованд дар мавриди вайрон намудани масҷид дар ояти 114-и сураи Бақара мефармоянд: “Кист ситамгортар аз он ки нагузошт номи Худо дар масҷидҳои Худо бурда шавад ва дар вайрон сохтани онҳо кӯшид? Раво нест дар он масҷидҳо ҷуз бимноку тарсон дохил шаванд ва насибашон дар дунё хорӣ ва дар охират азобе бузург аст”.

Чун дар ҳодисаҳои марзии рӯзҳои охир шоҳиди набардҳои ноҷавонмардонаи дастандаркорони ҳамсоякишвар гаштем, ин гувоњ бар он аст, ки ноҷавонмардона муносибат кардани эшон аз чанд ҷиҳат аст. Аввалан, бе эълони ҷанг ҳамла карданд. Сониян, дар ҷанг ба сӯи аҳолии осоишта тир холӣ карданд, ки дар натиҷа талафоти зиёд ба вуҷуд омад. Бояд зикр намуд, ки дар шаҳид шудани сарбозону аҳолии осоишта ва кўдакони маъсум ҳеҷ ҷойи шак нест. Ва ба сӯи мактабу масҷид тир холӣ кардани низомиёни қирғиз камоли ситамгорист. Ин амали онҳо тибқи ваъдаи Худовандӣ дар дунё хорӣ ва дар охират азобест бузург. 

 

Рамазониён А.Б.

Яндекс.Метрика