Таъиноти кадрӣ

16 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.
 
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди иқтисодии вилоятҳои Хатлону Суғд, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ҷавон ва корозмудаву ботаҷриба ба вазифаҳои пурмасъул таъин гардиданд.

 
Бознашр аз сомонаи http://president.tj

 

 

Яндекс.Метрика