Таъкид бар таҳкими нақши занон дар Паёми Пешвои миллат

Паёми имсолаи Пешвои миллат масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодиро дар бар гирифта, Пешвои миллат дар мавриди рушди тамоми соҳаҳои кишвар сухан ронда, ба Ҳукумати мамлакат ва мардуми бошарафи кишвар дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Мисли ҳарвақта, масъалаи зан-модар мавриди таваҷҷӯҳи хоссаи Пешвои миллат қарор гирифт. Дар ин маврид роҳбари давлат иброз доштанд, ки соҳае нест, ки нақши занон дар он мушоҳида нашавад. Дар ҷомеаи имрӯза мо худ шоҳиди онем, ки занон дар тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ кору фаъолият намуда, дар пешбурди ҳаёти иҷтимоии мамлакатамон саҳм гузошта истодаанд. Аз ҷумла, саҳми занон дар рушди маориф, илм ва тандурустии кишвар хело бараъло мушоҳида мешавад, ки ин аз ғамхорию дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ нисбат ба занон гувоҳӣ медиҳад. Ҳамзамон, сарвари давлат ба саҳми арзандаи занон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт, аз ҷумла "соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Мусаллаҳи кишвар " низ ишораҳо карданд. Пешвои миллат бо истинод аз ҳисоботи оморӣ, фаъолияти назарраси занонро дар соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ амри муҳим ҳисобида, таъкид карданд, ки "баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад" ва инчунин ёдрас карданд, ки "нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад". Илова бар ин, Пешвои миллат ба сохторҳои дахлдор пайваста таъкид мекунанд, ки ҳарчӣ бештар занону модарон ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шаванд. 

Бояд гуфт, ки ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон бори дигар таъкид карданд, ки зан-модар пайваста мавриди эҳтироми бузургон қарор гирифтааст ва ҳамаи бузургон аз домони поки модар ба дунё омдаанд, ҳатто паёмбари Ислом. Ҳамчунин Пешвои миллат аз сурае бо номи "Нисо (Занон)" дар Қуръони карим ёдовар шуданд, ки ин аз баланд будани мартабаи зан-модар дар Ислом шаҳодат медиҳад. 

Дар умум Пешвои миллат дар тамоми соҳаҳо хоссатан дар хизмати давлатӣ баланд бардоштани нақши занонро таъкид намуда, хизматҳои онҳоро пайваста қадрдонӣ мекунанд. Итминони комил дорем, ки иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар хусуси ҷалби занону духтарон ба хизмати давлатӣ ҳам барои баланд шудани мақом ва нақши ҳуқуқию иҷтимоии занону духтарон ва ҳам барои таъмини рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.  

Одинаева Шарифамо – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

Яндекс.Метрика