Бронислав Малиновский (1884-1942) як намояндаи пешбари антропологияи иҷтимоӣ (этнология, қавмшиносӣ)-и бритониёӣ аст, ки дар Полша (Лаҳистон) таваллуд шуда ва ба воя расидааст. Ба гумон аст, ки ягон каси дигар, ба истиснои Ҷ. Фрейзер, Ф. Боас ва А. Рэдклифф-Браун ба инкишофи назария ва амалияи этнография ва этнологияи умумиљаҳонӣ мисли ӯ чунин таъсири калон расонда бошад. Ин олими пухтакор дар доираи аҳли љамъияти муосири этнографии байналхалқӣ соҳиби нуфуз ва эҳтироми бузург аст. Азбаски дар замони шӯравӣ осори дурахшони ӯ (асосан бо сабабҳои идеологӣ) ба забони русӣ ё тољикӣ нашр нашуда буд, бинобар ин пажӯҳишгарон ва хонандагони тољикзабон бо дастовардҳои усули тадқиқоти ӯ, ки онро функсионализм номидаанд ва ҳоло дар асоси он тавонотарин самти илмӣ – функсионализм ташаккул ёфтааст, амалан чандон ошно нестанд. Давр ин мақола мо кӯшиш мекунем, баъзе андешаҳои муҳими ин олимро рољеъ ба моҳияти фарҳанг ва функсияҳои он дар ҳаёти љомеа мухтасар шарҳу тавзеҳ диҳем.
Бронислав Малиновский дар асари худ «Назарияи илмии фарҳанг» методологияи фарҳангшиносиро инкишоф дода, дар таҳқиқ ва дарки фарҳанг равиши функсионалиро истифода бурдааст. Тибқи назарияи Б. Малиновский, фарҳанг маҷмӯи унсурҳое мебошад, ки ба таври муайян ташкил карда шуда, якљоя амал мекунанд ва аз ҳамдигар вобастаанд. Муҳаррики асосии фарҳанг талаботу ниёзҳои аслӣ ва фаръии инсон мебошанд. Дар баробари ин, инсон зимни қонеъ кардани талаботу ниёзҳои худ, дар доираи ниҳодҳои иҷтимоӣ, меъёрҳо, қоидаҳо амал мекунад ва ҳар як амали ӯ ба талабот ва ниёзҳои ҷомеа низ ҷавобгӯ мебошад. Азбаски инсон махлуқи иљтимоист, хоҳ нохоҳ, ҳар як амали мақсадноку бошуурона ва манфиатљӯёнаи ӯ танҳо барои қонеъ гардонидани талаботи ниёзҳои худи ӯ не, балки умуман барои қонеъ гардондидани талаботу ниёзҳои афрод ва гурӯҳҳои дигари одамон низ мусоидат мекунад. Дар асари мазкур Б. Малиновский номукаммал будани равишҳои мављудаи антропологии омӯзиши инсонро қайд намуда, фаъолияти олимони пешгузаштаи антрополог ва фарҳангшиносро аз нуқтаи назари танқидӣ баҳо додааст: «Ба дастовардҳои олимони антропологи асри гузашта нигоҳ карда, мо танҳо як маҷмӯаи донишҳои пароканда ва куҳнашуда, аз ҷумла донишҳои этнографӣ, муҳосиба ва андозагириҳои косахонаҳо ва устухонҳо, инчунин маҷмӯи маълумоти сенсатсионӣ (ҳаномаангез) дар бораи аҷдодони ҳанӯз нимаинсони худро мушоҳида мекунем»[3, 18]. Аз љумла, Б. Малиновский усулхои эволютсионистии Э.Тейлор, сегрегатсияи халқҳои Африқоро шадидан танқид намуда, ба муқобили дахолат кардан ба ҳаёти аҳолии таҳљоии минтақаҳо ва қораҳои гуногуни љаҳон баромадааст, дахлнопазирӣ ва ҳифзи асолату ҳувияти фарҳангии онҳоро љонибдорӣ кардааст. Олим диққатро ба зарурати ба вуљуд овардани назарияи мукаммали фарҳангшиносӣ љиҳати чуқуртар дарк намудани моҳияти фарҳанг ва нақшу мақоми љомеа ва инсон ҳамчун субъект ва интиқолдиҳандаи он љалб намуд. Ба ақидаи Б. Малиновский, назарияи илмии фарҳанг бояд сифатҳое дошта бошад, ки антропология ба онҳо воқеан ҳам ниёз дорад. Чунин назария бояд яклухт, номотетикӣ бошад ва натиљаи мушоҳидаву таҷрибаи эмпирикиро инъикос кунад [8, 51-52]. Б.Малиновский фарҳангро ҳамчун дастафзор ё воситаи инструменталие муайян кардааст, ки барои қонеъ гардонидани талаботи инсон хизмат мекунад. Нуқтаи ибтидоии мавҷудияти инсон олами ҳайвонот аст ва инсон барои берун шудан аз он талош намуда, олами дигари мутааллиқ ба худ - олами фарҳангро меофарад. Дар чаҳорчӯби ин ҷаҳони худофарида, инсон қонеъ кардани ниёзҳои аслӣ ва биологии худ: таъмини ғизо, амният, роҳату лаззати ҷисмонӣ, ҳаракат, насл ва ғайраро идома медиҳад[5, 165]. Аммо моҳияти фарҳанг танҳо бо қонеъ гардондани талаботи биологӣ маҳдуд намешавад. Дар баробари инкишоф ёфтани «олам»-и офаридаи инсон, шаклҳои ташкили љамъиятӣ ва вобастагии байни одамон мураккабтар мешаванд ва талаботҳои дигаре ба миён меоянд, ки онҳо аз талаботи биологии инсон фарқ мекунанд: «... одам бояд талаботи табиӣ ва моддии ҳастии љисмонии худро қонеъ гардонад. Вай бояд зиндагии худро ба тартиб оварда, тамоми амалҳои заруриро анҷом диҳад, то хӯрок хӯрад, гарм шавад, сарпаноҳ ёбад, либос пӯшад, худро аз сармо, аз шамол ва ҳавои бад муҳофизат кунад. Вай бояд худро аз душманон ва хатарҳои беруна (хоҳ офатҳои табиӣ, хоҳ ҳайвонот ва хоҳ одамони дигар) муҳофизат кунад. Ҳамаи ин талаботи аввалиндараљаи ҳаётии инсон тавассути офаридани осор, ташкили гурӯҳҳои фардҳои ҳамкорикунанда, инчунин тавассути ташаккули дониш, самтҳои арзишӣ ва ахлоқӣ ҳал мешаванд»[3, 54].
Ҳамин тавр, фарҳанг ҳангоми иљрои вазифаҳои асосии худ пайваста унсурҳои нави ҳавасмандкунӣ - талаботи ба истилоҳ дуюмдараљаи фаръиро ба вуљуд меорад, ки онҳо љомеаро ба таври пайваста ба пеш таҳрик медиҳанд. Ҳамзамон ҳар як шахс дар вобастагии мустақим аз ҳамон љамъияте амал мекунад, ки ба он тааллуқ дорад ва ба арзишҳои фарҳангии љомеаи худ афзалият медиҳад. Ва ҳар боре ки инсон талаботи худро қонеъ мекунад, бо муҳити фарҳангии худ, меъёрҳо, қоидаҳо, урфу одатҳо, талаботи дар ҷомеа мавҷудбуда маҳдуд мешавад[3, 77-78].
Б.Малиновский нишон медиҳад, ки талаботу ниёзҳои асосии инсон чӣ гуна посухҳои фарҳангии худро пайдо мекунанд:
Талаботҳо ва ниёзҳои аслӣ (асосӣ) Посухҳои фарҳангӣ
Ѓизо, мубодилаи моддаҳо Таъминот
Роҳати љисмонӣ Сарпаноҳ, манзил
Амният Муҳофизат
Ҳаракат, рушду таҳаввули ҳаёти моддӣ Фаъолияти мақсаднок, меҳнати бошуурона
Рушду такомули ахлоқию маънавӣ ва ақлонӣ Таълим, таҳсил
Тандурустӣ Тиб, гигиена
Дар баробари ин, ҳар як талаботу ниёзи шахсии инсон тибқи қоидаҳо ва меъёрҳои иљтимоӣ расмият пайдо мекунад ва татбиқ мепазирад. Ниҳодҳои давлатӣ як воситаи амалисозии талабот ва ниёзҳо мебошанд, масалан, низомҳои миллии таъминот мавҷуданд, ки аз ҷониби давлат сохта шудаанд ё назорат карда мешаванд. Зарурати фарди алоҳида ба идомаи насл ҳамзамон ниёзмандии тамоми аъзои оила ва љомеаро љиҳати таваллуди узви нави ҷомеа ифода мекунад, аз ин рӯ марҳилаҳои ҳомиладорӣ ва парвариши тифли навзод бо урфу одатҳо ва маҷмӯи қоидаҳои дар љомеа мавҷуда назорат карда мешаванд. Зарурати ҳаракат тавассути фаъолиятҳои махсус тарҳрезишуда ва ташкилшуда (варзиш, рақс, бозиҳо) амалӣ мешавад, зимнан, бозиҳо талаботи фароғатӣ ва тарбиявии љомеаро (тавассути бо роҳи бозӣ омӯхтани малакаҳои нав) қонеъ мегардонанд. Риояи ин қоидаҳо омили суботи низом, ҷомеа ва худи шахс аст[3, 45-46]. Ба ҳамин тарик, Б.Малиновский чунин мешуморид, ки тамоми фаъолият ва ҳаёти инсон ба қоидаҳои фарҳангӣ тобеъ буда, бештар на муносибати шахс ба рафтораш, яъне на худбаҳодиҳии вай, балки дарки мазмуни рафтори шахс аз тарафи љомеа муҳим аст. Яъне бояд муайян карда шавад, ки рафтор ва амалҳои шахс барои гурӯҳҳои иљтимоӣ то чӣ андоза фоиданоканд, онҳо то кадом андоза ба урфу одатҳои мављуда мувофиқат мекунанд ва барои нигоҳ доштан ва мунтазам такмил додани низоми мављуда ёрӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, фарҳанг як ягонагии функсионалии унсурҳои ба ҳам алоқаманд аст. Ва қувваи пешбарандаи ин низом зарурати қонеъ гардонидани талаботи инсон аст.
Б.Малиновский фарҳангро ҳамчун низоми дорои унсурҳои зерин муаррифӣ кардааст[1, 338]: 1. Омилҳои беруна, ки фарҳангро муайян мекунанд: эҳтиёҷоти биологии инсон (ѓизо, насл, амният, ҳаракат, саломатӣ); муҳити зист (иқлим, захираҳои замин, хок, об, набототу ҳайвонот); нажод; таърих; равобити фарҳангӣ.
2. Ҷанбаҳои асосии функсионалии фарҳанг: иқтисод (захираҳои моддӣ, низоми моликият, мубодилаи асъор, тақсимот, истеъмол); тарбия (дар хона, дар доираи хешу табор ва дӯстон, дар мактаб, дар иттиҳодияҳои иқтисодӣ); сохтори сиёсӣ (шакли ҳокимият дар ниҳодҳои иҷтимоӣ); ҳуқуқ (меъёрҳои ҳуқуқӣ, намудҳои ҷазо, ахлоқ, расму оин, одоб); санъат; илм; истироҳат.
3. Ҷанбаҳои универсалии фарҳанг: субстрати моддӣ (роҳҳои заминӣ, роҳҳои обӣ, сохтмон, воситаҳои меҳнат, молҳои истеъмолӣ); ташкилоти ҷамъиятӣ (оила ва хешовандон, гурӯҳҳои ҳудудӣ, иттиҳодияҳо аз рӯи синну сол, ҷинс, фаъолияти меҳнатӣ, иттиҳодияҳои динӣ); забон (фонетика, луғат, забон ҳамчун зуҳуроти фарқиятҳои иҷтимоӣ).
Категорияҳои «ниҳод» ва «функсия (вазифа)» - категорияҳои асосии назарияи фарҳанги Б.Малиновский маҳсуб мешаванд. Б.Малиновский ба мафҳуми «ниҳод» дар назарияи фарҳанг ва умуман дар илми антропология нақши асосӣ ва калидиро дода, барои асоснок кардани ин фикри худ чунин далел меорад: «... ягон унсур, «нишона»-и фарҳанг, расму оин ё ғоя, бидуни љойгир кардан дар заминаи воқеӣ ва муносиби низоми фарҳангӣ, ба таври дигар муайян карда намешавад. Мо исрор менамоем, ки таҳлили фарҳанг аз нуқтаи назари ниҳодҳои љамъиятӣ на танҳо роҳи имконпазир, балки роҳи зарурӣ ҳам мебошад. Мо боварӣ дорем, ки ниҳод воҳиди воқеии алоҳидаи таҳлили фарҳанг аст»[3, 143-144].
Ниҳодҳои иҷтимоӣ ҳамчун оила, авлод, нажод, қабила, ҷамоаи маҳаллӣ фаҳмида мешаванд. Ин ниҳодҳо гурӯҳҳои муташаккилро ба вуҷуд меоранд, ки бо ҳамкории иқтисодӣ, фаъолияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва таълимию тарбиявӣ муттаҳид шудаанд. Ҳар як ниҳоди иљтимоӣ структура ва иерархияи хоси худро дорад[4, 683].
Ба андешаи Б. Малиновский, ҳар як амали инсон ангезаҳо, ҳадафҳо, функсияҳо ё вазифаҳои муайян дорад: «Функсия ҳамеша маънои қонеъ гардонидани эҳтиёҷотро дорад, хоҳ сухан дар бораи оддитарин амали хӯрдан бошад, хоҳ дар бораи маросими муқаддасе, ки иштирок дар он бо тамоми низоми эътиқод алоқаманд буда, онро зарурати фарҳангии пешакӣ муайяншуда тақозо мекунад»[4, 690].
Дар баробари ин, Б.Малиновский қайд мекунад, ки ҳар як амали қонеъ гардондани эҳтиёљот дар доираи низоми мураккабтари фаъолияти инсон сурат мегирад. Масалан, эҳтиёҷ ба ғизо метавонад дар истеҳсоли оташ ифода карда шавад, ки он дар навбати худ як унсури низоми рӯзгордорӣ, шикор ва бозӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, функсия ҳамчун саҳмест, ки ба таҳкими сохтори иҷтимоӣ, тақсимоти васеъ ва муташаккилтари молҳо ва хидматҳо, инчунин ғояҳо ва эътиқодҳо гузошта мешавад[1, 338]. Яъне он чӣ барои фард арзишманд ва муфид аст, барои љомеа низ ҳамчунон арзишманд бояд бошад.
Назарияи фарҳанги Б.Малиновскийро антропологҳо ва этнологҳо борҳо танқид кардаанд. Асосгузори антропологияи сохторӣ ва назарияи хешутаборӣ К.Леви-Стросс равиши Малиновскийро «биологизатсияи фарҳанг» номидааст[2, 20]. Этнографи шӯравӣ С.А.Токарев назарияи Малиновскийро ҳамчун назарияи «зиддитаърихӣ» танқид кардааст[6, 235]. Э.Эванс-Причард, ки низ намояндаи функсионализм аст, назарияи фарҳанги Б. Малиновскийро тавсифӣ ва аз лиҳози таҳлилӣ-мантиқӣ заиф медонист[7, 243-244]. Бо вуљуди ин, тавре аз таҳлили мухтасари мазмуни яке аз асарҳои Бронислав Малиновский мушоҳида кардем, андешаҳои ин олми тавоно рољеъ ба моҳият ва нақшу вазифаҳои фарҳанг, рољеъ ба зарурати ҳифзи фарҳангҳои мардумӣ дар шароити муосири густариши равандҳои љаҳонишавӣ аҳамияти баланди илмию амалӣ доранд.
Рӯйхати адабиёти истифодашуда: 1. Daszkiewicz W. Bronisława Malinowskiego funkcjonalna teoria kultury (Дашкевич В. Назарияи функсионалии фарҳанги Бронислав Малиновский) // Człowiek w Kulturze (Инсон дар фарҳанг). — 2014. — №24. –C. 337-338. 2. Леви-Стросс К. Структурная антропология / Пер. с фр. Вяч. Вс. Иванова. - М.: Изд-во ЭКСМО-Пресс, 2001. - 512 с. 3. Малиновский Б. Научная теория культуры. Пер. с англ. И. В. Утехина; сост. и вступ. ст. А К Байбурина. 2-е изд., испр. — М.: ОГИ, 2005. -184 c.
4. Малиновский Б. Функциональный анализ. Антология исследований культуры, Т. 1: Интерпретации культуры. – СПб: «Университетская книга», 1997. –728 c. 5. Malinowski B. Dynamika przemian kulturowych. Studium stosunków rasowych w Afryce (Малиновский Б. Динамикаи дигаргунихои фарҳангӣ. Пажӯҳиши муносибатҳои нажодӣ дар Африқо). — Warszawa (Варшава), 1958. -165 c. 6. Токарев С.А. История зарубежной этнографии. – М.: Высшая школа, 1978. -352 c. 7. Эванс-Причард Э. История антропологической мысли / Пер. с англ. А.Л. Елфимова ; Ст. А.А. Никишенкова. – М.: Вост. лит., 2003. -360 c. 8. Flis M. Malinowski a Radcliffe-Brown: dwie wersje funkcjonalizmu (Флис М. Малиновский ва Рэдклифф-Браун: ду варианти функсионализм.). — Warszawa (Варшава), 1985. -156 c.
Шоев Зиёвиддин, сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Љумҳурии Тољикистон