ТАЪЛИМОТИ МУҲАММАДИ ҒАЗОЛӢ ОИД БА ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ДАБИРОН

ТАЪЛИМОТИ МУҲАММАДИ ҒАЗОЛӢ
ОИД БА ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ДАБИРОН

Муҳаммади Ғазолӣ яке аз мутаффакирони форсу тоҷик аст, ки оиди давлату давлатдорӣ ва ҳуқуқу ҳуқуқэҷодкунӣ асарҳо навиштааст. Мутаффакир дар зикри дабирон ва ҳунармандии эшон дар китоби «Насиҳат-ул-мулук» боби сеюмро бахшидааст [1, с. 91-95]. Бояд қайд кард, ки дигарон низ оиди дабирон ва ҳунари дабирӣ навиштаанд [3, с. 152].
Давлату давлатдорӣ бидуни дабирон ғайриимкон аст. Аз раванди таърихи давлатдорӣ маълум мегардад, ки дабирон дар давлат ва дастгоҳи давлатӣ ҷои намоёнро ишғол менамуданд. Масалан, дар механизми давлатии империяи Ҳахоманишиҳо вазифаи дабирӣ яке аз вазифаи муҳими давлатӣ маҳсуб мешуд [4, с. 47-48]. Ин вазифа дар давлатдории муосир низ зарурияти худро гум накардааст ва он дар шакли масъули дафтардорӣ, котиб, коргузор, коргузорӣ ва танзими кор ба роҳ монда шудааст.
Муҳаммади Ғазолӣ дар таълимоти худ аз номи бузургон овардааст, ки ҳеҷ чиз бузургвортар аз қалам нест, ки ҳама корҳои давлатдориро ба воситаи он тавон овардан ва бузургвории қалам дар он аст, ки эзид Таъоло бад-ӯ савганд ёд кардааст ва гуфтааст: «Савганд ба қалам ва он чи менависанд» [2, с. 606; 1, с. 91]. Ё ин ки дар ҷои дигар эзид Таъоло гуфтааст: «Бихон ва парвардигори ту бузургвортар аст, он ки илм омӯзонид бо қалам, омӯзонид инсонро он чӣ намедонист» [2, с. 653-654; 1, с. 91]. Дар ҳадисҳои пайғамбар Муҳаммади Мустафо (алайҳи-с-салом) низ оиди мавҷудияти қалам ва бо он навиштани ҳама чиз омадааст [1, с. 91]. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки Муҳаммади Ғазолӣ аз сураву оятҳои Қуръони Карим ва гуфтаҳои пайғамбар Муҳаммади Мустафо (алайҳи-с-салом) дар навиштани таълимоти худ оид ба вазъи ҳуқуқии дабирон ба хуби истифода бурдааст, ки ин анъанаи мутаффакирони варзидаи асримиёнагӣ ба шумор мерафт.
Мутаффакир дар таълимоти худ оид ба вазъи ҳуқуқии дабирон ақидаву гуфтаҳои одамони бузурги дунёро, аз қабили шоирон, табибон, подшоҳон, сарлашкарон овардааст [1, с. 92], ки ин ҷо намунаи онро пешкаш менамоем. Бузургон гуфтаанд: «Қалам заргари сухан аст». Шоири маъруфи араб Ибн ал-Муътаз (с. 816-908) гуфтааст: «Дил кон асту хирад гавҳар ва қалам заргару хат заргарӣ». Табиби машҳури Юнони қадим Ҷолинус (тақрибан солҳои 131-201) мегӯяд, ки «Қалам табиби сухан аст». Адиб ва арбоби давлатии Рими қадим Блинос (с. 62-113) мегӯяд, ки «Қалам тилисме бузург аст». Император ва сарлашкари бомаҳорат Искандари Мақдунӣ гуфтааст, ки «Дунё ба ду чиз барпост: яке шамшеру дигаре қалам ва шамшер ба зери қалам андар аст». Дар таълифот андарзҳои одамони бузурги дунё, инчунин ба сифати далели исботи ақидаҳои мутаффакир хизмат мекунанд. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки Муҳаммади Ғазолӣ баъди омӯзишу тадқиқи гуфтаҳо, ақидаҳо, панду андарзҳо ва андешаҳои одамони бузурги дунё таълимоти худро оид ба вазъи ҳуқуқии дабирон навиштааст.
Муҳаммади Ғазолӣ ақида дорад, ки ҳунару мояи омӯзандагон қалам аст [1, с. 92]. Мавҷудияти ҷаҳон бар шамшер ва қалам буда, ҳар ду ҳокиманд андар ҳама чизҳо. Ҳарчанд мард рӯзгордида бошад ҳам, аммо китобҳо нахонад, хирадманд намегардад. Ин суханҳои мутаффакир ба дабирон доштани хусусияти илмомӯзиро мефаҳмонад.
Ба ақидаи Муҳаммади Ғазолӣ дабирон ба ғайр аз навиштан даҳ чизи зеринро бояд донанд, то ба хизмати бузургон шаванд, ки қобили қабул аст: 1) Дабир бояд наздикию дурии об дар зери замин ва берун овардани корезҳоро донад; 2) Дабир бояд афзудану костани рӯзу шаб дар тобистону зимистон ва рафтори офтоб ва моҳу ситорагон ва иҷтимоу истиқболро донад; 3) Дабир бояд шумораи ангушт ва шумораи ҳандасаву маърифати тақвим ва ихтиёротро донад; 4) Дабир бояд рӯзҳову он чи бибояд кишоварзонро донад; 5) Дабир бояд пизишкиву доруҳо ва маърифати боди ҷанубиву шимолиро донад; 6) Дабир бояд шеъру қофияҳоро донад; 7) Дабир бояд бо ин ҳама сабукрӯҳу хушдидор бошад; 8) Дабир бояд доно бошад ба тарошидан ва сохтани қалам ва баргирифтану барниҳодан ва ҳар чи андар дил бувад бо нӯки қалам пайдо кунад; 9) Дабир бояд аз туғёни қалам хештан нигоҳ дорад; 10) Дабир бояд бидонад, ки кадом ҳарф кашида ва кадом ҳарф гирду пайваста бояд навишт, лекин бояд бидонад, ки хатро возеҳу равшан ва фаҳмо бояд навишт, то ки ҳаққи ҳар ҳарфе бигузорад [1, с. 92-93].
Аз ин ҷо маълум, ки дабир бояд ба даҳ талаботе, ки Муҳаммади Ғазолӣ дар зикри дабирону ҳунармандии эшон овардааст, ҷавобгӯ бошад, то ки ба хизмати давлатӣ машғул шавад.
Дар таълимоти Муҳаммади Ғазолӣ оид ба вазъи ҳуқуқии дабирон ҳикояте омадааст, ки Амир-ул-мӯъминин Умарро омиле буд. Нома навишт ба Умар ва ҳарфи «син»-и Бисмиллоҳ пайдо накард. Бихондаш, ва гуфт: «Нахуст «син»-и Бисмиллоҳ пайдо кун, онгоҳ ба сари амал шав» [1, с. 93]. Аз овардани ин ҳикоят Муҳаммади Ғазолӣ ба маълумоти шахсоне, ки ихтисоси дабириро пеша кардаанд, мерасонад, ки эшон дар рафти навиштан ва баъди анҷоми навишти ҳар чиз, фармону амри подшоҳон ва ё номае ба навиштани ҳар як ҳарф, калима, ибора ва ё ҷумла диққат диҳанд.
Дабир бояд санъати қаламтароширо ба хуби аз худ карда бошад. Агар дабир босавод бошад ва санъати қаламтароширо донад дар ҳама ҳолат хат хуб меояд. Барои исботи ақидаҳои худ мутафаккир аз ҳикояте оиди ҳунармандии дабирон истифода кардааст, ки қобили қабул аст [1, с. 93].
Ҳунари қаламтарошии дабирон бояд чунон бошад, ки эшон бо қалами саршикаста низ нома навишта тавонанд. Килки қалам беҳтар бувад, ки рост бувад ва миёни он тунуку зард бувад. Қалам ва ҳусни хат на борику на ғафс бояд, балки миёни тунуку рост қарор гирад. Корди қаламтарош бояд тез бошад. Муҳаммади Ғазолӣ ривояте овардааст, ки Абдуллоҳ ибни Рофеъ дабири Амир-ул-мӯъминин Алӣ ибни Абутолиб (Худованд шариф гардонад ӯро) гуфт: «Ман номае менавиштам. Амиру-л-муъминин маро гуфт: «Ё Абдаллоҳ, давот дароз дору қалам дароз ва миёнаи хат кушода куну ҳуруфҳо гирд навис [1, с. 94]. Ё дар дигар ҷои таълимоти худ оид ба вазъи ҳуқуқии дабирон Муҳаммади Ғазолӣ аз номи Абдуллоҳ ибни Ҷабала, ки дабири хуб буд чунин гуфтааст: «Қалам баҳрӣ доред ва агар баҳрӣ набувад, дигар қаламҳои зард доред ва бандгоҳи қалам бибуред, то корҳо баста нашавад» [1, с. 94]. Бояд қайд кард, ки мутафаккир дар ин ҷо қоидаҳо, нозукиҳо ва одатҳои ҳунари номанависӣ, котибӣ ва дабириро нишон додаааст.
Ба ақидаи Муҳаммади Ғазолӣ дабирон номаи навиштаи худро бе мӯҳр набояд фиристанд. Мӯҳри мактуб гувоҳи дурустӣ ва эътимоднокии он буда, эътирофи ҳуқуқӣ доштани онро ифода мекунад. Вақте мактуб бо мӯҳр фиристода мешавад он оқибати ҳуқуқӣ дорад. Мутаффакир менависад, ки оиди ин дар Қуръони Карим чунин омадааст: «Ба сӯи ман партофта шуд номае гиромӣ [2, с. 409; 1, с. 94]. Абдуллоҳи Аббос дар тафсири ин ояти Қуръони Карим чунин гуфтааст: «Яъне махтуми мӯҳра карда» [1, с. 94]. Ва пайғамбар Муҳаммади Мустафо (с) нома фармуд навиштан ба Аҷам. Гуфт: «Эшон номаи бемӯҳр нахонанд». Ба ангуштарӣ муҳр фармуд кардан бар нигин ба се сатр – муҳр: «Муҳаммадун Расулу-л-лоҳ». Тарҷумааш: «Муҳаммад пайғамбари Худост» [1, с. 94]. Баъди омӯзишу таҳлили ин навиштаҷоти мутаффакир ба хулосае омадан мумкин аст, ки гузоштани мӯҳр ба нома далели боварибахш аст, ки шахсе, ки нома аз номи он фиристода мешавад аз навиштани нома хабардор аст. Дар давраи муосири давлатдорӣ дар баробари муҳр, инчунин имзо ба мактубҳо гузошта мешавад.
Дар таълимоти Муҳаммади Ғазолӣ оид ба вазъи ҳуқуқии дабирон инчунин хабаре аст, ки мувофиқи он саҳоба Саҳр ибни Умар ал-Қалбӣ ривоят мекунад, ки чун пайғамбар Муҳаммади Мустафо (с) ба номи подшоҳи Ҳабаша Наҷҷошӣ нома навишт онро аввал ба хок афканд ва сипас фиристод. Наҷҷошӣ мусулмон шуд. Ва чун ба подшоҳи Кисро нома навишт, ба хок наафканд, лоҷарам мусулмон нашуд [1, с. 94]. Бо овардани хабари мазкур мутаффакир панд дода, гуфтанӣ аст, ки навиштан ва фиристодани нома ё мактуб хусусиятҳои ба худ хос дорад, ки онҳоро дабирон ва сарварони давлатҳо бояд риоя намоянд.
Муҳаммади Ғазолӣ дар таълимоти худ оид ба вазъи ҳуқуқии дабирон ба ақидаест, ки дабир чун нома навишт пеш аз қат кардани он онро бо таги дилаш хонад ва сипас қат кунад, то ки дар нома хатое бошад, он ёфта шавад [1, с. 95]. Мутафаккир дар ин ҷо хусусияти дигари дабиронро, яъне ботамкинии эшонро қайд кардааст. Хусусияти дигари дабирон дар он аст, ки онҳо бояд ҷаҳд кунанд, то сухан кӯтоҳ буваду маъно дароз ва сухан дубора навишта нашаваду аз алфози гарон парҳез кунанд, то сутуда бувад [1, с. 95].
Мутаффакир дар охири таълимоти худ оид ба вазъи ҳуқуқии дабирон қайд кардааст, ки дар боби дабирӣ сухан бисёр аст, ин қадар басанда бувад, то дароз нагардад, ки бузургон гуфтаанд: «Сухани он некӯтар, ки ба гуфтан кӯтоҳтару ба маъно бузургтар ва роҳнамойтар, чунон ки малол нагирад аз он ва гаронӣ наёбад ва ҳаристар бошанд ба ёд гирифтан ва-с-салом» [1, с. 95].
Ҳамин тариқ, баъди омӯзишу тадқиқи таълимоти Муҳаммади Ғазолӣ оид вазъи ҳуқуқии дабирон ба хулосаҳои зерин омадан мумкин аст:
1. Дабир гуфта шахси мансабдори давлатиро меноманд, ки дар дастгоҳи давлатӣ ҷои муайянро ишғол намуда, вазифаи котибиро дар коргузории давлатӣ ба уҳда дорад.
2. Дабир ҳамчун шахси мансабдори давлатӣ бояд одоб ва қоидаҳои ба худ хосро доимо ҳангоми иҷрои вазифаи касбиаш риоя намояд.
3. Дабир бояд донандаи масоили муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ, давлатӣ ва ҳуқуқӣ бошад, то ки самаранокии касбияташ таъмин гардад.
4. Таълимоти Муҳаммади Ғазолӣ оид ба вазъи ҳуқуқии дабирон дар таҷрибаи давлатдории муосир низ аз аҳамият холӣ нест.

Адабиёт:
Имом Абӯҳомид Муҳаммад Ғазолӣ. «Насиҳат-ул-мулук». – Душанбе: Ирфон, 1993. – 144 с.
Коран / Перевод смыслов и комментарии И.В. Пороховой. – М.: Аль-Фуркан, 2000. – 816 с
Сативалдыев Р.Ш. Политические и правовые идеи «Сиасет-намэ» и их современное значение: монография / Отв. ред. чл-корр АН РТ Ф.Т. Тахиров. – Душанбе, 1998. – 312 с.
Холиқов А.Ғ. Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон (аз давраи пайдоиш то интиҳои асри ХIХ). Қисми 1. – Душанбе: Матбуот, 2002. – 304 с.

Шоев Фируз Маҳмадаминович - сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Яндекс.Метрика