Яке аз вижагихои низоми ҳуқуқии фиқҳи исломӣ фарогир будани он аст. Бояд тазаккур дод, ки поягузори илми фиқҳ шайхурраиси фақеҳони мусулмон имом Абӯҳанифа – Нӯъмон ибни Собит (ваф.767м./150.ҳ.қ.) мебошад ва ӯ аввалин мазҳаби ҳуқуқии исломиро, ки аксарияти аҳолии мусулмони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои соҳибистиқлоли Осиёи Марказӣ пайрави он мебошанд, бунёд ниҳодааст. Асли ӯ аз Кобул, пойтахти Афғонистони имрӯза мебошад. Бобояш Марзбон дар замони хилофати ҳазрати Умар исломро қабул карда, ба Куфа омада, дар он ҷо истиқомат кардааст.
Дар ибтидо Абӯҳанифа ба илми усули дин ва ё илми калом машғул шуда ва бо бисёре аз уламои замонаш баҳсҳо кардааст. Нақл мекунанд, ки барои радди интиқодҳо ва шубҳаҳое, ки нисбат ба шариати Ислом ҷой дошт, 27 маротиба вориди Басра шуда, бо шахсиятҳое чун Ҷаҳм ибни Сафвон, бо гурӯҳҳои мӯътазила ва хавориҷ ва рофизиёни тундрав баҳсу муноқиша кардааст. Вале баъдан бо сабабе ба омӯзиши илми фиқҳ мепардозад ва ба ҳалқаи шогирдони Ҳаммод ибни Абисулаймон мепайвандад. Абӯҳанифа то вафоти Ҳаммод аз шогирдони мумтоз ва вафодори ӯ буд ва баъд аз вафоти устодаш низ идомадиҳандаи кори ӯ ва толиби мағфирати илоҳӣ ба ӯ дар намозу ибодат будааст.
Абӯҳанифа дар асари ошноӣ бо илми калом ва баҳсу мунозира бо намояндагони гуногуни ин мактаб дар фанни ҷадал ва мунозира маҳорати комил ёфта буд. Ӯ ин маҳоратро дар илми фиқҳ ба кор андохта, андеша ва истидлолоти ақлиро дар фиқҳ ва ҳадис ба кор бурд ва раъй ва қиёс ва истеҳсонро вориди илми фиқҳ гардонид, то он ҷо ки мактаби фиқҳии Абӯҳанифа ба мактаби раъй ва қиёс машҳур гардид.
Мазҳаби Абӯҳанифа демократитарин мазҳаби ислом аст, зеро он ба ғайр аз қиёс, истеҳсон ва раъй боз ба урф низ такя кардааст. Мақсад аз истеҳсон назди ҳанафиён он аст, ки дар сурати вуҷуди далели қавитар ё ба амал мувофиқат накардани ҳукм, он дар асоси истеҳсон бекор карда мешавад. Аммо урф истифода дар ҳукм аз анъана ва суннатҳои маҳаллӣ мебошад. Бо сабаби истифода аз раъй, қиёс ва истеҳсону урф мазҳаби ҳанафӣ аз дигар мактабҳои аҳли суннат ғанитар ва ҷолибтар гардид.
Тавре ки зикр кардем, ҳуқуқи исломӣ аз лиҳози доманаи фарогири худ хеле васеъ буда, на танҳо масоили марбут ба намоз, рӯза, ҳаҷ, амри маъруфу наҳйи мункар ва дигар умури динӣ, балки доираи васеи масоили марбут ба тиҷорат, иҷора, никоҳ, тақсими моликият ва дигар соҳаҳои ҳаёт ва муносибатҳои иҷтимоиро низ ба танзим медарорад. Бояд гуфт, ки принсипҳои кулллии ҳуқуқи исломӣ, ки аз Қуръон ва ҳадис истинбот шудаанд, куллитарин масъалаҳои марбути ҷанбаҳо ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти башариро дар бар мегиранд. Масоили нисбатан ҷузъӣ ё нисбӣ, ки дар ҳар як соҳаи ҳаёт ва фаъолияти инсон вуҷуд доранд ва ё пайдо мешаванд, онҳоро олимони мусулмон, маъмулан, дар мутобиқат бо таълимоти Қуръону ҳадис, бо истифода аз иҷмоъ, қиёс ва усулҳои мантиқӣ, дар чаҳорчӯбаи фиқҳ, калом ва дигар илмҳои фаръии исломӣ таҳқиқу баррасӣ мекарданд. Аз тарафи дигар, чи тавре ки маълум аст, ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамеша дар ҳаракат ва тағйиру такомул мебошад. Вобаста ба ин дигаргуниҳо соҳаҳои ҳаёт ва фаъолияти башарӣ низ рӯз ба рӯз давра ба давра мураккаб ва серпаҳлӯ шуда, зимнан, масъалаҳои ҳуқуқие низ пайдо шуда метавонанд, ки аз доираи назари Қуръон ва дигар манбаҳои диниву ғоявӣ берун бошанд. Олимони мусулмон низ ин ҳақиқатро хуб дарк мекарданд ва мефаҳмиданд, ки ҳалли ҳуқуқии чунин масъалаҳо ва мафҳумҳои наву норавшан дар баробари такя ба манобеи Қуръону ҳадис, инчунин корбурди иҷтиҳод ва усулҳои тафаккури мантиқиву ақлониро низ тақозо менамоянд. Ҳамин огоҳӣ ва ибтикороти фақеҳони мусулмон буд, ки онҳоро ҳамвора ба тадвину такмили низоми ҳуқуқи исломӣ ҳидоят менамуд.
Дар ин ҷода, тавре ки зикр гардид, фақеҳони мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоъат, алалхусус, мазҳаби ҳанафӣ пешсафу пешоҳанг буданд. Хусусияти либералии таълимоти ҳуқуқии мазҳаби ҳанафӣ муҷиби он гашт, ки ин мазҳаб дар тӯли асрҳои VIII-ХII милодӣ аз лиҳози афзоиши шумораи пайравон ва қавму халқиятҳои ба он гаравида як навъ мақоми пешоҳангиро нигоҳ дошта, ҳамчун мазҳаби ҳукмрон нуфузи сиёсии худро дар қисмати бештари қаламрави хилофати исломӣ тақвият диҳад. Яке аз сабабҳои асосии нисбат ба ташайюъ интишору вусъати бештар пайдо кардани раванди гароиши мусулмонон ба мазҳаби ҳанафӣ ва дигар мазҳаби тасаннун дар он буд, ки таълимоти ҳуқуқии ин мазҳабҳо бар хилофи таълимоти ташайюъ меросӣ будани ҳуқуқи имомату хилофатро рад мекард ва аз интихоби озодонаи сарвари ҷомеа тарафдорӣ менамуд. Олимону фақеҳони муосири пайрави мазҳаби ҳанафӣ роҷеъ ба ҳузури унсури дунявият дар ҳаёти сиёсӣ низ масъалагузорӣ карда, дар ин мавзӯъ фикру андешаҳои таҳаммулпарварона ва қобили зикрро баён кардаанд. Аз ҷумла, онҳо чунин мешуморанд, ки мафҳуми «давлати дунявӣ» на бо таълимоти сиёсиву иҷтимоии ислом, балки бо таълимоти дини масеҳӣ, алалхусус мазҳаби католикӣ мухолиф мебошад, чунки ин мазҳаб дар тӯли Асрҳои Миёна сиёсати ҳукуматҳои кишварҳои Аврупои Ғарбиро ба зери ҳукми мутлақи калисо гузошта буд. Дунявият ҳамчун усули сиёсати давлатӣ дар натиҷаи муборизаи қувваҳои пешқадам, озодихоҳ ва равшанфикри иҷтимоии қораи Аврупо баҳри аз байн бурдани инквизитсия ва умуман, аз зери фишори калисои католикӣ озод кардани соҳаҳои мухталифи ҳаёт ва фаъолияту муносибатҳои моддиву маънавии ҷомеа ташаккул ёфтааст. Ин мафҳум, чуноне ки гуфта шуд, бо консепсияи сиёсии Ислом ҳаргиз ихтилофи ҷавҳарӣ надорад, чунки мутобиқи мазмуни таълимоти сарчашмаҳои ҳуқуқи исломӣ, сардори давлат шахси муқаддас ё намояндаи Худованд нест, балки ӯ шахси заминие маҳсуб меёбад, ки барои ҳал намудани мушкилотҳои аҳли ҷомеа, азҷумла мусулмонон масъул аст. Ба ибораи дигар, таълимоти сиёсиву иҷтимоии Ислом дорои табиати дунявист. Шариати исломӣ, алалхусус фиқҳи ҳанафӣ, аз муъминон сохтани модели махсуси динии «кишвари исломиро» талаб наменамояд ва чунин амал ба доираи масъулияти мусулмонон дохил намешавад. Чунин модели идоракунӣ ба мисли «хилофат», «аморат» ва ғ. шаклҳои ҳатмии ҳокимияти мақбули Худованд нестанд, балки таҷрибаи давлатсозии дар як қатор кишварҳои мусулмонтаборро муаррифӣ мекунанд. Баръакс, ҳар як шакли идоракунӣ (аз он ҷумла президентӣ ва парлумонӣ), ки дар он меъёрҳои исломӣ, адолати иҷтимоӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон таъмин карда мешаванд, аз дидгоҳои таълимоти сиёсиву иҷтимоии манобеи ҳуқуқи исломӣ, одилона ва қобили қабул дониста мешаванд. Ҳамин тариқ, давлати дунявӣ барои Ислом ва тарзи ҳаёти исломӣ ҳеҷ гуна хатароте надорад ва мусулмонон дар шароити кишвари дунявӣ метавонанд озодона ҳаёт ба сар бурда, ҳам фароизи динӣ ва ҳам қарзу вазифаҳои шаҳрвандии худро ба иҷро расонанд.
Дар байни дигар мактабҳои фиқҳии исломӣ, ки доир ба масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқию ахлоқӣ баҳсу мунозираҳои зиёд таълимоти исмоилия қарор дошт. Бояд гуфт, ки таълимоти мазкур дар Тоҷикистон пас аз мазҳаби ҳанафӣ дуюмин шохаи бонуфузи мусулмонони дар Тоҷикистон буда, аксарияти аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайрави аз он мекунанд. Ҳаракату фаъолияти сиёсии исмоилиён аз аввали асри Х баъди таъсиси Хилофати Фотимиён дар Миср шиддат ёфта, то оғози нимаи дуввуми асри ХIII дар ҷӯшу хурӯш буд. Дар асрҳои Х-ХI ин ҳаракат дар Осиёи Миёна ва Эрон мунташир гардид. Исмоилиён бо истифода аз фалсафаи юнони Бостон як низоми томи таълимоти ақлониро эҷод намуда, ба ин васила аҳли илму фарҳанг, мутафаккирон ва сиёсатмадоронро ба тарафи худ ҷалб намуданд. Дар асри ХI Ҳасани Саббоҳ (1054-1124) сарварии ҳаракати исмоилиёни эрониро, ки акнун аз фотимиён ҷудо шуда буданд, ба дасти худ гирифт. Бо ташаббуси ин ташкилот дар як қисмати Эрон –Исфаҳон, Қазвин ва вилояти Дайлам (Кӯҳистон) давлатчаи исмоилиён таъсис ёфт, ки онро набераи Чингиз - Ҳалокухон дар соли 1256 барҳам дод. Мутобиқи хабари сарчашмаҳо ва натиҷаи таҳқиқоти Грюнебаум ва бархе шарқшиносони дигари аврупоӣ, Ҳасани Саббоҳ ва пешвоёни дигари мазҳаби исмоилӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ҳама усулҳои таъсиру тарғиб ба таври васеъ истифода мебурданд. Ин мазҳаб аз як тараф бо тарғиби ғояҳои мазмунан ифодакунандаи адолати иҷтимоӣ ва озодии инсон ва аз тарафи дигар бо роҳи таъқибу зӯроварӣ [1, 400-402], дар байни оммаи мазлуму бенаво, уламову мутафаккирон ва аъёну ашрофи маҳаллӣ ҳам душманон, ҳам пайравону ҷонибдорони зиёдеро пайдо карда буданд. Чи хеле ки муҳаққиқ ва олими маъруфи тоҷик Х. Додихудоев қайд кардааст, сабаби нуфузи бузурги исмоилия дар байни аҳолӣ он буд, ки «исмоилиён мисли дигар файласуфону сиёсатшиносони исломӣ Форобӣ, Ибни Сино, Ғазолӣ, Низомулмулк ва ҳоказо бо танқиду мазаммати ахлоқи зишти аъёну ашроф, даъват ба адлу инсоф ва ғамхорӣ нисбат ба раият, пешниҳоди андешаҳои ормонӣ оид ба ҷомеаи адолатбунёд маҳдуд нашуда, балки мақсад доштанд, ки ҳокимияти истибдодиро зӯран аз байн баранд» [2,343].
Яке аз намояндагони маъруфи таълимоти сиёсиву ҳуқуқии мазҳаби исмоилия – Носири Хусрави Қубодиёнӣ мебошад, ки дар осори диниву фалсафии худ алалхусус масъалаҳои имоматро хеле ба тафсил шарҳу тавзеҳ додааст. Исмоилиҳо мӯътақиданд, ки маъноҳои аслии Қуръон аз фаҳму дарки башар мактум (пӯшида) аст ва башар барои дарки он маъноҳо ба вуҷуди имом мӯҳтоҷ аст. Ба андешаи онҳо, таъйини имом ба хост ва иродаи Худо анҷом мегирад ва имомат ҳаққи меросии насли Ҳазрати Расул аст. Носири Хусрав дар ин бора чунин менависад: «Имом он аст, ки фарзанди ӯ имом бошад ва насли ӯ бурида нашавад ва ҳар кӣ даъвои имомат кунад ва насли ӯ бурида шавад, ӯ дурӯғзан (дурӯғгуфтор) бувад» [5, 290-291] . Пайравони исмоилия мӯътақиданд, ки ҳаққи имомат баъд аз Имом Ҷаъфари Содиқ, мутобиқи насси он ҳазрат, ба Исмоил гузашта, пас аз Исмоил ба писараш Муҳаммади мулаққаб ба Мактум, ки аввалин имоми мастур буд, мунтақил шудааст. Пас аз Муҳаммади Мактум писараш Ҷаъфари Содиқ ва баъд аз у писараш Муҳаммади Ҳабиб ба имомат расиданд. «Муҳаммади Ҳабиб охирин имоми мастур буда, баъд аз ӯ писараш Маҳдӣ даъваташро ошкор кардааст» [6, 12]. Исмоилиҳо барои имомат ҳеҷ гуна шарту шароити хосеро қоил нестанд, ҳамин қадарро кофӣ медонанд, ки имом аз авлоди Алӣ ибни Абӯтолиб бошад ва бо тавсияи падар ба мансаби имомӣ ноил гардад. Синну сол, маълумот ва рафтору кирдори имом дар назари онҳо аҳамияте надорад. Масалан, аз миёни имомони ин мазҳаб, ал-Ҳоким дар синни ёздаҳсолагӣ, ал-Зоҳир дар синни понздаҳсолагӣ, ал-Мустансир дар синни ҳаштсолагӣ ва ал-Амр дар синни панҷсолагӣ ба мансаби хилофат расидаанд. Онҳо мӯътьақиданд, ки «ҳар гоҳ халифа фарзанди худро ба ҷонишинӣ интихоб мекунад, асрори макнунаи раббонӣ ва сифоти илоҳӣ аз ӯ ба фарзандаш ҳулул мекунад ва ин ҳамон мероси маънавие мебошад, ки онро паёмбар ба Алӣ ибни Абӯтолиб мунтақил сохтааст» [3, 207].
Ба ақидаи Носири Хусрав, мартабаи имомӣ нисбат ба дигар мартабаҳо шараф ва манзалати бештар дорад ва дар бахше аз «Хону-л-ихвон» дар тавзеҳи ин нуқта чунин далел меоварад: «Имом охирини муайидон аст ва ӯст, ки мардум аз ӯ аз фано ба бақо расида ва мар масалҳо ва рамзҳои нотиқро ба ҳақ иборат тавонад кардан… ва ҳамчунон, ки нафси нотиқа аз ҳама нафсҳо шарифтар аст, имомро манзалат аз ҳама манзалатҳо бартар аст ва гувоҳӣ бар дурустии ин қавл он аст, ки манзалати имом, манзалати Худованди қиёмат аст. Ҳама нотиқон халқро даъват сӯи Ӯ карданд ва аз шараф ва манзалати имом буд, ки Худои таъоло гуфта, ки «Рӯзи қиёмат ҳар гурӯҳеро ба имоми хеш хонда шавад…» (Исро, 17:71) Рӯзгор ҳеҷ гоҳ холӣ аз имом нест ва итоат аз имом бар ҳамагон воҷиб аст ва такзиби имоми ҳақ азоби абадиро ба дунбол дорад. Ҳар касе аз имоми рӯзгори худ итоат накунад, аз расули Худо итоат накарда ва ҳар касе, ки аз расули Худо итоат накунад, аз Худо итоат накардааст» [5, 207].
Дар аксари маврид, фақеҳони мазҳаби исмоилӣ дар тадвину истинботи усулҳои фиқҳии худ аз иҷтиҳоду қиёс ва дигар методҳои ақлонии дар дигар мазҳабҳои тасаннун ва ташайюъ маъмул иҷтиноб варзида ва методи таъвилро ба кор бурдаанд. Дар назари исмоилиён тамоми падидаҳои олам зоҳир ва ботин доранд. Зоҳир бояд таъвил шавад ва илми таъвилро танҳо имомон ё касоне, ки аз эшон илм фаро гирифтаанд, медонанд ва дигар афрод, ҳатто пайғамбарон, аз таъвили Қуръон ва аҳком огоҳӣ надоранд. Ба андешаи Носири Хусрав, «кори анбиё фақат иблоғи суханони илоҳӣ аст ва таъвили онро имом ба ӯҳда дорад» [4, 115-116].
Аз хулосаи анлешаҳои динию сиёсии Носири Хусрави Қубодиёнӣ бармеояд, ки дар таълимоти исмоилиён имом на танҳо дар умури динӣ, балки дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии пайравони ин мазҳаб мақоми ҳукмронӣ дошта, сухани ӯ барои ҳар яки онҳо ҳукми қонунро дорад. Аммо, бояд тазаккур дод, ки бо мурури замон, пас аз шикасти низориёни эронӣ аз тарафи лашкари Ҳалокухон пайравони ин мазҳаб ба атрофу акнофи олам пароканда шуданд ва зимнан бо тақозои давру замон таълимоти сиёсию ҳуқуқии он низ тағйиру такомул ёфта, пешвоёну доиён дар кори таблиғу тарвиҷи идеяҳои динӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ аз корбурди усулҳои зӯроварӣ даст кашида ба муросову таҳаммул рӯ оварданд. Ин андешаро нигоҳи мухтасар ба таърихи мазҳаби исмоилӣ дар Тоҷикистон собит менамояд. Тавре ки гуфта шуд, пайравони ин мазҳаб дар тӯли беш аз 1000 сол инҷониб бо пайравони мазҳаби ҳанафӣ дӯстона ҳаёт ба сар мебаранд ва таърих ҳеҷ гунна низоъ ё кашмакаши байни ин пайравони ин ду мазҳабро дар ёд надорад. Бояд эътироф намуд, ки ин ду мазҳаби исломӣ дар давоми беш аз ҳазор соли мавҷудияти худ дар сарзамини Тоҷикистон ҳамзистии осоишта доштанд, дар кору фаъолият ва муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ ҷиҳати такомули фарҳанги миллии халқи тоҷик саҳми муштарак доштаанд. Тамоми масъалаҳо дар асоси ҳусни тафоҳум ва равобити ҳасана ҳаллу фасл мегардид. Дуруст аст, ки дар замони шӯравӣ аз сабаби мақоми ҳукумрон доштани идеологияи атеизм урфу одат ва анъанаҳои динию мазҳабӣ то андозае таҳти фишору тазйиқи идеологияи ҳукумрон ва ҳизби ҳоким афтоданд ва аз пуштибонии давлат, ки тӯли садсолаҳо усулан ба раванди ташккули динию мазҳабӣ ғамхорӣ зоҳир менамуд ва ҳомии муқтадири он маҳсуб мешуд, бенасиб раштанд. Гоҳо дар пояи ин гуна фишорҳо муносибати байни пайравони ин мазҳабҳо низ тағйир ёфта, характери кинаварзӣ мегирифтанд ва ин омил боиси тақвият ёфтани падидаи номатлуби маҳалчигӣ низ мегардид.
Хушбахтона, дар замони Истиқлолияти давлатӣ муносибатҳои байни пайравони ин ду мазҳаб аз нав дар асоси ҳусни тафоҳум эҳё гардид ва такмилу тақвият ёфт. Дар даврони истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ бо ташаббусҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муносибати давлати миллии дунявӣ ба дин тағйиру таҳаввули некӯ пайдо карда, бо усулу равишҳои нав такмил дода мешаванд.
Муҳимтарин дастоварде, ки дар соҳаи муносибат ба дин бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ба даст омад, ин бартараф шудани буҳрони маънавие буд, ки дар шакли бархӯрди ҷаҳонбинии дунявию динӣ зоҳир мегардид. Ба шарофати ин дастовард зиддиятҳои сиёсӣ ва динӣ-мазҳабии байни минтақаҳои гуногуни кишвар низ рафъ гардиданд. Раванди эҳё ва танзими мақом ва нақши суннатии иҷтимоию фарҳангии дин дар ҳаёти ҷомеаи муосири Тоҷикистон ҳамзамон бо фароҳам омадани заминаҳои ҳуқуқии ин раванд – қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодиҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ворид гардидани тагйиру иловаҳо ба Конгститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳои 1999, 2003, 2016 ва қабули дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба як маҷрои муайян ва танзимшаванда дароварда шуд. Дар матни Конститутсия дар баробари эълони низоми дунявии давлатдории миллӣ таъкид гардидааст, ки «дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад». Интихоби чунин шакли низоми давлатдорӣ натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи таърихии давлатдории миллӣ буд ва он барои наздик сохтани пайравони ҳамаи дину мазҳабҳо ва ноил шудан ба ваҳдати миллӣ заминаи ҳуқуқӣ бунёд кард. Яъне дунявият дар низоми давлатдории навини тоҷикон мазмуну моҳияти тоза касб намуд ва ҳама гуна мафкураи динӣ ё ғайридинӣ ҳамчун эътиқоди фардии шахс эътироф гардиданд. Ба ҳамин тариқ, интихоби принсипи дунявият ба ҳайси усули давлатдорӣ дар таърихи муносибати дин ба давлат дар Тоҷикистон саҳифаи даврони наверо оғоз намуд, ки онро ҳамчун даврони бозгашт ба суннатҳои неки давлатдории тоҷикон тавсиф кардан мумкин аст. Барои равшан гардидани ин матлаб бояд зикр кард, ки дар замони давлатдории Сомониён дар қаламрави давлати онҳо пайравони дину мазҳабҳои мухталиф осудаҳолона мезистанд ва дар муносибати байни онҳо аксаран ҳусни тафоҳум ва таҳаммулпазирӣ ҳукмрон буд. Чунин вазъи осоиштаи ҳаёти динӣ ва ҳаёти осудаҳолонаи пайравони дину мазоҳиби гуногун дар қаламрави Сомониён, ки дар аксарияти киобҳои муътамади таърихӣ аз он ёд шудааст, далели муносибати неки давлат ба ҳамаи дину мазоҳиб ва аз тассубу ифротгароӣ орӣ будани сиёсат ва умури давлатӣ дар он замон гувоҳӣ медиҳад. Ва ҳамин суннатҳои неки диндорию давлатдории ниёгони пурифтихорамон имрӯз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ аз нав эхё гардида, боиси таҳкими ваҳдату якдилии ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон гардидааст.
АДАБИЁТ:
1. Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон. Душанбе, 2008.
2. Додихудоев Х. Философский исмаилизм. Душанбе, 2014.
3. Маҳдии Муҳаққиқ. Бист гуфтор дар мабоҳиси илмӣ ва каломӣ ва фирақи исломӣ. Теҳрон, 1355.
4. Носири Хусрав. Ҷомеъ ул-ҳикматайн». Бо тасҳеҳ ва муқаддимаи форсӣ ва фаронсавии проф. Ҳанри Корбен ва доктор Муҳаммад Муин. Теҳрон 1363.
5. Носири Хусрав. Хон-ул-ихвон. Бо муқаддимаи Алӣ Қавим. Теҳрон, 1338.
6. Носири Хусрав. Зод-ул-мусофирин. Бо муқаддимаи Муҳаммад Базлу-р-раҳмон. Теҳрон, 1341.
Наҷотзода Мутеъуллоҳ. Муовини Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.