Таъсисёбии Артиши миллии тоҷикон

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ, новобаста аз он ки дар кишвари мо ваъзи иқтисодӣ, иҷтимоӣ дар ҳолати ноороми қарор дошт, кишварро ваъзи печидаи ҳарбӣ сиёсӣ, муноқишаҳои дохилӣ иҳотакарда буд, Тоҷикистони тозаистиқлол бо ин ҳама камбудиҳову хатарҳои сиёсӣ нигоҳ накада тавонист Артиши миллии тоҷиконро таъсис диҳад, вале бо бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт, Қувваҳои Муссалаҳи Чумҳурии Тоҷикистон аз сифр оғоз шуд.

18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълонкарда шуд. Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд[1],ки ваъзи кишвар сол то сол хуб шуда кадрҳои баландихтисос ба вуҷуд омада истодааст. Ҳамин тариқ, аз 23-юми феврали соли 1993 инҷониб дар кишаварамон ҳар сол ҳамин рӯз ҷашни миллии мо яъне, Қувваҳои Мусаллаҳ бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ин боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол, қувваҳои мусалаҳаш мебошад.

Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Артиш вазифаи бузурги мудофиавӣ буда, меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба падару модар боз ҳам бештар мекунад, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад.

Артишро чун мактаби мардонагӣ ва омӯзиши касбу ҳунар тавсиф карда, дар он ҷо сарбозон ҳамарӯза бояд тамрини низомӣ гузаронида ва посбониву ҳушёри ва зиракии марзи кишвари азизамонро ҳифз намоянд. Ҳимояи амну амнияти мардум вазифаи артиши неруманд аст, ки аҳамияти ҳифзи марз ва ҳаёти осоиштаро ҳассостар дарк месозад.

 Дар хотир бояд дошта бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум, аз ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дорад.

Дар даврони соҳибистиқлоли ҷавонон бояд як нуқтаро дарк намоянд, ки хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбия, ҷасорат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳидоятҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки ифтихори миллӣ, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ буда, вазифаи ҷонии ҳар шахси бомаърифат аз он иборат мебошад, ки Ватанамон – Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намоем ва онро азизу муқаддас донем.

Ба қадри Модар – Ватан, муқаддасоти миллӣ – Истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ, суботу озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ ва таъриху маданияти халқи худ бирасем ва барои наслҳои ояндаи худ гузоштани мероси арзанда, талош варзем.

Бо як эҳтироми руҳияи ватандустиву ватанпарастӣ тамоми мардуми шарафмади ба ору нанги тоҷикро ба Ифтихори 23-юми феврал, рӯзи Артиши Милли шодбошу муборакод гуфта, баҳратон саодатмандӣ, садоқатмандӣ ва рӯзгори хубу осоиштаро тамано дорам. Иди Артиши Милли муборак!

Фотимаи Шерафкан – мутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ.

Яндекс.Метрика