ТАҒЙИРОТҲОИ ГЕОСИЁСӢ ДАР ВАЗЪИЯТИ ХОВАРИ МИЁНА ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҶТ

 

1. Мубориза ва амалиёти ҷангӣ дар минтақаи Ховари Миёна ду блоки кишварҳои манфиатдорро дар минтақа ба вуҷуд овард: ИМА, Исроил ва Арабистони Саудӣ; ФР, Туркия ва Эрон. Муносибати ҳар яке аз инҳо доир ба мубориза бо экстремизму терроризм, афрод ва созмонҳои ба корҳои тахрибкорӣ дастдошта, сулҳу ҷанг, дурнамои иқтисодиёт ва ҳамгироӣ дар минтақа аз ҳамдигар фарқ мекунад. Оташи ҷанг атрофи  Созмони ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷро печонида истодааст. Ҷанг ин созмонро ба 2 гурӯҳ тақсим кард: Арабистони Саудӣ, Иморот ва Баҳрайн; Умон, Қатар ва Кувайт. Ҳадафҳои Арабистони Саудӣ ва Эрон низ ба ҳам зид мебошанд: яке давлати дунявӣ ва модели минтақаи “Набзи тағйирот” сохтанӣ аст; дигари барномаи идеологии “Ҳилоли шиа”-ро амалӣ карданӣ аст. Ҳоло чанги асосӣ байни Арабистони Саудӣ ва Яман шиддат мегирад, ки ҳардуро ба бозори хариди силоҳ табдил додааст. 

2. Вазъияти Ироқу Сурия ва ҷанг бо ДИИШ низ ба марҳалаи ҷамъбастӣ наздик мешавад. Артиши Ироқ бо дастгирии ИМА ва Эрон (посдорони инқилоби исломӣ) Мавсил, Киркук ва Раққаро озод карда, ба масири Бӯкамол баромаданд. Бӯкамол пайраҳаи шиаро то ҷануби Лубнон бо Ҳизбуллоҳ пайваст. Ҷангиёни “давлати исломӣ” ба ҷойҳои гуногун паҳн мешаванд. Масъалаи раъйдиҳӣ оид ба истиқлолияти Курдистон як лаҳза ҳамаи кишварҳои минтақаро ба ҳам муттаҳид кард, вале масъала зуд бартараф шуд. Оромии нисбӣ дар майдони амалиёти ҷангӣ якбора се проблемаи ҷиддӣ – дурнаммои сохти федералӣ дар Ироқ, ояндаи сохтори сиёсӣ дар Сурия (Конгресси муколамаи миллӣ дар Сочи ва ташкили иттиҳоди мухолифини Сурия дар ар-Риёз) ва буҳрони сиёсӣ дар Лубнон бо изҳороти Ҳаририро расонаӣ кард.  

3. Арабистони Саудӣ якбора дар назари чанд кишвари минтақа ба кишвари ғосиб (агрессор) табдил ёфт. Идома ёфтани ҷанг бо ҳусиёни Яман ва муносибати ниҳоят сард бо Эрон хароҷоти ҷангии онро зиёд кард. Се соли ҷанг зери шиори “Тӯфони қотеият” ба 85-87 млрд. доллар баробар шудааст ва захираҳои асъориаш аз 715 то ба бештар аз 100 млрд. доллар поён рафт. Барои иҷрои ваъдаҳои Трамп Саудӣ маблағ надорад, ки оқибаташ нохуб аст. Дар амалиётҳои ҷангӣ то ҳол ҷавонони гумроҳи киш¬варҳои мусулмонӣ бо пули ночиз ҷалб мешаванд. Шикасти созмони “давлати исломӣ” боиси аз майдони амалиётҳои ҷангӣ баромадани раз¬ман¬дବгони ашаддӣ шуд. Онҳо аз тариқи минтақаи биёбонии Воҳоти Миср ва бандарҳои Туркия ба ҷануби Либия ҷойгир шуда истодаанд. Хатари нуқтаи даргириҳои оянда шудани ин кишвар зиёд аст.  

4. Аммо дар меҳвари асосии нооромиҳо манфиатҳои иқтисодӣ меистад. Лоиҳаи “Набукко – “Ҷараёни Ҷануб” – “Гази Қатар ба Аврупои Ғарбӣ” бархӯрди бозингарони минтақавӣ ва ҷаҳониро то ба ҷангҳои тӯ¬ло¬нӣ овард. Нархи нафту газ поин рафт ва ширкатҳои аврупоӣ ба фикр аф¬то¬данд. ФР аз ин низоъ вазъи худро хуб кард. “Ҷараёни Шимол” бе тран¬зит газро вориди Аврупо кард ва лоиҳаи “Сила Сибири” ҳам пеш ме¬ра¬вад. Акнун РФ “Ҷараёни Ҷануб”-и худро ба Эрзурум часпонида, даво¬ми хатти лӯларо то ҷануби Юнон сохта, идораи онро ба Анқара доданӣ аст. Украина ҳамкории ФР ва ИА дар соҳаи газ заиф кард, бояд роҳи дигар ҷуст. Шелфи баҳрии Леванта низ дар назар аст. Барои ҳадафҳои худ зӯрони ҷаҳон ба ҳама чиз қодиранд, ки дар мадди аввал ИМА меистад.    

5. Дар ин раванд ҳама гуна роҳу усул, аз ҷумла ниҳодҳои норозӣ исти¬фода мешавад. Дар ин росто ТЭТ ҲНИТ низ ҳамин гуна вазифа дорад. Ба он акнун мақоми созмони сиёсии ҷабрдида аз нигоҳи арзиш-ҳои аврупоиро додаанд. Ташкилотҳои манфиатдор ин созмонро ҳамчун унсури татбиқи лоиҳаҳо истифода мебаранд. Эҳтимоли ғолиб он аст, ки ин ниҳодро барои минтақаи Осиёи Марказӣ дар оянда захира мекунанд. Ҳоло дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизис¬тон ва Россия бахшҳои он фаъол шуда истодааст. Миёнаравии лоиҳаҳоро кишварҳои аврупоӣ дар уҳда дорад. “Мухлисони” ТЭТ ҲНИТ-ро дар Лаҳистон ҷой медиҳанд. Мафҳуми “дипломатияи динӣ” ва “истилоҳи сабз” дар зиндонҳо бо идеяи “Ҷамоату-т-такфир ва-л-ҳиҷра” пайванд хӯрдааст.

Ф. БАРОТЗОДА

 

 

 

Яндекс.Метрика