Зарурати ба низом даровардани баргузории ҷашну маросимҳои мардумӣ хеле барвақт, баъди ба даст омадани Истиқлоли сиёсии кишвар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади пешгирии фақру нодорӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум масъалагузорӣ грдида буд.
Ҳарчанд ихтилофи назар ва андешаҳои мухталиф аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа дар ин масъала зиёд буданд, дар ниҳояти кор назари Пешвои миллат дар бобати “То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем,, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шуда наметавонем. Бо танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мардуми кишварамон зиндагии хешро осуда ва пурсамар хоҳад намуд”1 ғолиб омад ва ислоҳоти азим ва муҳим дар ҷомеа амалӣ шуд.
Инак ҳабдаҳ сол зиёдтар аз қабули қонун сипарӣ шуда истодааст ва хурсандона дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ - иқтисодии кишвар рух дода, мардум ба зиндагии саодатманд дастрасӣ пайдо намуданд.
Ворид намудани иловаҳо ба қонун раванди табии буда, асосан бо мақсади содда намудани амалишавии қонун равона мегардад, дар тули амали қонун ба он шаш маротиба дигаргуниҳо ворид карда шудааст. Соли равон ҳам баъзе иловаҳо ба қонун ворид шуд, аз ҷумла калимаи анъана аз номи қонун бардошта шуд, чунки қонуни мазкур танҳо ҷашну маросимро танзим менамояд, мафҳуми анъана бошад метавонад фарогири дигар самтҳо, аз ҷумла анъанаҳои фарҳангӣ, оилавӣ, ҳунармандӣ ва ғайра бошад. Пештар агар қонун аз 5-боб ва 16 модда иборат бошад, феълан аз 6 боб ва 22 модда иборат мебошад. Дар тарҳи нав дар моддаи 4 бо 8 банд салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моддаи 5 бо 15 банд ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим ва дар моддаи 6 бо 5 банд ваколати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба танзими ҷашну маросим мушаххас ва васеъ карда шудааст. Дар моддаи 12 - тўйи домодию арўсӣ ибораи на зиёда аз ду маърака илова шуд. Дар моддаи 13-маросими ҳаҷ ва умра, банди 2 ибораҳои “маъракаҳои дигар, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кўчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра маън аст” илова шуд. Дар боби 5 моддаи 19, ки нав мебошад бо мазмуни зайл “Ҷалби аҳли ҷомеа ҳангоми гузаронидани тую маъракаҳо” илова шуд, ки масъулияти раисони маҳаллаҳо, ходимони динро дар баргузории маъракаҳо зиёд мекунад. Ҷаримаҳо бо мақсади худдории шаҳрвандон аз қонуншиканиҳо, ба тарзи назаррас зиёд гардиданд. Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 481 муроҷиат менамоем, ки дар он омадааст:
Моддаи 481. Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим ш. Душанбе, 20 июни соли 2024 № 2051 (Коифисенти муайяннамудаи вазорати молия барои буҷети соли 2024, 72 сомонӣ)
1. Барои хабардор накардани комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар хусуси баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин пошидан ва часпондани пул дар ҷашну маъракаҳо,
Аз Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигӣ ва ходимони дини кишвар, 24.05.2007. Кохи Борбад, ш.Душанбе
-ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад, ки баробар ба 720 сомонӣ мебошад
2. Барои гузаронидани маъракаҳои манъшуда, вайрон намудани тартиби гузарондани маъракаи зодрӯз, хатнасур, маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак, дафну азодорӣ ва мавлудхонӣ,
-ба шахсони воқеӣ ба андозаи як саду бист нишондиҳанда, баробар ба 8640 сомонӣ ва ба шахсони мансабдор ба андозаи сесаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 25200 сомонӣ ҷарима таъин карда мешавад.
3. Барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба гузаронидани тӯйи домодию арӯсӣ, аз ҷумла риоя накардани шумораи даъватшудагон, вақт ва давомнокии баргузории ҷашну маросим,
-ба шахсони воқеӣ ба андозаи дусаду бист нишондиҳанда, баробар ба 15840 сомонӣ ва шахсони мансабдор ба андозаи панҷсаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 39 600 сомонӣ ҷарима таъин карда мешавад.
4. Барои аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (ҳунармандон, тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва тӯйхонаҳо) вайрон намудани тартиби хизматрасонии ҷашну маросим, аз ҷумла оид ба шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тӯю маъракаҳо,
-ба шахсони воқеӣ ба андозаи сесад нишондиҳанда, баробар ба 21600 сомонӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 108 000 сомонӣ ҷарима таъин карда мешавад.
5. Барои риоя накардани тартиби гузарондани маъракаҳои гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ё умра (берун аз доираи оила), ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва дигар маърака ба хотири ҳаҷ ё умра, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ё умра,
-ба шахсони воқеӣ ба андозаи сесад нишондиҳанда, баробар ба 21600 сомонӣ ва ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима баробар ба 57600 сомонӣ таъин карда мешавад.
6. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдорҳои дар қисмҳои 2, 3, 4 ва 5 ҳамин модда пешбинишуда, ба истиснои кирдорҳо ва шахсони дар қисмҳои 7 ва 8 ҳамин модда зикргардида,
-ба шахсони воқеӣ ба андозаи як ҳазор нишондиҳанда, баробар ба 72 000 сомонӣ, ба шахсони мансабдор ба андозаи як ҳазору дусад баробар ба 86 400 сомонӣ, ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ду ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 180 000 сомонӣ, ҷарима таъин карда мешавад.
7. Барои дағалона ё дар вазъияти фавқулода, пандемияи бемориҳои сироятӣ, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенидошта вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ оид ба танзими ҷашну маросим,
-ба шахсони воқеӣ ба андозаи як ҳазору дусад нишондиҳанда, баробар ба 86 400 сомонӣ,, ба шахсони мансабдор ба андозаи як ҳазору панҷсад баробар ба 108 000 сомонӣ, ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 216 000 сомонӣ, ҷарима таъин карда мешавад.
8. Барои аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ, муассис ё роҳбари ташкилоти тиҷоратӣ, сархатиб, имомхатиб, имоми масҷиди панҷвақта, ходими ғайрирасмии динӣ, раиси маҳалла ва роҳбари дигари мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ содир кардани кирдорҳои дар қисмҳои 2, 3 ва 5 ҳамин модда пешбинишуда, инчунин аз ҷониби шахсони мазкур барои дағалона ё дар вазъияти фавқулода, пандемияи бемориҳои сироятӣ, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенидошта вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ оид ба танзими ҷашну маросим,
-ба андозаи як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 108 000 сомонӣ, ҷарима таъин карда мешавад.
Бори нахуст ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим мутобиқи моддаи 3342 чунин ҷазо таъин карда шуд:
Барои вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ, муассис ё роҳбари ташкилоти тиҷоратӣ, сархатиб, имомхатиб, имоми масҷиди панҷвақта, ходими ғайрирасмии динӣ, раиси маҳалла ва дигар роҳбари мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, инчунин аз ҷониби шахсони дигар ба таври дағалона ё дар вазъияти фавқулода, пандемияи бемориҳои сироятӣ, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табии ва техногенидошта, содир шудани ҳамин кирдорҳо дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ,
-бо ҷарима ба андозаи аз ду ҳазору дусад то ду ҳазору панҷсад (аз 158400 сомонӣ то 180 000 сомонӣ)нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то се сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин муҳлат ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Қонуни мазкур дар давраи амали худ баҳри беҳбудии зиндагии шаҳрвандон хизмати шоиста намуда бошад, ҳам аз ҷониби шахсони алоҳида нақзи он ба мушоҳида мерасад ва чораҳои андешидашудаи дар боло зикршуда, бо мақсади худдорӣ аз зиёдаравиҳо равона шудааст ва ба андешаи мутахассисон барои пурра амалишавии муқаррароти қонун мусоидат хоҳад намуд.
Мушовири директори Марказ А.Мирзозода