Тақвими ҳиҷрии қамарӣ ва миқдори рӯзи моҳҳо дар он

Вижагии дини ислом, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мешавад, ки пайғамбари баргузидаи он Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) шахсияти воқеии таърихӣ буда, тамоми корномаи ҳаёти сиёсию динии ӯ дар китобҳои сершумори сирату ансоб, таърихнома ва тафсирҳову маҷмӯаи аҳодис возеҳу равшан баён гардидааст. Ва танҳо пайравии некӯ кардан ба рафтору кирдори пайғамбар тибқи далолати ояти карима «ба дурустӣ ки барои шумо дар (кори) пайғамбари Худо пайравии некӯ ҳаст» (Аҳзоб, 33:21) моро ба дарёфти савоби дунёву охират мушарраф мегардо­над. Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон дар моҳи Шаъбони соли дуюми ҳиҷрӣ фарз гардонида шуд ва пайғамбар (с) дар моҳи рабеъу-л-аввали соли ёздаҳуми ҳиҷрӣ вафот кард. Аз ин ҷо чунин бармеояд, ки ӯ 9 сол рӯза доштааст. Имом Табарӣ зимни баёни вокеаҳои дар соли дуюми ҳиҷрӣ рухдода чунин меорад: «Абӯҷаъфар (ат-Табарӣ) гуфт: ва дар ҳамин сол рӯзаи Рамазон фарз гардид. Ва ба қавле ин ба моҳи Шаъбон буд». Вақте ки пайғамбар (с) ба Мадина омад, дид, ки яҳудиён рӯзи Ошуроро рӯза медоранд ва сабабашро аз онҳо пурсид, гуфтанд: «Ин рӯзест, ки Худо оли Фиръавнро ба дарё ғарқ кард ва Мӯсоро бо ҳамроҳонаш наҷот дод». Пас пайғамбар (с) он рӯзро худ рӯза дошт ва гуфт, ки дигарон ҳам рӯза бигиранд. Вале вақте ки рӯзаи моҳи Рамазон муқаррар шуд, рӯза доштани Ошуроро ба ихтиёри мардум гузошт. Дар худи ҳамин сол додани закоти Фитр ҳам муайян шуд. Пайғамбар (с) дар як хутбаи худ таъкид кард, ки мусулмонон ақаллан як-ду рӯз пеш аз ид закоти Фитр бидиҳанд. Ҳамчунин ӯ дар ин сол ба намозгоҳ рафта, бо мардум нахустин намози ид хонд. Ва дар ҳамин рӯзи ид дар пеши рӯйи пайғамбар (с) аназа (найзачаи асомонанд) ниҳода буданд, ки минбаъд онро дар тамоми намозҳои ид дар рӯёрӯйи ӯ ва дигар имомони намозҳои ид мегузоштанд. Ҳамчунин бояд бигӯем, ки субҳи рӯзи нуздаҳуми Рамазон ҷанги Бадри бузург миёни саҳобагони пайғамбар (с) ва кофирони Қурайш иттифоқ афтод. Яъне дар марҳалаи нахустин ҳанӯз ба муҳаррам донистани Рамазон ва моҳҳои дигар дастур нарасида буд ва тамоми ҷузъиёти рӯзадории мусул­монон ҳам тадриҷан ҳангоми зинда будани пайғамбар (с) ва замо­ни ҳукмронии хулафои рошидин ҳамчун як рукни панҷгонаи ис­лом аз нигоҳи меъёрҳои имонию эътиқодӣ ва фиқҳию ақидатӣ тако­му­ли ниҳоӣ пайдо кард. Вале агар оғози фарз гардидани рӯзаи моҳи Рамазонро ба тақвими мелодӣ гардонем, он ба рӯзи чоршанбеи 25 фев­рали соли 624 рост меояд ва соли даҳуми ҳиҷрӣ бошад ба рӯзи шан­беи 3 декабри соли 631 мувофиқ аст. Яъне рӯзадории пайғамбар дар моҳҳои декабр, январ ва феврал рост омадааст. Ба эътирофи ҷум­ҳури уламои ислом аз 9 ҳаҷ 4-тоаш 29 рӯзӣ ва 5-тоаш 30 рӯзӣ будааст.

Муайян кардани миқдори рӯзҳо дар ҳар моҳ тибқи солшумории ҳиҷрии қамарӣ бар асоси гардиши моҳ сурат мегирифт. Ин тақвим аслан барои дақиқ кардани ҳамаи ойинҳои мусулмонӣ, ба мисли ҳаҷҷу рӯза ва оғози моҳҳо истифода мешавад. Дар замони хилофати Умар ибн Хаттоб ба таъсиси девонхонае ба сабки дабирони сосонӣ иқдом намуданд, ки мақсади асосии он муайян кардани оғози шумори моҳонаи божу гузина (баъдтар ҳамин истилоҳот шакли арабии боҷу хазина ва хироҷро гирифт) ба тақлид аз рӯйи мабдаи таърихи яздигурдӣ дар кишварҳои фатҳшуда буд. Ба ҳамин хотир мусулмонон рӯзи ҳиҷрати пайғамбари исломро аз Макка ба Мадина оғози солшумории ҳиҷрӣ қарор дода, онро ҷойгузини солшуморӣ аз оғози таърихи тоҷгузори шоҳи сосонӣ гардониданд. Вале то оғози ислом ҳам асосан солнамои хуршедӣ ва солшумории мелодиро риоя мекарданд ва санаи рӯйдодҳои таърихӣ тибқи далолати ҳамин тақвимҳо сабт мешуд.

Бояд зикр намуд, ки гоҳшумории қамарӣ дар миёни арабҳо пеш аз ислом ривоҷ доштааст. Барои мутобиқ шудани он бо солшумории хуршедӣ ҳар се сол як моҳеро ба хотири насабе номгузорӣ карда, дар ибтидои тақвими қамарӣ қарор медоданд. Аммо дар соли даҳуми ҳиҷрӣ нозил шудани оятҳои 36-37 сураи Тавба дар ин масъала тағйироти куллӣ ба вуҷуд овард: «Ба дурустӣ, шумораи моҳҳо назди Худо дар Китоби Худо аз рӯзе, ки осмонҳову заминро офарид, дувоздаҳ моҳ аст. Аз он ҷумла чаҳор моҳи ҳаром (зулқаъда, зулҳиҷҷа, муҳаррам ва раҷаб) аст. Ин аст дини дуруст. Пас, дар он чаҳор моҳ бар хештан (бо анҷом додани ҷанги ноҳақ) ситам макунед. Ва бо ҳамаи мушрикон ҷанг кунед, чунон ки онҳо бо ҳамаи шумо ҷанг мекунанд. Ва бидонед, ки Худо бо парҳезгорон аст; ҷуз ин нест, ки насӣ (ба таъхир афкандани яке аз моҳҳои ҳаром ба моҳи дигар; чанд рӯзро ба соли қамарӣ афзуда, онро соли шамсӣ сохтан) зиёдатӣ дар куфр аст, бо он кофирон гумроҳ гардонида мешаванд; он моҳро як сол ҳалол мешумурданд ва онро соли дигар ҳаром мешумурданд, то бо шумораи он чи, ки Худо ҳаром сохтааст, мувофиқат кунанд. Пас чизеро ҳалол созанд, ки Худо ҳаром сохтааст. Кирдорҳои бадашон барои онҳо ороста карда шудааст. Ва Худо ба қавми кофирон роҳ наменамояд» (Тавба, 36/37). Қуръон сароҳатан муайян кард, ки миқ­до­ри моҳҳои сол назди Худованд 12 моҳ аст ва афзудани як моҳи зиёдатии сенздаҳум дар ин тақвим амали куфр аст. Зеро ба ин восита  категорияи муҳаррам будани моҳҳо омехта мешавад. Вале тақвими ҳичрии қамарӣ аз оғози ҳиҷрати пайғамбар ба расмият надаромада буд, балки дар соли 15 ҳиҷрӣ замони хилофати Умар оғози солшумо­рии ҳиҷрии қамариро 8 рабеъулаввал (16 июли соли 622 мелодӣ) ва моҳи нахустини солро муҳаррам унвон карданд. Тибқи ин солшуморӣ ҳар соли ҳиҷрии қамарӣ аз 12 моҳи ҳилолӣ иборат буда, миқдори рӯзҳо дар он ба 354 ва дар соли кабиса ба 355 рӯз баробар мешавад. Номи моҳҳои ин солшуморӣ дар як шеъре чунин баён шудааст:

Ду рабеъву ду ҷумодо зи пайи якдигар,

Зи муҳаррам чу гузаштӣ, бирасад моҳи сафар.

Пас ба зилқаъдаву зилҳиҷҷа бикун нек назар,

Раҷаб аст, аз пай шаъбон, рамазону шаввол.      

Дар асоси муқаррароти ин тақвим шеваи ҳисобу китоби моҳҳо гоҳшумории ҳиҷрии қамарии ҳилолӣ ном дорад, ки дар кишварҳои исломӣ ба хотири муайян кардани рӯзҳои ид ва дигар муносибатҳои мазҳабӣ истифода мешавад. Рӯзи аввали ҳар моҳ дар ин гоҳшуморӣ бар асоси моҳи нав дар шомгоҳи рӯзи 29 ё 30-уми моҳи қаблӣ таъйин мешавад, ки онро мушоҳида ё пешбинии мушоҳидапазирии ҳилол меноманд. Ин тарзи таъйини оғози моҳ, яъне истиҳлол то ислом дар байни қавмҳои сумерӣ, бобулӣ ва яҳудӣ низ роиҷ ва собиқаи тӯлонӣ доштааст. Пешбинии вазъияти рӯъяти ҳилол дар моҳҳои қамарӣ ба мавқеи ҷуғрофии кишварҳо дар лаҳзаи ғуруби рӯзи 29-уми моҳ вобастагӣ дорад ва эҳтиёткории нозуконаро тақозо менамояд. Имконияте вуҷуд дорад, ки ҳилоли моҳи нав дар як мавзеи кураи Замин рӯзи 29-ум баъди ғуруби Офтоб дида шавад, вале дар макони дигар дида нашавад. Ин ҳолат сабаби ихтилофи якшабонарӯзӣ дар кишварҳои арабӣ аз нигоҳи гоҳшумории ҳиҷрии қамарии ҳилолии маҳаллӣ мешавад. Мутобиқи ҳукми шаръӣ агар ҳилоли моҳ дар шомгоҳи рӯзи 29-уми моҳ дида шавад, он моҳ поёнрасида ва фардо аввали моҳи баъдӣ аст. Вале агар ҳилоли моҳ дар шомгоҳи рӯзи 29-уми моҳ дида нашавад, моҳ сирӯза мешавад. Чунин бармеояд, ки дар тақвими ҳиҷрии қамарӣ барои таъйини моҳҳои 29 ва 30 рӯза низому қоидаи мушаххасе вуҷуд надорад. Масъалаи танзими солшумории ҳичрии қамариро аз соли 1420 ҳ./1999 м. ҳукумати Арабистони Саъудӣ сарпарастӣ мекунад. Ин тақвим солшумории ҳиҷрии қамарии «Умму-л-қуро» ном дорад, ки дар асоси фаъолияти гурӯҳи нуҷумӣ ва рӯъяти ҳилол аз мавқеи ҷойгиршавии шаҳри Макка таъйин карда мешавад, ки дар баъзе моҳҳо мумкин аст аз гоҳшумории ҳиҷрии қамарии кишварҳои дигар як рӯз фарқ дошта бошад.

Бояд ёдовар шуд, ки тақвими қамарӣ қадимтарин ва маъмулта­рин навъи солшуморӣ будааст, ки донистани оғози моҳ бо дидани ҳилол ошкор мешавад. Бинобар ин як шахси бесавод ҳам метавонад ба содагӣ дар асоси рӯъяти ҳилол таърихи рӯзро муайян кунад. Аз рӯйи ҳисобу китоби рӯзҳо тақвими қамарӣ аз 354 (дар соли кабиса 355) рӯз ва тақвими хуршедӣ аз 365 (дар соли кабиса 366) рӯз иборат аст. Тақвими ҳиҷрии қамарӣ дар асоси гардиши ҳалқавӣ давр задани Моҳ таҳаққуқ мепазирад, ки дар натиҷа аз тақвими хуршедӣ 11 рӯз кӯтоҳтар мешавад. Моҳи Рамазон ҳам мисли дигар моҳҳои тақвими қамарӣ дар фаслҳои гуногуни сол чарх задан мегирад ва баъди ҳар 33 сол ба ҳолати ибтидоии худ баргашта меояд. Рӯзи якуми моҳи Рамазон ҳам бо рӯъяти ҳилол оғоз мешавад. Ва ҳеҷ кас ба ҷуз Худо саршавии моҳи ояндаро яқин намедонад, агар шабона дар осмон ба қавли Ҳофизи лисонулғайб барояш мушоҳидаи возеҳу равшани «мазраи сабзи фалак дидаму доси маҳи нав» муяссар нашавад. Аз ҳамин ҷиҳат ва боз ба далели сабабҳои дигар илми нуҷуму фалакиёт дар фарҳанги исломӣ хуб рушд кард. Тадқиқотҳои астрономии ал-Киндӣ, ал-Берунӣ ва Бузҷонӣ дар пешгӯӣ намудани рӯъяти ҳилол, самти ҳаракати Моҳ, фаза (манзил)-ҳои он ва ҷирмҳои дигари осмонӣ ба дастовардҳои назаррасе ноил гаштанд. Ин самти фаъолият дар аср­ҳои баъдӣ тақвият пайдо карданд, ки имрӯз дар замони рушди бемайлони илму технология идома ёфта истодааст. Ҳамин тариқ, мушоҳида кардани ҳолати Моҳ ва вежагиҳои ҳаракати он барои астрономҳо ва риёзидонони мусулмон ба як кори муҳими илмию имонӣ мубаддал гашт. Дар он гузаштаи дур ҳам Моҳ мисли имрӯз одамонро мафтун мекард ва ақлҳои онҳоро ба сӯйи худ мекашид, зеро ҳисобу китобҳои олимон далолат бар он мекард, ки табақаҳои осмон ва олами коинот ҳам дар асоси низому сохтори раббонӣ побарҷост. 21 июли соли 1969 киштии кайҳонии «Аполлон» бар рӯйи сатҳи Моҳ фуруд омад ва Нил Армстронг нахустин касе буд, ки дар болои Моҳ қадам гузошта, роҳ мерафт ва сухани нахустини ӯ аз он ҷо дар тамоми олам машҳур гардид: «That’s one small step for man, one giant leap for mankind» – «Ин як қадами хурд барои инсон, вале як ҷаҳиши бузург барои инсоният аст». Ҳарчанд ки илму технологияи муосир дорои имкониятҳои бузург аст ва олимон тавассути дастгоҳҳо, расадхонаҳо ва қамарҳои маснӯии Замин ҳисобу китобҳои дақиқро дар сатҳҳои гуногун анҷом дода метавонанд, вале боз ҳам шариат ба далелҳои раъйӣ такя карданро тақозо мекунад. Дар Арабистони Саъудӣ ҳам гурӯҳи олимони нуҷумшинос дар ҳамкории зич бо рӯҳонияти кишвар амал мекунанд. Ҳарчанд онҳо пешакӣ 29 ё 30 рӯз будани моҳро дар асоси мушоҳидаҳои астрономӣ медонанд, вале танҳо баъди ҳилоли моҳи навро дар осмон дидан барои баровардани дастури расмӣ, ки «баёни малакӣ» ном дорад, иҷозат медиҳанд. Кору фаъолият дар шароити истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии комил моро водор менамояд, ки дар муносибат ба ин қабил муқаррароти динию эътиқодӣ сахт эҳтиёткор бошем ва суннатҳои рӯҳониёни пурифтихорамонро эҳё намоем. Дар Варо­рӯди бостонии фарҳангсолор, ки дар он илму фарҳанги мусулмонӣ бар пояи қудсияти забони тоҷикӣ ташаккул ёфта буд, ду тақвим – тақвими деҳқонӣ, ки дар асоси тақвими хуршедии наврӯзӣ амал мекард; ва тақвими имонӣ, ки дар асоси тақвими ҳиҷрии қамарӣ амал мекард, баробар дар истифода буд. Рӯҳонияти саршиноси аҳли суннату ҷамоати моваруннаҳрӣ масъалаи оғозу анҷоми моҳҳои қамарӣ ва 29 ё 30 рӯз будани онҳоро дар асоси талаботи бечунучарои фиқҳи ҳанафӣ анҷом медоданд. Ҷорӣ шудани тақвими нави мелодӣ дар даврони шӯравӣ андешаи маҳз 30 рӯз будани рӯзҳои ҳар моҳро тақвият дод, ҳарчанд дар доираи тақвими онвақта мардум ба 28 ва 29 рӯз будани моҳи феврал одат карда буд. Вале дуруст анҷом додани фароизи динӣ моро водор мекунад, ки ба масъалаи таъйи­ни саҳеҳи ғурра ва салх (оғозу анҷом)-и моҳҳои қамарӣ ҳам дар партави сиёсати додгустарӣ, фарҳангсолорӣ ва динпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷ­ҷуҳи лозимӣ зоҳир намоем. Ин иқдомҳо ба таҳкими пойдо­рии ваҳдати миллӣ ва ваҳдати динии ҷумҳурии азизамон мусоидат хоҳад кард. 

Ф.Баротзода  –  директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон

Яндекс.Метрика