Тақвияти корҳои идеологӣ дар доираи сафари корӣ

Санаи 10 майи соли 2023 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо иштироки Сафир, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор, директори Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим ва Роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар Федератсияи Россия Мирзомуддинов Саидбек ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласа кормандони Намояндагиҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Сафорат ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Ташкилоти дӯстии халқҳои тоҷику рус “Сомониён” дар шаҳри Санкт-Петербург иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба сиёсати муваффақонаи байналмилалӣ ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва сулҳу ваҳдату миллӣ, рушди иқтисоду фарҳанг ва иҷтимоиёт, фаъолияти самараноку бомароми сиёсати байналмилалӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад.
Ҳамзамон, масъалаҳои равандҳои муҳоҷират, мушкилот, ҳадаф, вазифаҳо, механизмњои амалисозии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои рушди он, пешгӯии пасомадҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ бо назардошти омилҳои дохилӣ ва берунӣ тавассути таҳия ва амалисозии чорабиниҳои мақсаднок оид ба самтҳои нисбатан мубрами стратегӣ, барои дурнамои миёна ва дарозмуддат баррасӣ гардиданд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор зимни суханронии хеш оид ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар самти тарғибу ташвиқ ва пешбурди сиёсати Роҳбари муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тақвият ва пешбурди фаъолияти корӣ ҷиҳати тарбияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавонон ва донишҷӯён маълумот доданд.
Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон борҳо ҳизби халқӣ будани худро нишон дода, исбот намудааст, ки тавъам бо ормонҳои миллии мардум мебошад. Тамоми афкору маънавиёт ва шуури сиёсиаш аз дили мардум реша гирифта, фаъолияти амалиаш танҳо ва танҳо ба манфиати халқ равона гардидааст.
Иброз гардид, ки ҳизби мо зери роҳбарии Раиси муаззами худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самту соҳаҳои муҳимтарини мамлакат намоён ва бузургу барҷаста аст. Чун ҳамеша мо шоҳиди падидаҳои беназири иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ мешавем, ки дар ҳамаи ин дастовардҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши муассир ва меҳварӣ дорад.
Зимни вохӯриву мулоқоти Қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи арзишҳои сиёсӣ, давлатӣ, миллӣ ва таърихиву фарҳангиамон муҳокима гардида, ба ҳайси як дастури мукаммал дар фаъолияти ҳамарӯза мавриди истифода қарор гирифтааст.
Дар ин радиф, ба масъалаҳои рушди мактабу маориф, тарбияи насли ҷавон, таҳсилот дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар, тайёр намудани мутахассисони болаёқати соҳаҳои гуногунҷабҳа доираи ҳамкориҳои илмӣ байналхалқӣ, ки самти афзалиятноки сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Холиқзода Абдураҳим зимни суханронӣ ба ҳозирин вобаста ба вазъи баамаломадаи геополитикӣ ва ноустувории иқтисодӣ, инчунин пешгирӣ намудани гароиши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шомил шудани онҳо ба гуруҳҳои ифротӣ ва тундрав ибрози назар намуданд.
Аз ҷумла, қайд гардид, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин дар пояи ғояҳои дунявӣ, озодии виҷдон, озодии пайравӣ ба дин, гуногунандешии динӣ, таҳаммулпазирию эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо ва баробарии пайравони тамоми динҳо дар назди қонун амалӣ мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ чандин маротиба аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид мекунад, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва ибтикорҳояшро мепазиранд.
Дар таърихи на он қадар тӯлонии давлатдории худ дар шароити соҳибистиқлолӣ мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дастболо гашта, имрӯзҳо низ муборизаро давом дода истодаанд.
Дар идома зикр гардид, зикр гардид, ки татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар кишвар, ояндабинии боъэтимод баҳри инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ, пешбурди муносибатҳои дипломатии бо эътимод бо кишварҳои шарик, ташаббус дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, устувор гардонидани давлатдории дунявӣ дар асоси принсипҳои демократӣ ва дигар ташаббусҳои муҳимми сиёсатмадори волоназар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро ҳамчун миллати тамаддунофар дар ҷаҳон муаррифӣ карда, минбаъд низ ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир таъмин менамояд.
Дар анҷоми вохӯрӣ аз ҷониби муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор якчанд аъзои ҳизб барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани мақоми он дар ҷомеа, таблиғу ташфиқи дастовардҳои созандаи даврони истиқлол дар байни муҳоҷирони меҳнатии Федератсияи Россия, тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносии миллӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Манбаъ: http://hkhdt.tj/news-single/1545

Яндекс.Метрика