Тақвияти ҳамкориҳои Маркази исломшиносӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, 23-юми сентябри соли 2024 дар маҷлиси назди директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдураҳим маросими тақдими С и п о с н о м а ҳ о и Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни суҳбат директори Маркази исломшиносӣ муҳтарам Холиқзода Абдураҳим аз хатарҳои тафаккури ифротӣ барои давлатдории миллии мо ёддовар шуда, баҳри тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи Марказ бо Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа таъкид намуд.

Дар фарҷом Сипосномаҳои Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Абдуллоҳи Қодирӣ ва сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ Наҷотзода Мутеъуллоҳ барои иштироки фаъолона дар татбиқи фаъолияти илмӣ, боло бурдани ҳисси баланди ҳарбӣ-ватандӯстию ҷаҳонбинии сиёсиву фарҳангӣ ва тарбияву ба камол расонидани ин қишри ояндасози ҷомеа тақдим карда шуд.

Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика