Тақдими мукофоти ҷашнӣ ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон

3 июн дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдураҳим, Сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Абдуллоҳи Қодирӣ ва котиби илмӣ Маҳрамбеков Маҳрамбек медалҳои ҷашнӣ тақдим карда шуд.

Нахуст генерал Назарзода Турабек - муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва кормандони Марказро ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои ҷашнӣ табрику таҳният гуфтанд.

Муҳтарам генерал Назарзода Т. бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ сипари боэътимоди давлат ва ҳомиёни марзу буми сарзамини аҷдодиамон, яъне кафолати истиқлолу озодии давлату миллат, фазои орому осудаи кишвар ва ваҳдату сарҷамъии мардуми шарифи Тоҷикистонро сарбаландона ва ҷавонмардона таъмин карда истодаанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иброз доштанд: “Тоҷикистон беш аз се даҳсола дар сафи пеши мубориза бо хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қарор дорад ва дар пешгирӣ кардани паҳншавии ин хатару таҳдидҳо ба минтақа ва ҷаҳон нақши калидӣ мебозад”.

Дар ҷараён тақдими мукофотҳои ҷашнӣ генерал Назарзода Турабек аз ҳамкориҳои судманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.

Абдуллоҳи Қодирӣ - сухангӯи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Яндекс.Метрика