ТАҚДИМИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ БА КОРМАНДОНИ ҲХДТ

Имрӯз дар Дастгоҳи КИМ ҲХДТ бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ва машваратчии калони бахш Нурулло Оқилзода ҷаласаи идона баргузор гардид.
Нахуст, муовини якуми Раиси ҳизб Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ҳозиринро ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфта, таъкид дошт, ки ин ҷашни бузург ба сифати рӯйдодҳои барҷастаи сиёсиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангӣ бо раванди дурударози ташаккули фарҳанги давлатдорӣ, роҳи пуршебу фарози расидан ба ваҳдати комил ва густариш ёфтани ҳувияти миллӣ пайванди ногусастанӣ доранд ва мазҳари орзуву ормонҳои чандинасраи миллати тоҷик мебошад. Истиқлоли Тоҷикистон низ дар асоси сулҳу ваҳдат ва якдигарфаҳмии мардуми шарифи он таҳким меёбад. Ишора шуд, ки бо ибтикороти шоиста ва заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба ин рўзи фархунда расидем.
Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ҳозиринро ба муносибати ҷашни миллӣ шодбош гуфта, дар ҳошияи маҷлис баъд аз қироати фармоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизмати содиқона ба халқ, саҳмгузорӣ дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, тақвияти ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, густариши маърифату фарҳанг, ҷалби мардум ба корҳои созандагиву ободонӣ ва иштироки фаъолона дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 31 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кормандони масъули Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ тақдим намуд.
УНВОНИ ФАХРИИ КОРМАНДИ ШОИСТАИ ТОҶИКИСТОН
• Хайринисо Юсуфӣ - муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ОРДЕНИ ШАРАФ ДАРАҶАИ I
• Исмоилзода Зуфар Муртазохон - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд
МЕДАЛИ “ХИЗМАТИ ШОИСТА”
• Шоҳиён Абдураҳим – Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ;
• Ҷамолиён Муслимахон - Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон;
• Амробекова Руқияхон – мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе;
• Назарзода Алиҷон – собиқ Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фархор.
ИФТИХОРНОМАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
• Тайғунова Гулнора – Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои шоистаи намояндагони касбу кори гуногун дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат қадрдонӣ мешаванд.
25 август низ дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд. Дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг, санъат, сохтмон, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллии мамлакат бештар аз 200 нафар олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат, коргарону сохтмончиён, кишоварзон ва соҳибкорон, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии қадрдонӣ шуда буданд.
Боиси ифтихор аст, ки Хайринисо Юсуфӣ - муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Исмоилзода Зуфар Муртазохон - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз дасти мубораки Пешвои миллат мукофоти давлатӣ гирифтанд.
Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ҳамсафони муҳтарамро бо камоли эҳтиром бо ин муваффақият ва мукофотҳои арзишманди давлатӣ муборакбод мегӯяд.

Бознашр аз сомонаи ҲХДТ

Яндекс.Метрика