Таҳаввулоти назарияи дунявият: таҳлили назариявӣ-амалии вазъ ва амалкарди он дар ҷомеа

1.Таҳаввулоти назарияи дунявият дар раванди ҳаёти ҷомеаи мусулмонӣ

Дунявият ҳамчун сохти давлатдорӣ дар ҳамон шакле, ки имрўз пазируфта шудааст, дар таносуб ба меъёрҳои таърихии он куллан нав аст. Бо вуҷуди ин, шарҳҳои гуногуни ин мафҳум миёни мутахассисони касбу кори гуногун мавриди баҳс қарор дорад. Аксар вақт дунявиятро дар мазмунҳои манфӣ, ғайридинӣ ва зиддидинӣ баён мекунанд. Шакли муосири дунявияти давлат ҳамчун падидаи таърихӣ дар Ғарб дар замони мубориза барои қудрат байни низоми подшоҳӣ ва калисои католикӣ ба вуҷуд омада буд [1, 149-162].

Дар асоси ҳамин принсип давлати дунявӣ дар тасмимгириҳои худ аз арзишҳои динӣ дида, ба арзишҳои миллӣ ва дунявӣ бештар такя мекунад. Аммо, ҳамкории он бо ниҳодҳои динӣ дар шаклҳои гуногун мавҷуд буданд ва ин ҳам барои худи давлат ва ҳам барои шаҳрвандони он аҳамияти иҷтимоӣ дошт. Муҳимтарин назарияи муносибати давлат ба дин дар даврони модернизатсияи ғарб ин буд, ки «тафаккури динӣ, амалияи он тадриҷан аҳамияти худро гум мекунанд» ва ҷомеа ба навсозии муносибатҳо дар оянда қодир аст [2,14]. Дар чунин ҳолат, табиати дунявии ҷомеа ба одамон имкон медиҳад, ки бо вуҷуди тафовути эътиқод, ақида ва ҷаҳонбинӣ ба ҳамдигар дар як ҷомеа зиндагӣ кунанд. Аз ин рӯ, нигоҳ доштани табиати дунявии ҷомеа дар фаҳмиши муосири он бо принсипҳои зерин муҳим аст: 

- мустақилияти давлат аз дин - бетарафии давлат нисбат ба ин ё он дин; 

- таъмини озодии виҷдон, озодии омӯзиш, иҷрои аҳком ва пешгирии дингароии ифротӣ;

- ягон дини расмӣ  эътироф карда намешавад;

- ҳуқуқи ҳар як фард барои пайравӣ кардан ба ягон дини интихобкардаи худ ё пайравӣ накардан ба ягон дин;

- мамнўъ будани тарғиби дин ва маросимҳои ибодатӣ дар муассиасаҳои таълимӣ;   

- таҳаммулпазирӣ нисбат ба динҳои дигар ва эътирофи ҳуқуқи мавҷудияти онҳо.

Бояд гуфт, ки асосҳои дунявии сохти давлатӣ принсипҳои амалии озодии виҷдонро бевосита муайян мекунанд. Давлати дунявӣ ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ба озодии эътиқоди динӣ, паҳн ва таблиғи он ба таври қонунӣ кафолат дода, таъмин менамояд. Дар баробари ин хусусиятҳои давлати дунявӣ дар муносибат бо ташкилотҳои динӣ масъалаҳои меҳварӣ ва арзишӣ дар намунаи зерин боқӣ мемонанд:

- иттиҳодияҳои динӣ ба низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дохил карда нашудаанд;

- давлат худро ҳуқуқбунёд эълон намуда, ба шаҳрвандон озодии виҷдон, эътиқод ва динро кафолат медиҳад;

- давлат гуногунии идеологиро эълон карда, монополияро дар соҳаи маънавии ҷомеа рад мекунад;

- аъзоёни ҷомеа, сарфи назар аз муносибати онҳо ба дин, мансубият ба ягон дин, ҳуқуқу озодиҳои баробар доранд [3, 273].   

Дар аксари кишварҳои ҷаҳон яке аз принсипҳои бунёдӣ дунявият будани давлат мебошад, ки ба таҳкими пояҳои дунявӣ ва пешгирӣ аз истифодаи дин ба ҳадафҳои тахрибкорона нигаронида шудааст. Метавон гуфт, ки сиёсати аксари кишварҳои дунявӣ нишон медиҳад, ки идеяи давлати дунявӣ то чӣ андоза муҳим аст. Равандҳои муосири навсозӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа боиси тағйири назарраси нақш ва мавқеи дин дар фазои ҷамъиятӣ гардидаанд. То имрӯз тибқи нишондиҳандаи низомҳои муносибатҳои давлатӣ-конфессионалӣ аз 197 давлат 12 давлат динӣ, 60 давлат дорои мазҳаби расмӣ, 5 давлат дорои идеологияи зиддидинӣ, 120 давлат принсипи дунявӣ дар сатҳи қонунгузорӣ муқаррар карда шудааст  [4, 273].

Албатта, имрўз ҳукуматҳои давлатҳои ҷаҳон зарурати эҳсос ва ба инобат гирифтани ниёзҳои динии ҷомеаро дарк мекунанд, то имкониятҳои нави қонеъ гардонидани онҳо дар сатҳи сиёсати давлатӣ пайдо кунанд. Ҳар як давлат дар асоси сиёсати миллии худ принсипи дунявиятро дар асоси вижагиҳои вазъи имрӯзаи динӣ ва иҷтимоии дохили кишвар амалӣ менамояд. Зеро арзишҳои динӣ ҳамчун унсури нигоҳ доштани ҳуввияти динӣ ва фардият дар ҷомеа мақоми худро доранд. Аввалин президенти Туркия Мустафо Камол Отатурк, бунёдгузори давлати дунявӣ дар Туркия, ки принсипи дунявиятро тавсиф намуда, гуфтааст: «Бояд итминон ҳосил кард, ки дини мубини исломи мо, ки аз мансубияти он ифтихор дорем, ин аст, ки дигар асбоби сиёсат нест, ки он асрҳои зиёд буд. Ин танҳо ба баланд шудани он мусоидат мекунад» [5, 325].   

Пеш аз ҳама давлати дунявиро аз давлати атеистӣ бояд фарқ кард. Атеизм, як навъ эътиқоди мухолиф ба дин, яъне мавҷудияти динро ба куллӣ эътироф намекунад. Дунявияти давлат ва озодии эътиқод аз ҳамдигар ҷудонашавандаанд, яъне дин дар давлати дунявӣ мақоми хоси худро дорад ва ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ бо меёрҳои ахлоқӣ-маънавии худ дар ҷомеа мақом ва нақш дорад. Ҳар фарде, ки дар ҷомеаи дунявӣ зиндагӣ мекунад, диндории онҳо озод аст, зеро ҳеҷ кас онҳоро маҷбур намекунад, ки қонунҳои диниро риоя кунанд ё рад кунанд.  Зарурати дар зоҳир диндор вонамуд кардан нест, зеро муҷозоти давлат барои он нест, чуноне ки дар давлатҳои низоми динӣ чунин анъанаро политсия назорат мекунад.

Дар шароити ба таври назаррас тағйирёбандаи замони мо вазифаи мусулмонон аз он иборат аст, ки роҳ ё усулеро мувофиқи тақозои зиндагии имрўза роҳандозӣ кунанд, ки дин ҳам бояд талаботи имрўзаи онҳоро қонеъ кунад. Ҳамзамон, давлати дунявӣ динро аз равандҳои сиёсӣ озод карда, хатари истифодаи онро аз ҷониби ҳар гуна қувваҳо барои ноил шудан ба манфиатҳои сиёсиашон коҳиш медиҳад [6, 437-451]. Озодии виҷдон – мувофиқи эътиқоди худ фикр кардан ва амал кардан, мустақилона муайян кардани муносибати худ ба дин ва анҷом додани амалҳое, ки тибқи қонуну тартиботи муқарраршуда пешбинӣ шудааст, давлат кафолат медиҳад. Ин барои рушди дин ва қобилияти вокуниши он ба андешаҳои ифротии динӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз сӯйи дигар, бояд як лаҳзаи мусбати нуфузи Ғарбро низ эътироф кард, тавассути ислоҳоти демократӣ таваҷҷуҳи мусулмононро ба принсипҳои муҳими ислом – гуногунандешӣ, таҳаммулпазирӣ дар ҷомеа, баррасии озодонаи фикру ақидаҳо, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва кафолатҳои таъмини ҳуқуқи занон, ки дар ҷомеа масъалаҳои муҳими ҳаётӣ мебошанд, ҷалб кард. Ҳамаи ин арзишҳои ҳаётӣ дар ҷомеаи тоталитарӣ, аз ҷумла он анъанае, ки дар таърихи шакли давлатдории исломӣ дар Осиёи Марказӣ ба вуқўъ пайваст, умуман татбиқнашаванда буданд ва ҳамчун арзишҳои динӣ барои қисми зиёди аҳолии мусулмонон ношинос боқӣ монда буданд. Зимнан, ин принсипҳо ҷузъҳои муҳими таълимоти исломӣ мебошанд [7, 216].

Ҳарчанд, ҳамаи низомҳои гузашта худро исломӣ ном бурда, пайравӣ аз дин барои ҳама ҳатмӣ, мақомоти ҳокимияти давлатиро пешвои дин сарварӣ мекард, мақоми иҷроия, қонунгузор ва судӣ дар доираи меъёрҳои динӣ амал мекарданд, вале танҳо татбиқи фаъолонаи ислоҳот ва дигаргуниҳои демократӣ ва муҳимтар аз ҳама, рушди шаклҳои иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сиёсати кишвар ҷомеаи мусулмонони кишварро водор сохт, ки шаклҳои гуногуни муносибатҳои ҷомеаро амалӣ намоянд ва аз он хурофоти асримиёнагӣ берун оянд [8, 22]. 

Дар таҷрибаи амалӣ бошад, давлати дунявӣ барои пайравони ислом дурнамои васеътар кушод ва ба онҳо имкон дод, ки  талаботи динии худро ба таври мувофиқ иҷро намоянд. Агар чунин зарурат мебуд, Худованд тавони иҷборӣ кардани имонро дошт, вале накард. Агар дар зоҳир қонунҳои исломро риоя кунанд, шояд барои низоме мисли Толибон он ислом бошад. Вале он чизе, ки Худованд аз бандагонаш хостааст, дар он имон иҷборӣ нест ва Худованд ба зоҳир вонамуд кардани худотарсиро қабул надорад. Аз ин рў, тақвияти механизмҳои ҳуқуқии танзими муносибатҳои байни давлати дунявӣ ва ҷомеаи мусулмонӣ имкони рафъи зиддиятҳо ва ҳалли вазъиятҳои муноқишаро дар оянда хеле коҳиш медиҳад. Ин ҳолатҳо ҳам аз зарурати шакли нави муносибатҳои давлат ва дин дар шакли муколама ва ҳам аз қабули сиёсати возеҳи давлатӣ дар ин самт гувоҳӣ медиҳад. 

Таҷрибаи ташаккули мактабҳои сиёсии муосир собит намуд, ки аҳзоби сиёсии динӣ ҳам дар кишварҳои ғарби насронӣ ва ҳам шарқи мусулмонӣ ҳамчун намояндаи ҷомеа ба ҳайси як объекти сиёсии мустақил дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишварҳо ширкати фаъол доранд. Аммо, фаъолияти ҷараёнҳои сиёсии динии исломӣ ба он оварда расонид, ки онҳо  принсипҳои диниро ҳамчун унсури муқобили давлати дунявӣ истифода бурданд. Дар ин раванд, исломи сиёсӣ ҳамчун як омили сиёсӣ дар заминаи сенарияҳои геополитикӣ шакл гирифт ва муносибати дин ва сиёсат ба муҳимтарин унсури инқилобӣ табдил ёфт. Ба ақидаи С.Хантингтон «дин танҳо як қисми мушкилот аст, на роҳи ҳал» [9, 213]. Дар баробари ин,  амалӣ гардонидани ҳуқуқ ба озодии эътикод набояд ҳуқуқу уҳдадориҳои умумии гражданиро дар назди давлат шарт ё маҳдуд созад. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки аз рӯи эътиқоди динӣ аз иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ даст кашад, ё танҳо арзишҳои диниро мутлақ дар ҷомеа мақбул донад. Зеро суиистифодаи дин ҳамеша ба як фард мансуб набуда, мубаллиғони исломи сиёсӣ кўшиши ҷалби тамоми ҷомеаро дар ин раванд доранд. Омили ҷалби шаҳрвандон бошад, ин эътиқоди динии онҳост. Давлат вазифадор аст, ки тибқи қонун ҳуқуқу озидиҳои диниро таъмин намояд. Бинобар ин, имконияти баробар танҳо маънои онро дорад, ки ҳар як ташкилоти динӣ метавонад тибқи қонун муқаррароти худро амалӣ намояд. Ба ягон аҳзоби сиёсии динӣ ва ё иттиҳодияи динӣ афзалият додан ғайриимкон аст [10, 76-83].

Дар Тоҷикистон иттиҳодияҳои динӣ субъектҳои фаъолияти сиёсӣ нестанд, онҳо дар идоракунии давлатӣ, дар ташкили мақомоти давлатӣ иштирок намекунанд. Системаи судии кишвар низ аз таъсири дин озод буда, салоҳияти иттиҳодияҳои диниро ҳамчун ҷузъи ҷудонашаванда дар бар намегирад. Принсипи аз давлат ҷудо кардани иттиҳодияҳои динӣ маънои аз ҳаёти ҷамъиятӣ дур мондани иттиҳодияҳои динӣ ва диндоронро надорад. Давлат иттиҳодияҳои динӣ ва диндоронро иштирокчиёни муҳими амалигардонии фаъолияти фоиданоки ҷамъиятӣ: хайриявӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ, башардӯстона медонанд ва дар амалӣ намудани чунин фаъолиятҳо бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд. Илова бар ин, давлат кӯшиш мекунад, ки иттиҳодияҳои диниро ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ: майзадагӣ ва нашъамандӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, таҳкими оила, фароҳам овардани фазои баланди маънавию ахлоқии ҷомеа ҷалб намояд. 

Дунявият принсипи сиёсати давлатист, ки аз муносибати баробар бо шахс ё гурӯҳ, сарфи назар аз динашон иборат аст, шаҳрвандро на аз рӯи дин, балки аз рӯи амалҳои воқеӣ баҳо медиҳанд. Аммо,протсеси сиёсисозии дин дар шакли инсититути сиёсӣ бояд тавассути призмаи фаъолияти мактабҳои сиёсӣ омўхта шавад, зеро риторикҳои сиёсии динӣ ҳамчун қонуникунонии фаъолияти гуногуни сиёсӣ субъектҳои онро дар назар дорад. 

 

 

Маҳрамбеков М. – котиби  илмии Марказ 

 

 

 

 

 

Яндекс.Метрика