Пас аз барҳам хурдани Иттиҳоди Шуравӣ арзишҳои он низ аҳамияти худро гум карданд, миллату халқиятҳои тозаистиқлол ба танқиди идеологияи коммунистӣ пардохтанд ба маданияти миллӣ, забон, урфу одат ва анъанаҳои гузаштаи худ рӯ оварданд, зеро неруи пурқуввати идеологиеро дар ихтиёр надоштанд, ки ба сифати алтернативаи идеологияи коммунистӣ баромад намояд. Танҳо арзишҳои нодиртарини миллӣ ҳувият ва худшиносии миллиро ҳамчун неруи муттаҳидсозандаи гурӯҳҳои манфиатҳои мухталифдошта ба ҳам оварда метавонаду халос.
Аз соли 1991 сар карда сарварони ҷумҳуриҳои тозаиститиқлол, аз ҷумла Тоҷикистон дарк намуданд, ки бе идеология, бе идеяи миллӣ давлатдорӣ намудан мумкин нест. Бесабаб нест, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 – соли гиромидошти 1100-солагии давлати Сомониён, соли 2007 – соли тамаддуни ориёи, соли 2008 – ҷашни 1150-солагии сардафтари адабиёти классики тоҷику форс Абӯабдуллои Рӯдакӣ ва Cоли бузургдошти забони тоҷикӣ, соли 2009 – соли гиромидошти Эмоми Аъзам ва дигар ташаббусҳои фарҳанги бо шукуҳу ҳашомоти хоса ҷашн гирифта шуданд.
Идеяи миллӣ ҳаёти иҷтимоиро мустаҳкам мегардонад ва аҳолӣ мувофиқ ба он рафторашонро ба роҳ мемонанд. Идеяи миллӣ дар асоси назария ва консепсияҳои гуногуни иҷтимоӣ, нуқтаи назари файласуфҳо, сиёсатмадорон, психологҳо, ҳуқуқшиносон, сотсиологҳо ва дигар ҷомеашиносон вобата ба мақсади армонҳои миллат сохта мешавад. Он фикри дастҷамонона ва орзӯи якҷояи миллат буда, барои расидан ба ин идея муштаракона кушишу талошҳояшонро дареғ намедоранд. Идеяи миллӣ одамонро муттаҳид месозад ва барои расидан ба мақсади муайян ба як самт равона месозад.
Идеяи миллӣ бояд ҳамеша арзишҳо ва орзую амолҳои мардум ё миллатро дар худ инъикос намоянд, вагарна рисолаташро анҷом дода наметавонад. Идеяи миллӣ бояд бархурди дарди мардум бошад, ҳалли мушкилотҳои асосии миллатро таҷассум намояд, ба шуури миллӣ ва ҳувияти миллӣ мувофиқ бошад. Ҳувияти миллат бо мустаҳкамӣ ва устувории унсурҳои ҳастии он: забон, фарҳанг, таърих, иқтисод, ҳудуд, психология, урфу одат, анъанаҳо ва дигар арзишҳои миллӣ алоқамандӣ дорад. Расидан ба худогоҳӣ ва хештаншиносии комилу ҳаматарафаи миллӣ истиқлолияти фикрию фитрии шаҳрвандонро талаб менамояд.
Бузургтарин арзиши иҷтимоӣ ва унсури асосии идеяи миллии мо адолати иҷтимоӣ аст. Ҳарчанд ин мафҳумро ҳар як шахс ба таври худ мефаҳмад, аммо адолати иҷтимоӣ хусусияти махсуси шуур ва рафтори шаҳрвандон мебошад. Онҳо муносибати атрофиёнро нисбат ба худ аз нуқтаи назари адолати иҷтимоӣ арзёбӣ менамоянд. Пас, ҳангоми коркарди идеяи миллӣ адолати иҷтимоиро ҳатман ба инобат гирифтан лозим аст. То арзишҳои демократия (ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шахс, озодии интихоб, баробарии ҳама дар назди қонун ва амсоли ин)-ро, ки дар идеяи миллиамон мақоми шоиста доранд, дар дар воқеияти иҷтимоӣ амалӣ нагардонем, дар эъмори ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мегардем.
Тоҷикон халқи қадима, сулҳпарвар ва таҳаммулпазир ҳастанд, ҳамеша бо ҳамсояҳои худ дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ мезистанд. Ҳама давру замон ҳуқуқу озодиҳои дигаронро эҳтиром менамуданд. Шояд аз ин сабаб, натсионализми миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ҳамчун неруи азими сиёсӣ ва иҷтимоӣ истифода нашудааст. Фикр мекунам, ки бо ин иллат халқи тоҷик пас аз суқути Cомониён 1100-соли дигар соҳиби давлати миллии худ шуда натавонист. Аммо ин андеша маънои онро надорад, ки халқи тоҷик ватандӯсту миллатдӯст набуданд ва нестанд. Таърихи халқи тоҷик таърихи мубориза ва дифоънамои аз фарҳанг, забон, арзишҳо ва ҳувияти миллӣ мебошад. Заминаҳои фарҳангӣ ва ҳувияти миллӣ аст, ки дар вазъияти буҳрони иқтисодӣ ва камбизоатӣ низ ҳисси таҳаммулпазирии миллати тоҷик боқӣ мондааст. Халқи тоҷик ба таҳаммули тарзи ҳайёти халқи дигар омодаанд, бо муносибатҳои дӯстона ва ризоият бо дигарон ихтиёрона зиндагӣ менамояд. Таърихи нав тоҷиконро дар сарзамине ҷамъ овард, ки бо онҳо халқҳои дигар низ умр ба сар мебаранд ва тақдири худро ба такдири халқи тоҷик пайвастаанд.
Ҷомеашиносон ҳадс мезананд, ки коркарди низоми нави фарҳангӣ ё идеяи миллӣ халогии маънавии ҷомеаи моро бартараф намуда, роҳи дурусти инкишофи кишварамонро нишон медиҳад. Айни замон муҳим он аст, ки ҳангоми арзёбии идеяи милли ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ва манфиатҳои миллӣ дар зинаи аввал гузошта шавад, идеяи миллӣ ба ҳаёти муътадилу солими мардуми тоҷик тавъам бошад ва манфиатҳои миллӣ аз манфиатҳои гурӯҳӣ ё шахсони алоҳида болотар истад. Зиёиёни кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки тавассути ВАО, маориф ва илм дар эҳёи фарҳанги ориёӣ, ҳувият ва худшиносии миллӣ, ҳамзистии осоиштаи мардум, барқароршавии принсипҳои таҳаммупазирӣ ва демократикунонии ҷомеа саҳми калидии хешро гузоранд.
Давлатҳои муосир баҳри ҳифзи муқаддассоти миллӣ ва арзишҳои фарҳангии хеш, пешгирии оқибатҳои хатарноки раванди ҷаҳонишавӣ роҳу усулҳои муассиреро ҷустуҷӯ менамоянд. Аз ин рӯ, дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ баланд бардоштани худшиносӣ ва ҳуввияи миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Барои аҳли маърифат, хусусан олимон, файласуфон, ҷомеашиносон, сиёсатмадорон, рӯҳониён, зиёиён ва қишрҳои дигари ҷомеа ҳимоят аз истиқлол, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Роҳу воситаҳоеро кор карда баромадан лозим аст, ки фоидаи ҷаҳонишавӣ аз хатараш бештар гардад, зеро ҳамгироии миллӣ дар асоси фарҳанг ва ҳувияти миллӣ пойбарҷост.
Таърих гувоҳ аст, ки кишвари мо, халқи мо қодир аст душвориҳои вазнинтаринро паси сар кунад. Мо боварӣ дорем, ки дар заминаи эҳтиром гузоштан ба арзишҳои фарҳангии аҷдодӣ, инъикоси арзишҳои миллӣ ва унсурҳои муҳими раванди ҷаҳонишавӣ дар идея ва ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани сатҳи шуур, маданияти ҳуқуқӣ ва рӯҳияи таҳаммулпазирии шаҳрвандон халқи худро мутаҳҳид намуда, ҷомеаи воқеан ҳуқуқбунёд ва шаҳрвандиро бунёд намуда метавонем.
Сардори шуъбаи пажуҳиши исломи муосир Баҳромбеков В.А.