Таҳдиди ифротгароии хушунатомез ба ҳувийяти фарҳангӣ ва миллӣ (ДАВОМ ДОРАД)

Ташаккули равандҳои ҷаҳонишавӣ дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятии замони муосир, аз як ҷониб, ривоҷи рӯйафзуни падидаҳои номатлуби хусусияти ифротӣ, аз ҷумла ифротгароии динӣ дошта, ба ҳувийяти фарҳангию миллӣ ва истиқлолияти давлатии миллатҳо, бахусус миллатҳои рушдкунандаю қафомонда, метавонад таҳдид намояд. Қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мекӯшанд аз ин равандҳо ба манфиатҳои хеш истифода баранд, то ки ин кишварҳо дар ҳолати бозмондагӣ қарор дошта, аз нигоҳи иқтисодӣ ва сиёсӣ ба ин қудратҳо вобаста боқӣ монанд. Агар ҷаҳонишавӣ ҳамчун як падидиаи таърихӣ-табиӣ дар натиҷаи ташаккули тамаддуни иттилоотӣ ба вуҷуд омада бошад, вале ифротгароии динӣ як падидаи сунъӣ буда, он асосан аз ҷониби гурӯҳҳои сиёсии қудратхоҳ ва қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ ба хотири пиёда сохтани ғаразҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодии худ роҳандозӣ мегардад. Падидаи ифротгароӣ аз ҷониби ин нерую қудратҳо одатан аз тариқи дин, ки дар бисёр кишварҳо, бавижа мамолики суннатӣ, ки дар шуури мардум дин мақоми устувор дораду объекти таваҷҷуҳи қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ мебошанд, сурат мегирад ва пайванди ифротгароӣ бо дин ифротгароии диниро ташкил медиҳанд. 

       Аз таҷрибаи таърихӣ пайдост, ки ифротгароии динӣ муҳитарин ва ғайриинсонтарин шакли ифротгароӣ буда, моҳияти онро хушунатомезӣ ташкил медиҳад, зеро он ба эътиқоди динӣ робитаи бевосита дошта, хусусияти сакралӣ (қудсӣ) дорад. Аз ин нигоҳ, хушунат унсури таркибии ифротгароӣ мебошад ва он дар ҳолатҳои муайян, дар шакли терроризм зуҳур меёбад. Аз ин рӯ, хушунат ҳамчун унсури таркибии ифротгароӣ бо терроризм ҳаммаъност.

Аммо солҳои охир дар луғати сиёсии Ғарб таҳавул (тағйирот)-и луғавӣ ба вуҷуд омадааст, ки ба истилоҳи «ифротгароӣ», ки маънои хушунатро низ фаро мегирад, истилоҳи «хушунатомез»-ро низ илова намуда, бо ҳамин  кӯшидаанд, ки «ифротгароии хушунатомез»-ро умуман аз ифротгароӣ ҷудо созанд. Ба андешаи мо ин ҳадафи муайяни сиёсӣ дорад. Ба назари мо моҳияти ин ҳадафи сиёсӣ дар он ифода меёбад, ки ашхоси ба тарғиботи ифротгароӣ машғул бадаро то замоне ки ин онҳо ба амалиётҳои террористӣ бевосита даст назананд, на бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашид. Дар ин маврид гунаҳкор кардани давлатҳои объекти манофеи геосиёсӣ будаи қудратҳои ҷаҳонӣ ба «вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон», «маҳдудсозии эътиқоди динӣ» ва ғайраро низ хеле осон мегардад ва барои тарғиби ифротгароӣ заминаҳои ҳуқуқӣ ба вуҷуд меоянд. Хулоса, истилоҳи «ифротгароии хушунатомез» тарғибгарони ақидаҳои ифротгароиро, ки бевосита дар амалиётҳои террористӣ ширкат накардаанд, аз ҷавобгарӣ озод менамояд, ки ба манфиати қудратҳои ҷаҳонӣ мебошад. Ин тағйироти луғавӣ ба онҳо имконият медиҳад, ки бо усули мағзшӯӣ кардани ҷавонон андешаҳои ифротгароиро дар зершуури онҳо ҷойгир созанд. Вале барои ин амал касе ҷавобгар нест. Чуноне ки гурӯҳҳои ифротии «Толибон»-ро дар Афғонистон ва «Давлати исломӣ»-ро дар Сурияю Ироқ ташкил карда, баъди ҳадафҳои геосиёсии худро амалӣ сохтан ин гурӯҳҳоро ба ифротгароии хушунатомез гунаҳкор карда, зоҳиран ба онҳо мубориза эълон намуданд, аммо таъсисдиҳандагони ин гурӯҳҳои террористӣ бошанд дар паси парда «бе гуноҳ» боқӣ монданд ва то кунун ба тарғиби ифротгароӣ ва ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ машғуланд. Айни ҳамин тарзи арзёби гардидани истилоҳи «ифротгароии хушунатомез»-ро аз ҷониби қудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ дар пуштибонӣ кардани сарварони ТЭТ ҲНИ метавон мушоҳида кард. Ҳарчанд ТЭТ ҲНИ аз ҷониби баъзе ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эътироф гардидааст, вале аз ҷониби қудратҳои Ғарбу Эрон пуштибонӣ ёфта истодааст. Сарварони дар кофтукоби ҷиноятӣ қарордоштаи ТЭТ ҲНИ то имрӯз бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ бар муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиботи зиддидавлатӣ мебаранд ва аз нияти интиқол додани «инқилоби исломӣ» ба Тоҷикистон ва таъсиси «Давлати исломӣ» даст накашидаанд. 

Ҳамин тариқ, дар луғати сиёсии Ғарб ба ҷои истилоҳи «ифротгароӣ» ворид гардидини истилоҳи «ифротгароии хушунатомез», ки имрӯз дар доираҳои илмӣ истифода мешавад, як усули ҳимоя крдани ифротгароён дар кишварҳои мусулмонӣ мебошанд. Ин тағйироти луғавӣ ба созмонҳои ба ном «ҳуқуқи башар» имкон медиҳад, ки аз ҳизбу ҳаркатҳое, ки дар кишварҳои мусулмонӣ фаъолияти сиёсӣ-динии ифротӣ мебаранд ва гумоштагони қудратҳои ҷаҳонию минтақавианд, ҳимоят намоянд. Бинобарон, вақте ки фаъолияти экстремистӣ-террористии ягон ташкилоти сиёсӣ-динӣ дар кишваре аз ҷониби давлат манъ карда шавад, аз ҷониби ин ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳатто ҳукуматҳои қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ маъракаи «сафедкунӣ»-и ин ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ ва «бадномсозӣ»-и давлатҳои манъкунандаи фаъолияти ингуна ташкилотҳои ифротгароӣ оғоз меёбад. Масалан, вақте ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти экстремистӣ-террористии ТЭТ ҲНИ-ро манъ намуд, баъзе ташкилотҳои байналмилалии номбурда ва ҳукуматҳои қудратҳои ҷаҳонию минтақавие, ки дар Тоҷикистон манфиатҳои геосиёсӣ доранд, Ҳукумати Тоҷикистонро бо «маҳдудсозии озодиҳои дини»-и диндорон айбдор намуда, ҳизби мазкурро ҳимоя ва ба роҳбарони фирории он паноҳгоҳи сиёсӣ доранд. Айни ҳамин ҳолат нисбати созмонҳои экстремистӣ-террористӣ дигар низ ҷой дорад. Дар ин маъракаи «сафедкунӣ» нақши рӯзноманигорон низ кам нест.

        Бояд таъкид  намуд,  ифротгароӣ худ табиатан падидаи хушунатомез аст, онро ба «ифротгароии хушунатомез» ва «хушунатноомез» тақсим кардан мувофиқи мантиқ нест. Агар ин ё он ҳаракат ё ташкилот «хушунатноомез» бошад, пас вай ифротгаро низ нест. Манфиатҳои миллии мо тақозо менамоянд, ки нозукии ин масъала ҳангоми баҳодиҳӣ ба фаъолияти тарғиботии ашхос ва гурӯҳҳои ифротгарои сиёсӣ-динӣ бояд ба инобат гирифта шавад.

Ҳамзамон, ба андешаи мо, нисбати ҳизбу ҳаракат ё ташкилотҳои хусусияти ифротгароии динӣ дошта на истифодаи истилоҳи «динӣ-сиёсӣ» (масалан, ҳизби динӣ-сиёсии наҳзати исломӣ), балки истифодаи истилоҳи «сиёсӣ-динӣ» (масалан, ташкилоти сиёсӣ-динии наҳзати исломӣ) бештар мувофиқ аст. Зеро дар фаъолияти ингуна ҳизбу ташкилотҳои ифротгарои динӣ ҳадафҳои сиёсӣ нисбат ба ҳадафҳои динӣ аввалият ва афзалият дошта, ҳадафҳои динӣ тобеъи ҳадафҳои сиёсианд ва дин танҳо василаи пиёдасозии мақсадҳои сиёсӣ мебошад. Дар фаъолияти ингуна ташкилоту ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ-динӣ баръакс дин арзиши инсонии худро гум мекунад ва ба як падидаи зиддибашарӣ табдил меёбад.Хулоса, дар робита ба тағйир ёфтани вазъи сиёсии ҷаҳони муосир ва таносуби қувваҳои сиёсӣ дар арсаи ҷаҳонӣ луғати сиёсӣ ва истифодаи он дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва баҳодиҳӣ ба падидаҳои иҷтимоию сиёсӣ низ тағйир меёбад. Бинобарон ҳар миллату давлат бо назардошти манфиатҳои миллӣ-давлатии худ бояд аз он истифода барад, на ин ки тақлидкорӣ намояд.

Масъалаи таҳдиди ифротгароии диниро ба ҳувийяти фарҳангию миллии мусулмонон, бахусус мардумони эронтабор, бидуни муайян намудани сарчашмаҳои ақидавию таърихии он таҳқиқи беғаразона кардан ғайриимкон аст. Имрӯз бисёр муҳаққиқон сарчашмаи зуҳури ифротгароии диниро дар ҷаҳони ислом дар сиёсисозии дин аз ҷониби гуруҳҳои радикалии исломӣ медонанд ва ин падидаро ба унвони «исломизм» низ ном мебаранд.  Мувофиқи ин назар гӯё ислом ва исломгароии сиёсӣ (исломизм) падидиаҳои мухталифанд. Ҷонибдорони ин ақида таҳти унвони ислом дар сатҳи назария як дини тавҳидии бегона аз ҳама гуна чизҳои манфӣ, аз ҷумла зӯровариро, мефаҳманд. Зери истилоҳи «исломизм» бошад, идеологияеро мефаҳманд, ки дар ҷаҳони муосир ба таъбири ин ё он принсипҳои дини ислом такя менамояд ва як ҷараёни маргиналие мебошад, ки дар худ маҷмӯи қоидаҳо, муқаррароти муайяни муқобилеро фаро мегирад. Ва ҳар касе, ки ин идеологияро қабул надорад, мавриди табъиз (поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳо) қарор мегирад.  Хулоса, ба ақидаи ҷонибдорони ин назария ислом ва исломизм як чиз нестанд. Асоси исломро тавҳиди дақиқ, ки дар он ҳаёти динию дунявӣ ҷудонопазиранд, ташкил медиҳанд. Вале исломизм ё исломи сиёсишудаи муосир бошад, идеологияи дар шакли динӣ ифодаёфтаи қувваҳоеанд, ки динро ҳамчун василаи расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ истифода мебаранд, ки дар он ҳамоҳангии дину сиёсат ба манфиати сиёсат вайрон карда шудааст. Ин идеологияи эътироз ба муқобили секуляризм, миллатгаройӣ, ҷаҳонишавӣ ҳамчун таҷовузи тарзи ҳаёти ғарбӣ мебошад.  Ба андешаи мо, ҳарчанд ақидаи ин гурӯҳи муҳаққиқон дар хусуси он, ки исломизми муосир ҳамчун аксуламал ба даъватҳои садаи ҷаҳонишавӣ ва ба қудратхоҳии Ғарб ба вуҷуд омадааст, дар кул дуруст аст, вале исломизм ё худ сиёсисозии исломро аз ислом, бахусус исломи ибтидоӣ (бунёдӣ) ҷудо кардан он қадар қобили қабул нест.

Агар мо сиёсисозии исломро аз ислом умуман ҷудо созем, пас сарчашмаи таърихию ақидавии исломигароии сиёсиро, ки бевосита аз исломи ибтидоӣ, аз фаъолияти паёмбари ислому ҷонишинҳои ӯ, аз Қуръону Суннат ибтидо мегирад, маҳмуд месозем ва ба назар чунин менамояд, ки сиёсисозии ислом ё исломизм гӯё дар фазои холӣ ё худ аз тавсифи субъективонаи принсипҳои ислом берун омадааст. Ҳол он ки миёни исломизм ва исломи ибтидоӣ ё худ бунёдӣ, ки имрӯз сарчашмаи таърихию ғоявии идеологияи бисёр ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ-динӣ аст, робитаи бевосита вуҷуд дорад. Зеро ислом дар оғоз, пеш аз ҳама на ҳамчун падидаи динӣ, балки ҳамчун падидаи сиёсӣ, вале дар қабои дин, агар мушаххастар гӯем, ҳамчун идеяи миллии араб барои бунёди давлати муттамаркази қабоили парокандаи араб ва минбаъд хилофат (империатура)-и  араб арзи ҳастӣ кардааст. Ба тарзи дигар гӯем, ислом аз ибтидо раванди вайроншавии робитаҳои авлодӣ-қабилавӣ ва идеяи давлатдории арабро ҳамчун умумияти динӣ инъикос намудааст, ки бисёр исломшиносон ба ин ишора кардаанд  ва ин яке аз хусусиятҳои хоси ислом аст, ки онро аз ибтидо аз дигар динҳои ҷаҳонӣ фарқ мекунонад. Аз ибтидо хусусияти сиёсӣ касб кардани ислом, ба тарзи дигар гӯем, чун исломизм зуҳр ёфтани онро сарчашмаҳои исломӣ, аз ҷумла ҳадиси зерини паёмбари ислом, ки ҳанӯз соли 616 мелодӣ баён гардидааст, тасдиқ менамояд. Пайғамбар ба намояндагони қабилаи Қурайш муроҷиат карда гуфтааст: «Ман онҳоро ҷуз ба гуфтани як калимаи «ло-илоҳа-ило-л-Лоҳ» намехонам, ки ба он ҳамаи арабҳо ба Қурайш тобеъ ва тамоми Аҷам ба араб ҷизя (андози сарикасӣ) хоҳанд супорид».  Ҳадиси мазкур дар бисёр сарчашмаҳои динӣ (Ал-бидоя ван-ниҳоя; ҷ-1, с.143) ва таърихӣ (Таърихи табарӣ. Ҷ-2, Душанбе, 2014, с. 791-792) ва ғайра низ ёдовар шудааст, ки ҳамчун падидаи сиёсӣ-динӣ зуҳур ёфтани исломро тасдиқ менамояд. Дар ин хусус дигар сарчашмаҳои исломӣ низ шаҳодат медиҳанд, ки ин ҷо номбар кардани ҳамаи онҳоро зарур намедонем.     

Дар айни замон, минбаъд мутлақсозии принсипи умумияти одамон дар асоси эътиқоди динӣ дар тӯли таърихи густариш ва ташаккули ислом барои бо роҳи зӯроварӣ дар як хилофат муттаҳид сохтани халқҳои аз нигоҳи этникӣ гуногунро имконпазир гардонид, ки ояти зерини Қуръон ва мактубҳои паёмбар ба шоҳони кишварҳои дигар аз он шаҳодат медиҳанд: «Ва ваъда дод Худованд ба Шумо гирифтани ғаниматҳои дигарро, ки ҳанӯз даст наёфтаед ба гирифтани он ва Худованд ба ҳама чиз қодир аст, (яъне ғаниматҳои Форсу Румро насиби шумо мегардонад)».  Ё худ Паёмбар дар мактуби худ ба шоҳаншоҳи Эрон Хусрави Парвиз таҳдидомез навиштааст: «Ислом биовар, то дар амон бошӣ ва агар аз имону ислом сар бартофтӣ, гуноҳи миллати маҷус бар гардани туст».   Чунин далелҳо зиёданд. Вале ба далелҳои овардашуда маҳдуд гардида, иброз медорем, ки сиёсисозӣ аз оғоз ҳамсафари ислом буд ва ислом ҳамчун як идеологияи сиёсӣ-динӣ раванди бунёд ва ташаккули давлати мутамарказ ва минбаъд таъсиси хилофати арабро инъикос намуда, бо сиёсат омезиш ёфт ва тавҳидгароии ислом хусусияти космополитизми сиёсӣ касб карда, сиёсатсозӣ ба яке аз аломатҳои асосии ислом табдил ёфта, минбаъд тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро гирифт. Бинобарон хусусияти бунёдгароӣ касб кардани ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ-динии ифротии замони муосир ба мисли салафия (ваҳҳобия), Ихвонулмуслимин, Ҳизбуттаҳрир, ТЭТ ҲНИ ва дигарҳо ва даъвои онҳо оиди бозгашт ба исломи ибтидоӣ (бунёдӣ), эҳёи хилофат маҳз аз ҳамин таҷрибаю ақоиди исломи ибтидоӣ сарчашма мегирад. Беҳуда нест, ки сарвари руҳонии собиқ ҲНИТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ борҳо таъкид сохтааст, ки «ислому сиёсат айни якчизанд» ва ҳатто «Бисмиллоҳи раҳмони раҳим сиёсат аст».

Ҳарчанд, аз замони дар хилофат ба сари қудрат омадани Аббосиён аз ҷониби фақеҳҳони исломӣ ва имомони мазҳабҳо, бахусус Имоми Аъзам Абӯҳанифа, аз тариқи коркарди таълимотҳои каломӣ-фиқҳӣ ҷанбаи сиёсӣ дар ислом коҳиш ёфта, ҷанбаи динӣ дар он афзалият пайдо кард ва ислом дар зери таъсири фарҳангҳои пешрафтаи ғайриарабӣ тадриҷан ба як дину  фарҳанги хос сабзида расид, вале сиёсатсозии ислом бо сабабҳои муайян дар кулл аз байн нарафт. Аввал ин ки, ҷойгоҳи хос доштани мақсаду манфиатҳои сиёсии араб дар ислом ҳанӯз баъди реҳлати пайғамбар боиси аз оғоз ба гурӯҳои сиёсӣ ва баъдан дар ҳамин замина ба равияю фирқа ва мазҳабҳои динӣ ҷудо шудани мусулмонон гардид, ки ҳар кадоме хусусият ва ҳадафҳои сиёсии худро дошт. Намунаи барҷастаи он зуҳури  низоъҳои сиёсӣ миёни пайравони равияи суннию шиа ва хавориҷ мебошад. Дигар ин ки, муборизаҳои сиёсӣ баҳри озодию истиқлолияти халқҳо аз ҷониби  пайравони равияю фирқаҳо дар зери парчаму шиорҳои исломӣ сурат мегирифт ва ҳар кадоме  барои собит сохтани дурустии мавқеи сиёсии худ ба Қуръону Суннат такя мекарданд, чуноне ки имрӯз низ ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ-динии ифротӣ ба ҳамин усул мавқеи сиёсӣ ва қонунӣ будани фаъолияти сиёсии худро ҳақ бароварданӣ мешаванд.

Ҳамин тарик, маҳз хусусияти амиқи сиёсӣ касб кардани тавҳидгароӣ дар ислом, ки заминаи эътиқодиро барои мутлақсозии умумияти динӣ нисбат ба умумиятҳои таърихӣ-иҷтимоӣ гузошт, минбаъд муносибати ислому арабро ба халқу гурӯҳҳои этникии ғайриараб ва дину фарҳангҳои онҳо муайян намуд. Моҳияту ҳадафи ин муносибатро таҳдиду инкори дину фарҳангҳои ғайриараб ташкил медод, ки имрӯз он сарчашмаи ғоявии таҳдиди ифротгароёни динӣ нисбат ба ҳувийяти фарҳангию миллии халқҳо, чӣ мусулмону чӣ ғайримусулмон, мебошад.  

Пас саволе ба миён меояд, ки муносибати ислому араб дар оғози зуҳур ва густариши ислом нисбати хотираи таърихӣ ва дину фарҳанги халқҳои ғайриараб, ба хусус мардумони эронитабор, аз ҷумла тоҷикон чӣ гуна буд? Ҳамчунин муносибати ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ-динии ифротии исломӣ дар замони муосир, ки ҳама хусусияти такфирӣ доранд, аз кадом идея ё таълимоти исломӣ маншаъ мегирад? 

 

 

ДАВОМ ДОРАД...

 

Нурулҳақов Қамар

Яндекс.Метрика