Таҳкими ҷаҳонбинии миллӣ – замонати суботи давлат, истиқлол, пойдорӣ ва рушди Ватани азиз!

Соҳиб шудан ба давлати миллӣ орзуи чандинасраи халқи тамаддунофари тоҷик буд ва барои пойдор мондани он ҳифз намудани асолат ва арзишҳо, забон, фарҳанг, анъана ва урфу одатҳои миллӣ шарти зарурӣ ва ҳатмӣ аст.  
 
Аҷдодони мо барои ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ ва илму фарҳанги умумибашарӣ хизматҳои шоён анҷом додаанд. Заминагузори асосии илмҳои дақиқу гуманитарӣ барои башарият аҷдодони халқи тоҷику форс буданд. Имрӯзҳо аксарияти ихтирооти бузург давоми мантиқии ҳамон донишҳо мебошанд. Масалан, аксарияти ихтирооти математикии Нютон дар асоси формулаҳои математикии Хайём сурат гирифтаанд. То имрӯз китоби «Ал-Қонун»-и Сино сармашқи табибони олам мебошад. Садсолаҳо инҷониб ситорашиносони олам мадори ҷирмҳои осмонӣ ва масофаи байни онҳоро аз рўи кашфиётҳои Абӯрайҳони Беруниву Абўмаҳмуди Хуҷандӣ ва дигар донишмандони барҷастаи тоҷик чен мекарданд.
 
Агар ба осори илмии динӣ таваҷҷуҳ намоем, маълум мегардад, ки маҳз аҷдодони тоҷикону форсҳо ба дини ислом қабои таҳаммулпзироӣ пӯшонидаанд. Ҳанӯз Пайғамбари ислом (с) ба Салмони Форсӣ ишора карда, фармуда буданд, ки «Агар илм дар Сурайё бошад, фарзандони ин миллат онро дармеёбанд ва равнақ медиҳанд».
 
Нақл аст, ки дар назди Ҳорунаррашид дар бораи китобҳои ҳадис суҳбат доир гардид. Халифа аз муаллифони ин китобҳо пурсон шуд, ки кистанд ва аз куҷоянд.
 
Гуфтанд, Бухорӣ тоҷик аст ва аз Бухорост, Муслим тоҷик аст аз Нишопур, Абӯдовуд тоҷик аст аз Сиистон, Абӯисо тоҷик аст аз Тирмиз, Ибни Моҷа тоҷик аст аз Қазвин ва танҳо як нафар аз муаллифони китобҳои муътабар дар илми ҳадис араб аст. Ҳорунаррашид фармуд, агар ин кас ҳам тоҷик мебуд, девони уламоро аз байн мебурдам.
 
Дар замонҳои гузашта вақте, ки тоҷикон дар зинаҳои баландтарини илму фарҳанг қарор доштанд, аксарияти халқҳои дигар ҳамчун миллат ташаккул наёфта буданд. Шоҳиди ин гуфтаҳо осори илмӣ, фарҳангиву адабии аҷдодони мо мебошад, ки то ба имрӯз маҳфуз мондаанд.
 
Имрӯз тамоми бузургони ҷаҳон ба фарҳангу тамаддуни тоҷику форс арҷ мегузоранд ва онро гиромӣ медоранд. Масалан, Иммануил Кант Ҷалолуддини Балхиро «пайғамбари беҳамтои кишвари ишқу зебоӣ» номида, иброз менамояд, ки «Чакидаҳои қалами Мавлоно шуҳрат ва аҳамияти ҷаҳонии адабиёти тоҷику форсро боз ҳам афзунтар ва ангезаҳои рӯҳонии тамаддуни башарро боз ҳам рангинтару ғанитар гардонидааст». «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ин китоби оддӣ нест, ин як олам маънӣ аст, менависад Шекспир. Иоганн Гёте дар бораи эҷодиёти халқи тоҷику форс мегӯяд, «Ман худро дар баробари шоирону адибони онҳо ҳақир ва беарзиш мепиндорам». 
 
Мо бо тоҷик будани худ ифтихор дорем ва бояд насли ҷавонро дар рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ, асолати миллӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия намоем.
 
Ба дастовардҳои замони истиқлол назар афканда мебинем, ки Пешвои муаззами миллат дар як даврони кӯтоҳ давлати тоҷиконро дар баробари кишварҳои мутараққӣ қарор дода, Тоҷикистонро аз ҳолати ҷанги шаҳрвандӣ ба кишвари амну осоишта табдил доданд. Имрӯз тамоми олам эътироф мекунад, ки Тоҷикистон дар рӯи олам макони осоишта ба шумор меравад. 
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози сиёсӣ, иқтисодӣ, роҳ, коммуникатсия, инфрасохтори мактаб, маориф, таҳсилоти олӣ, тандурустӣ, муассисаҳои фарҳангӣ ба пояе расид, ки дар замони гузашта ҳеҷ гоҳ чунин манзалат надошт.
 
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳувияти баланди миллӣ дошта бошем, фарҳангу асолати миллии худро ҳифз намоем, бо тоҷик будани худ ифтихор дошта бошем. 
 
Ҳоло доираҳои манфиатхоҳ бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба мафкураи ҷавонони мо фикру ақидаҳои хурофотиро ҷо намоянд. Бо ин восита зина ба зина онҳоро мағзшӯӣ намуда, дар онҳо ақидаҳои эътирозиро ташаккул диҳанд. Маълум аст, ки хурофотпарастӣ ин заминаи мусоиди созмон додани рӯҳияи ифротгароии динӣ аст. Ифротгароии динӣ хатари ҳалокатвор барои давлатдорӣ, фарҳанг ва асолати миллӣ мебошад. Мисоли рӯшани ин ақидаҳои душманона барои миллат фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад. 
 
Ҳанӯз солҳои навадум омилону саркардагони ташкилотҳои ифротӣ, гурӯҳҳои ҷоҳталаб, тафриқаандозони касбӣ, фурӯхташудагон ва душманони миллат барои расидан ба манфиатҳои нопоки сиёсии хеш динро пеш оварданд, аз рӯҳу равони эътиқодии мардум хиёнаткорона суиистифода карданд. Одамони нодонро ба ҷангу гумроҳӣ кашиданд. Оқибатҳои фоҷиабори амалиёти онҳо ҷуброннопазиранд. Бозгардонии тақдири инсонҳо - ҳазорҳо оилаҳои фарзандгумкарда, падару писарталафдода ғайриимкон аст. Оқибатҳои талхи омехта сохтани дину сиёсатро дида, мо бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем, ки дин ин эътиқод аст, бояд ба сиёсат иртибот надошта бошад ва дар ягон маврид ба корҳои давлат дахолат накунад. 
 
Мо хуб дар хотир дорем, ки саркардагони ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ дар давраи муноқишаҳои марзӣ миллати моро маҳкум намуда, тоҷиконро ҳамчун мардуми ҷангҷӯ муаррифӣ карда буданд. Гузашта аз ин, ташкилотҳои террористиро дар Афғонистон ҷонибдорӣ намуда, амалҳои зиддиинсонии онҳоро дастгирӣ карданд. Зеро саркардагони ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ андешаҳои ифротӣ дошта, заррае ҳам асолати миллӣ надоранд. 
 
Метавон мисолҳои зиёдеро овард, ки симои аслии ташкилотҳои экстремистӣ ва террористиро ошкор месозанд, ки муқобили миллати тоҷик мубориза мебаранд. Аммо масъала сари ин аст, ки баъзе ҷавонони ноогоҳ метавонанд қурбони чунин ташкилотҳо шаванд. Танҳо агар мо хештаншинос бошем, манфиати давлати миллии хешро аз ҳамаи манфиатҳои дигар авлотар дарёбем, якдилу яктану якмаром бошем, ояндаи фоҷиабори парокандагиро дарк намоем, ба қадри истиқлол ва якпорчагии сарзамини худ расем, хурофотзадагиву хомиву содадилиро паси сар карда тавонем, ба оромиву осудагии мамлакат ҳаргиз осеб нахоҳад расид. Бинобар ин, зарур аст, ки мардум, махсусан, ҷавонон ғаразҳои чунин ташкилотҳои террористӣ ва нақшаҳои ғаразноки онҳоро донанд.
 
Мо бояд хатару оқибатҳои тафаккури ифротгарои динӣ ва гурўҳҳои ифротиро дарк намуда, ба муқобили онҳо муборизаи қатъӣ ва фарогирро ба роҳ монем, зеро онҳо на танҳо ба давлат ва сохти конститутсионии мо, балки ба рўзгори ободу осудаи мо, ба тарзи зиндагии шахсии ҳар яки мо, ба хонаву молу мулки ҳамаи мо, ба модару хоҳари ҳар яки мо, ба зану фарзанди ҳар яки мо бевосита таҳдид мекунанд.
 
Ин офат мисли оташи фарогир ва ё сели харобиовар аст, ки агар бо талоши ҳамагонӣ пешаш гирифта нашавад, ҳамаи мо, бе истисно қурбонии он хоҳем шуд. Аз ин рў, мубориза бо экстремизму террорзм ба манфиати шахсии ҳар яки мо, ифодагар ва ҳимоягари манфиати ҳар яки мо мебошад. 
 
Ин аст, ки бояд тамоми мардум дар ин мубориза муттаҳид шаванд ва на танҳо наҷоти давлату миллат, балки наҷоти худ, оилаи худ ва зану фарзанди худро таъмин намоянд. Ин аст, ки мубориза бо ифротгроӣ ва гурўҳҳои ифротӣ бояд ба кори ҳамаи мардум, ба як муборизаи бузурги умумимиллӣ табдил ёбад. Ва бояд ҳар як шаҳрванд, новобаста аз касбу кор, новобаста аз синну сол ва новобаста аз мавқеи сиёсию иҷтимоии худ дар ин муборизаи бузург, дар ин набарди муқаддас ва дар ин муборизаи ҳаёту мамот саҳм гузорад. 
 
А.Ваҳобзода - муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яндекс.Метрика