Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад.
16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XV1 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон—рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳар сол, Рӯзи 24-уми ноябр, мо дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ҷашн мегирем.
Имрӯз доир ба шаклу андоза, маънии рангҳо, тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи тамоми шабакаҳои телевизиону радио, сомонаҳои интернетӣ, саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуоти даврӣ ба таври васеъ иникос карда мешавад.
Имрўз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.
Таҳқир ба парчам ё ливои давлатдорӣ ин таҳқир ба миллат аст. Душманон дар баробари кӯшиши нест кардани забон, фарҳанг, маданият, урфу одат тамоми қувваро баҳри он равона мекунанд, ки парчамро низ аз байн баранд. Зеро нест кардани парчами миллӣ нишонаи шикасти давлатдорӣ ва фоҷиаи миллӣ ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин, дар қонунгузории ҷумҳурӣ аз ҷумла, дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳқир ба рамзҳои давлатӣ ҷазо татбиқ карда шудааст. Аз ҷумла, дар моддаи 4831. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми набудани аломати ҷиноят, - ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №717).
Ва дар моддаи 342 Кодекси ҷиноятӣ таҳқир кардани рамзҳои давлатӣ - бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад. (қҷт аз 17.05.04 №35)
Ҳ.Шокиров - мутахассиси пешбари шуъбаи итиллоот ва ташхиси диншиносӣ