Таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ дар Маркази исломшиносӣ

Санаи 21-уми ноябри соли равон, дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ, маҷлиси ботантана баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим, муовинон ва тамоми кормандони Маркази исломшиносӣ иштирок доштанд.
Нахуст, муҳтарам Холиқзода Абдураҳим дар бораи аҳамияти Парчами миллӣ, рамзҳои давлатӣ, омӯзиши ғояҳои муттаҳидкунандаи Парчами миллӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи рамзҳои давлатии ҶТ” суҳбат намуда, андешаҳои худро ба таври мухтасар чунин баён дошт: “Парчам дар таърихи давлатдории мардуми тоҷик нақши бориз дошта, он ҳамчун муқаддасоти миллӣ эътироф ва то ба имрӯз ба он эҳтиром гузошта мешавад”.
“Ҳар як ҳодисаҳои таърихие, ки мо аз гузаштаи Халқамон мебинем, Парчам ҳамчун унсури муттаҳидкунандаи мардум буда, барафрохтани он маънои тавононӣ ва қудратро дошт. Анъанаи барафрохтани Парчам, анҷом додани як теъдод маросимҳо дар ҷашнҳои миллӣ яке аз суннатҳои деринаи таърихии Халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, то ба имрӯз онро идома дода истодаанд".
Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки савганд ёд кардан дар пеши Парчам, бӯсидани ва барафрохтани он дар чорабиниҳои расмии давлатӣ баёнгари он аст, Парчам дар фарҳанги миллии тоҷикон мақом ва нақши хосси худро дорад...
Дар фарҷом, директори Маркази исломшиносӣ Холиқзода Абдураҳим бори дигар тамоми мардуми Тоҷикистон, ба вижа кормандони Марказии исломшиносиро ба Рӯзи Парчами миллӣ табрику таҳният гуфта, таъкид намуд, ки мо мардуми тоҷик бояд зери ғояҳои Парчами миллӣ ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид бошем.
Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика